Хабарҳо
Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест
REGNUM. Сарвазири Дания Метте Фредериксен дар саҳифааш дар Facebook навиштааст, ки хоҳиши дар қаламрави кишвараш дидани террористонеро надорад, ки баъди содири ҷиноятҳо дар Сурия ва Туркия ба Дания бармегарданд.
«Мутаассифона, бар хилофи хоҳиши мо ҳоло ҷанговарони хориҷие ҳастанд, ки ба Дания меоянд. Рӯирост ба онҳо аз ҷумла гуфтан мехоҳам, ки дар Дания аз дидори онҳо касе хурсанд нахоҳад шуд. Ба ҳар эҳтимол мақомоти дахлдор бояд омӯзад, ки оё шуморо ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст», - навиштааст Фредериксен.
11 ноябр Туркия ба Дания Аҳмад ал - Хоҷаи 28 - соларо истирдод намуд, ки соли 2013 онро тарк карда, дар Туркия барои терроризм маҳкум шудааст. Бо омадан ба Копенгаген ӯро политсияи даниягӣ боздошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 510