logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 40 – умин ҷаласаи Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, Франсия, 12 ноябри соли 2019

Муҳтарам Раис!
Ҷанобони олӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз мехостам ба директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле  барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи чиҳилуми Конфронси генералии он изҳори миннатдорӣ намоям.
Тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он  яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд. Таъсири манфии ин зуҳуроти глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.
Дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад. Тибқи мушоҳидаҳо, дар давоми 70 соли охир, тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфтаанд. Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир аст, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи  обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд. Дар ин замина лозим мешуморем, ки ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар  Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст. Кишвари мо дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси ҷаҳонӣ, алалхусус дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст.
Ташаббусҳои мо дар ин ҷода ба эҷоди як платформаи васеъ барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои бештар мусоид ва оқилонаи ҳалли мушкилоти   марбут ба захираҳои об нигаронда шудаанд. Умедворем, ки ЮНЕСКО дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла тавассути мусоидат ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, саъю кӯшишҳои хешро идома хоҳад дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи “Раванди Душанбе”- и марбут ба татбиқи ин даҳсола тасмим гирифтааст, ки 18 - 20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дувуми Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”- ро баргузор намояд. Бо истифода аз фурсат бо камоли майл иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро барои ширкати фаъол дар конфронси мазкур даъват менамоям.
Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон  ҷойи 135 - умро ишғол менамояд. Ҳаҷми партовҳои газҳои парникӣ (гулхонаӣ) дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи кишвар дар минтақа камтар аз се фоизро ташкил медиҳад.
Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёри маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки  яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки асоси сектори энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98 фоизи қувваи барқи мо истеҳсол мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим мехостам пешниҳодҳои зеринро ироа намоям:
1) Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди  “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад.
2) Кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидати ҳамаҷониба намоянд.
3) Мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, пурзӯр карда шавад.
4) Ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ таҳким бахшида шавад. Бо ин мақсад пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад. 
5) Мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз шомил карда шавад.
6) Кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.
Изҳори умед менамоям, ки шарикони байналмилалии мо иқдомҳои минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин самтҳо пуштибонӣ хоҳанд кард.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 2035
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед