logo

сиёсат

НИЗОМИ ДУНЯВӢ. ИНТИХОБИ ДУРУСТ ВА МАНТИҚӢ

Ҷаҳони имрӯза бо хатару мушкилоти глобалӣ, назири тундгароӣ, ифротгароӣ, бунёдгароӣ ва даҳшатафкании динӣ - мазҳабӣ, мувоҷеҳ аст. Аз тарафи дигар, бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хашин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, алалхусус дар кишварҳои мусулмонӣ, гардидааст, давлат ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Ин нукта ҳам муҳим аст, ки истифодаи абзорӣ аз диёнати мусулмонӣ, парокандани тухми кинаву адовати мазҳабӣ, нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми минтақаҳои Ховари Миёна барои таҳиягарони сенарияҳои сиёсӣ ҷузъи барномарезиҳои вижа маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллии мардум низомҳои динӣ - мазҳабӣ дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд ва сохтори сиёсӣ бар асоси сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ роҳандозӣ мегардад.
Аммо низоми давлатдории дунявӣ, ки тайи зиёда аз сад соли ахир дар фазои мамолики мутамаддини ҷаҳонӣ мустақар аст, ба унвони муътадилтарин низоми сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданӣ шинохта шуда, аз ҷониби башар мақбул ва писандида шудааст. Гузашта аз ин, мардуми мутамаддини ҷаҳон ба низоми дунёмадорӣ ё ба истилоҳ, секуляризм одат кардаанд ва муваффақияту комёбиҳои башарро ба ин навъ системаи сиёсӣ ва давлатдорӣ марбут донистаанд. Баръакси ин низом, системаи мудирияти динӣ ва мазҳабӣ (манзур низоми динӣ - мазҳабӣ аст, ки тасаллути ҳукумати динӣ бар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоиро таъмин мекунад), ки феълан дар иддае аз кишварҳо арзи ҳастӣ мекунад, мунҷар ба бурузи силсилаи мушкилоти ақидатӣ, фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ гардидааст. Дар ин навъ низомҳо, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва ҳукумат аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Дар системаи клерикалӣ - динӣ на қонунҳои дунявӣ, балки шаръиёти динӣ ба унвони меъёри сохторӣ ва давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд. Ҳарчанд ки баъзе аз давлатҳои динӣ ва мазҳабӣ худро зоҳиран ба замон ва муқтазиёти замонӣ мутобиқ кардаанд (намояндагони аршади ин навъ ҳукуматҳо либоси муосири аврупоӣ ба бар мекунанд, ба таври мудерн суҳбату муколимот анҷом медиҳанд, дар ҳуҷраву офисҳои замонавӣ кору фаъолият менамоянд), ҳоло ин маънои онро надорад, ки ба замон ва ба истилоҳ, модернита (таҷаддуд) гироиш пайдо кардаанд. Мутаассифо на, ин қабил давлатмардони низоми сиёсии динӣ ва мазҳабӣ таҷаддудгаройиро ба сифати меъёри зоҳирӣ ва фиребо истифода бурда, дар пасманзари модернита барномарезиҳои вижаи худро амалӣ месозанд.
Тавре таъкид кардем, дар муқобили системаи динӣ ва клерикалӣ низоми сиёсии дунявӣ қарор дорад. Сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун фактор ва омили давлатсозӣ сарфи назар мекунад ва тавассути роҳандозӣ намудани тадобири муассири давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ сатҳи огоҳиҳои мардумиро боло бурда, ҳузуру нуфузи чашмгири ҷомеи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданиро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмин мекунад. Барои сарфи назар кардани ҳузуру нуфузи ниҳодҳои динӣ ва мазҳабӣ дар умури давлатӣ давлат ва ҳукумати дунявӣ далелҳо дорад ва давлатмардони низоми давлатдории дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонанд, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару масҷид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунанд. Аксари мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ – дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи аврупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.
Аз таърих медонем, ки бо сабаби камогоҳӣ ва ҷаҳолатпарастӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои миёна хирадситезӣ дар фазою муҳити иҷтимоӣ ҳукмфармо буд. Хирадситезӣ ибтидо дар маркази хилофати динӣ - Бағдод рӯи кор омада, минбаъд Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дигар сулолаҳои туркӣ - муғулӣ онро идома доданд. Таърихи иҷтимоии кишварҳои исломӣ баёнгари он аст, ки давлат ва ҷомеаҳои исломӣ, аксаран дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро ин тавр ироа кардааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад».
Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ - теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ - мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷомеаҳои мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир, ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва суннати динӣ дарёфта, дар ин замина роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба «исломи ноб» талаққӣ намудаанд (мутаассифона, ин андеша имрӯз ҳам мадди назари раҳбарони созмонҳои сиррӣ ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад), ки роҳи ифротишавӣ ва тундгаройии диниро барои насли ҷавон ҳамвор сохт.
Хушбахтона, давлати мо зиёда аз 28 сол боз ба сӯи низоми давлатдории дунявӣ дар ҳаракат аст ва мардуми тоҷик аз ин интихоби дурусту мантиқӣ зарар надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ҷониби фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ равон мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар мабнои баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар шароити ибодат, фароғату истироҳат ва шуғлу таҳсил таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни табақаҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ - этникӣ, бовармандони динӣ ва ҳаводорони созмонҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоваранд.
Ҳамин тариқ, интихоб намудани низом ва системаи давлатдории дунявӣ қадами аввал ва нахуст аст дар ҷодаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумимиллӣ ва башарӣ. Қадамҳои баъдӣ саъю талоши фаровон варзидан дар роҳи татбиқи барнома ва стратегияҳои давлатӣ мебошад, ки бар мабнои ҳамзистӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ устувор шудаанд. Албатта, барои ба ин дараҷаи рушду тараққӣ  расидан зиёд заҳмат кашидан лозим аст. Ин аст, ки давлат дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки дар қолабҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ инсиҷом меёбанд, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва аҳолӣ иқдом меварзад. Аз тарафи дигар, тағйироти сифатӣ ва таҳаввулоти фикрию маданӣ аслу моҳияти низоми давлатдории дунявиро ташкил медиҳад ва бо боло рафтани сатҳи дониш ва беҳтар шудани сифати огоҳиҳои мардумӣ ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии насли наврасу ҷавони ҷомеаҳо ташаккул меёбад.

Н. НУРОВ, устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2019    №: 211    Мутолиа карданд: 294

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед