Хабарҳо
Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид
Daily Star. Дар ду рӯз бар асари тӯфони «Булбул» дар мамлакат 26 тан ҳалок шуд.
Афтидани дарахтҳо ва фурӯравии хонаҳо аз сабабҳои бевоситаи марги одамон ном бурда мешаванд. Баъзеҳо ҳангоми обхезӣ ғарқ гаштаанд. Ғайр аз ин, 51 моҳигир ба рӯйхати бедаракшудаҳо сабт шудааст. Онҳо огоҳсозӣ аз тӯфонро сарфи назар карда, ба баҳр баромаданд, лекин барнагаштанд.
Тӯфони «Булбул» ба соҳилҳои Бангладеш 10 ноябр фурӯ рехт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 547