logo

иқтисод

САНОАТ. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!

Аз таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта бармеояд, ки таъмини  соҳаҳои аграрӣ бо таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ба рушди онҳо ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ мусоидат менамояд. Сирри босуръат пеш рафтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноат дар Чин бо рушди техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ алоқамандии зич дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ истифодаи босамари дороиҳои  ғании ашёи хоми кишоварзӣ ва қувваи кории мавҷуда нақши муҳим мебозад. Дар ин ҷода барои равнақ бахшидани пешравиҳо дар  соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди он рушди саноати таҷҳизоти истеҳсолӣ аҳамияти калон дорад. Дар ҳолати кам будани таҷҳизот аз замин ҳосили дилхоҳ гирифта намешавад ва қувваи кории зиёд бесамар истифода мегардад. Ин масъала бо дигар соҳаҳои хоҷагии халқ алоқаи зич дорад, ки барои онҳо маҷмӯи васеи маҳсулоти кишоварзӣ ё ашёи хоми истеҳсол дуруст  ба кор бурда намешавад. Аз ҷумла,  як қисми зироати пахта, мева ва маҳсулоти чорво талаф меёбад. Нисф зиёди корхонаҳои соҳаи истеҳсоли гӯшту шир таъминкунандаи асосии талаботанд, аммо дар биноҳои куҳна ва ба талаботи замон ҷавобгӯнабуда ҷойгиранд. Тақрибан  20 - 25 дарсади онҳо таъмири асосиро тақозо мекунад.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як қисми маҳсулоти саноатӣ махсусан  барои соҳаи кишоварзӣ тавлид меёбад. Аз ҷумла, техникаю маводи истеҳсолӣ дар ҷойи аввал  меистад. Ҳамин аст, ки  истеҳсолоти кишоварзӣ беш аз чоряки қувваи кориро фаро мегирад.  Аз ин рӯ, ба роҳ мондани корҳои таъмирӣ дар бахшҳои саноати техникаю таҷҳизот, ки маҳз ҷиҳати  тавсеаи истеҳсолоти кишоварзӣ, хусусан киштукор, шинондани тухмӣ,  дастрасӣ ба нуриҳои минералӣ, механикикунонии кори деҳқон равона гардида, метавонад дастовардҳои истеҳсолиро дар ин бахш бамаротиб афзун гардонад. Ба ғайр аз ин, ашёи хоми кишоварзӣ фаровон шуда, хароҷоти кори деҳқонон коҳиш меёбад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки як бахши асосии истеҳсоли саноатиро барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолоти кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он ҳамчун як тағйироти муҳим дар кишвар ба роҳ мондан зарур аст.  Яъне, саҳми ҳар як соҳаи алоҳидаи дар системаи истеҳсоли захираҳои озуқаворӣ ва маҳсулоти дигар  аз ҳисоби арзиши иловашуда бояд бо нархи моли харидшуда ба ҳисоб гирифта шавад.
Таъмини хоҷагиҳо бо намудҳои асосии техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 30 дарсади  талаботи кишоварзон гувоҳи суръати пасти раванди истеҳсолоти кишоварзист. Бисёри мошинҳои ҳозир  истифодашаванда куҳнаю фарсуда буда, иқтидори даркориро гум кардаанд. Аз ин рӯ, парки мошину тракторҳои комплекси агросаноатӣ амалан пур карда намешавад, коэффисиенти нав кардани техникаҳо ба ҷои 12 – 15 дарсади солона ҳамагӣ  05 – 1 дарсад иҷро мешавад. Бо чунин сатҳи пасти таъминот, сарбории техникаҳои кишоварзӣ ба ҳар 100 гектар 2 адад рост меояд. Ин нишондиҳанда  дар Россия 7 адад,  ИМА 36, Британияи Кабир 82 ва  Ҷумҳурии Федеративии Олмон 115 ададро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, сатҳи пасти таъминоти  корхонаҳои соҳаи техникабарории бахши  кишоварзии мамлакат бо таҷҳизоти нав боиси аз раванди истеҳсолоти босуръати замон дур мондани зироатҳои кишоварзӣ гардидааст. Ин ҳолат ба пастравии истеҳсолоти соҳа  ва баландшавии хароҷоти он, аз ҷумла меҳнати зиёди камсамари инсонӣ, оварда расондааст. Бинобар ин, беҳтар аст, ки барои мусоидат ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва танзими  хариди таҷҳизот аз ҳисоби саноати ватанӣ,  қонуни фаъолияти лизингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. Ҳамчунин, ҷудо кардани маблағ бо ин мақсад барои хариди таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ шарти зарурист. 
Беҳтар намудани раванди сармоягузориҳо барои рушди саноати таҷҳизоти истеҳсолӣ  ба истифодаи самараноки захираҳои моддию  меҳнатӣ  ва сарфаи молияи давлатӣ мусоидат менамояд. Ҳоло истифодаи самарабахши парки мошину тракторҳо тавассути таъмиру муҷаҳҳазгардонии онҳо бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъала ба шумор меравад. 
Дар шароити ҳозираи пешрафти соҳаи кишоварзии ҷаҳон барои хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ зарурати истифодаи технологияҳои нав ва аз  мошину таҷҳизоти куҳна даст кашидан пеш омадааст. Вазъи кунунии техникаю мошинолоти кишоварзӣ имкон намедиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазир ва барои такрористеҳсолӣ мувофиқ  тавлид ёбад. Яке аз вазифаҳои мақомоти идораи кишоварзӣ ташкили механизми иқтисодӣ ва татбиқи барҷастаи дастоварду кашфиёти илмӣ тариқи  дастгириҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Татбиқи натиҷаҳои илмӣ низ  дар технологияҳои мушаххас бояд сурат гирад ва бо интегратсияҳои илму  амалия ба рушди саноати таҷҳизоти истеҳсолкунандаи ватанӣ, ҳамчун омили асосии пешравии истеҳсолоти аграрӣ равона гардад. Ҳукумати кишвар ин навовариҳоро барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он бояд дастгирӣ намояд.

Фаррух АБДУВОСИЕВ, коршиноси масоили иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2019    №: 211    Мутолиа карданд: 329
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед