logo

иқтисод

ҲАДИСИ МУСАВВАРИ НБО "РОҒУН"

"Роғун" корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад! Бо бунёди "Роғун" мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем! "Роғун" манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод!                                                                 
Эмомалӣ РАҲМОН

Шаҳри Роғун
Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст.
Масоҳаташ - 661 километри мураббаъ. Бо ноҳияҳои Файзобод, Балҷувон, Нуробод ва шаҳри Ваҳдат марзи маъмурӣ дорад.
Соли 1976 бо назардошти оғози сохтмони неругоҳи азими «Роғун» дар ҳудуди ноҳияи Файзобод бунёди шаҳраки бинокорон сар шуд. 25 декабри соли 1986 шаҳрчаи сохтмончиён бо номи Роғун таъсис ёфта, шаҳраки Оби Гарм ҳамчун ҷамоат ба ҳайати он ворид шуд. Бозёфтҳои бостоншиносон ва номи қадимаи баъзе деҳаҳо (Камари Муғул, Қалъаи Кофар) гувоҳи онанд, ки Роғун таърихи қадима дорад. 
Иқлими Роғун муътадил аст. Оби маъдании осоишгоҳи «Оби Гарм» барои муолиҷаи асаб, рагу пай, пӯст, гурда, ҷигар, касалиҳои занона, тарбот, осехандроз ва бемориҳои дигар шифо мебахшад.
Дар минтақаҳои шаҳр пиставу бодом, дӯлона, шакунг, амрут, қаюм, себ, анҷир, олуча, гелос, нок, арғувон, арча, бушол, заранг, фарк, балар, орич, ирғай, чинор, тӯғ, санҷид, сафедор, шумтол, настаран, зирк ва дарахтони дигар, рустаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Шумораи аҳолии шаҳри Роғун беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Марҳилаи аввали сохтмони НБО “Роғун”
Марҳилаи аввали омодагӣ ба сохтмон соли 1976 ибтидо гирифт. Ҳамон сол ба мавзеи Роғун бинокорони нахустин омаданд ва ба сохтани роҳҳо, кандани нақбҳо ва бунёди инфрасохтори дигари неругоҳ сар карданд.

Авҷи бунёди иншооти сарнавиштсози миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боиси қатъ гардидани маблағгузорӣ ва ба таъхир афтодани бунёди неругоҳ шуд. Дар ҳамин ҳол норасоии неруи барқ садди асосии рушди муътадили Тоҷикистони тозаистиқлол гардид. Дар ин шароит давлат ва Ҳукумати кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои асоситарини стратегии худ ва бунёди «Роғун» - ро муҳимтарин василаи расидан ба он қарор доданд.
Иқдоми бунёд намудани «Роғун», ҷабҳаи созанда, майдони нангу номус ва имтиҳонгоҳи ҳамбастагию ғайрат эълон намудани он қарори ҷасуронаю меҳанпарваронаи Сарвари давлат аст, ки аз хираду ҳиммат, ҷавонмардӣ, ободгароию созандагӣ, заҳматпешагӣ ва тамаддунофарии азалии халқи тоҷик сарчашма мегирад.
Тоҷикистон бо фаровонии оби нӯшокӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Шаст дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Бунёди «Роғун» имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат ду баробар зиёд карда шавад.
Неругоҳ аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ дар минтақа бузургтарин (3600 мВт) ва сарбандаш дар ҷаҳон баландтарин (330 метр) аст.

“Роғун” дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса ва ҳамешагии Пешвои миллат
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди «Роғун» - ро масъалаи ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ном гирифта, дар ҷараёни сохтмон даҳҳо маротиба ба мавзеи бунёди неругоҳ сафар ва бо бинокорон суҳбатҳои самимӣ карданд.

Бонки ҷаҳонӣ: «"Роғун" аз ташхиси мукаммал гузашт»
Тибқи шартномаи байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ташхис мутахассисони варзидаю эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дар асоси озмуни байналмилалӣ интихоб шуданд. Анна Бйерде, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар ҷаласаи ҷамъбастии оммависозии натиҷаҳо изҳор дошт: «Ташхис бо ҷалби беҳтарин мутахассисону олимон, истифодаи технологияи навтарини санҷиши стандартҳои баланди байналмилалии сифат ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ гузаронда шуд».
Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро табрик гуфт ва барои бунёди ин иншооти бузург хостори барору комёбиҳо шуд.

Бастани пеши дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди беназир
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли 2016 аз соати 10 – 00 то 11 – у 30 дақиқа шахсан пушти чанбараки булдозери пуриқтидор нишаста, хоку сангро ба дарёи Вахш рехтанд ва маҷрои дарё баста шуд. Бунёди сарбанди азими «Роғун» оғоз ёфт.

Рӯйдоди таърихии ба истифода додани агрегатҳои аввал
16 ноябри соли 2018. Рӯзи таърихии ба истифода додани агрегати  якуми НБО “Роғун”. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми он ботантана ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани агрегатҳо роҳбарони кишварҳои дӯст, намояндагони дипломатии давлатҳо, қариб тамоми бинокорони «Роғун», арбобони фарҳангу адаб, журналистони бузургтарин нашрияву хабаргузориҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ахбори ба кор даромадани чархаҳои аввали неругоҳ аз тамоми хабаргузориҳои маъруфи ҷаҳон садо дод. Бунёди сарбанд то нуқтаи ниҳоии нақшавӣ ва корҳои дигари сохтмонию васлгарӣ ҷиҳати пурра ба истифода додани иншооти азими аср идома доранд.

Дӯст ва бародари азиз
Неругоҳ на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон метавонад тамоми минтақаро бо неруи барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин намояд. Алҳол яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар самти хариди неруи барқ Ӯзбекистони дӯст ва ҳамсоя аст.
Порча аз Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ   (09.03.2018, 17:52, шаҳри Душанбе):                                    
Ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобиларо роҷеъ ба рушди шарикии минтақавӣ дар истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои обӣ изҳор намуданд ва аҳамияти иншоотҳои гидроэнергетикии мавҷуда ва бунёдшавандаи Осиёи Марказиро дар ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ таъкид намуданд. Дар робита ба ин, ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро ҷиҳати баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштирок дар бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО «Роғун», бо дарназардошти риояи меъёр ва стандартҳои байналмилалии бунёди чунин иншоот, изҳор намуд.

Садҳо нафар бунёдгарони “Роғун” барои заҳмату талоши мардона дар сохтмони иншоот бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.
14  ноябри  соли  2018  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати    миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ба кор даровардани  агрегати аввали «Роғун» беш аз 100 нафар - аз коргари одӣ то экскаваторчӣ, нақбкан, васлгар, кафшергар, дуредгар, барқкор, муҳандис, роҳбари ширкати сохтмонӣ ва мутахассисони касбу кори гуногунро, ки ба нафъи давлату мардуми Тоҷикистон дар ҷабҳаи меҳнати неругоҳ содиқона заҳмат кашиданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонданд. Бо дастури Сарвари давлат беш аз 22 ҳазор бинокорони «Роғун» дар мавзеи сохтмон бо туҳфаҳои молӣ – соатҳои дастӣ мукофотонида шуданд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 1130
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед