logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

Масъалаи интихоби ояндаи давлатдорӣ дар ҷумҳурии мо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад. Дар оғози истиқлолият, баробари мақомоти мавҷудаи сиёсӣ, ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке неруи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки бар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ фаъолият мекарданд ва дигаре рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд. Ин қувваҳои нави сиёсӣ саъю талош меварзиданд, ки ба талқини андешаҳои худ пешоҳангиро дар масъалаи муайян кардани сохти давлатдории ҷумҳурӣ соҳиб шаванд. Илова бар ин, эълони Истиқлолияти давлатӣ  вазъияти сиёсиро мураккаб гардонда, беқонунию бенизомӣ ва буҳрони шадиди конститутсиониро ба вуҷуд овард. Ин ҳолат ба беқурб шудани қонунҳои пештар амалкунанда ва ҳанӯз таҳиянагардидаи қонунҳои нав пайванди ногусастанӣ дошт. Муяссар нагаштани қабули саривақтии конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоии ҷумҳурии моро солҳои 1990 - 1992 ба вазъияти Афғонистони ҷангзада сахт монанд карда буд. Вазъи пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ҳам барои баргузор намудани ҳар гуна чорабинӣ созгор набуд.
Аз ин рӯ, даъват ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғози таҳаввулот дар сарнавишти давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Сарвари анҷумани Шӯрои Олӣ бо таъбири “Ман ба шумо сулҳ меорам” ҳамаро ҳушёру бедор кард. Аҳли толор ҳамин суханро ончунон пазируфтанд, ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ бози давлат мегӯянд. Ин шахсият Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу бовари мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад.
Пас аз ҳамин рӯйдоди муҳими таърихӣ, роҳбарияти навинтихобшудаи давлату Ҳукумат қарору фармонҳое қабул карданд, ки ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои бақои миллат зарур буданд ва умеде барои расидан ба сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар пайдо шуд. Ҳамин ҳуҷҷатҳои муҳими дар он рӯзҳо қабулшуда буданд, ки якбора имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба ваҷҳи неку тағйир доданд. Гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории дунявӣ дар Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён овард. Дар ҳамон давраи ноором ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ тасдиқ гардид ва ба кори худ шурӯъ кард. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба он посухи муътабари ҳуқуқӣ медод, мавзӯи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин буд. Хушбахтона, дар матни моддаҳои 1, 8, 26, 30 Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқии таҳияи қонунҳои вобаста ба ин самти фаъолияти шаҳрвандӣ поягузорӣ гардид.
Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар фаъолияти худ принсипҳои усулии дар моддаи 1 Конститутсия баёншударо дар матни тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бахусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин, пайгирона татбиқ кардааст. Ҳамин буд, ки ду қонуни миллӣ – "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" зина ба зина дар зиндагии мардум ҷойгоҳи худро пайдо карданд. Аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (26. 03. 2009) дар масъалаи озодии виҷдон баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистиро дар пешгуфтори худ ғунҷоиш дод. Бозгӯ намудани чаҳор принсипи асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст: якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Ин принсип танҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқи амалӣ пайдо карда метавонад. Ва он далели гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст; дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дунявият мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоию судӣ имконпазир гардад; сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Маҳз принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат фаъолияти динию фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунанда пеш баранд ва ҳамзистии комили онҳо таъмин карда шавад; чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин матлаб, ҳамчунин, далолат мекунад, ки равияҳои дигари дини ислом низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи махсус доранд. Аз ин мавқеъ, интихоби дунявият ҳамчун абзори воқеии таъмини озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, баробарӣ ва адами табъиз дар асоси гароишҳои мазҳабию эътиқодӣ муайян гардид. Сазовори гуфтан аст, ки маҳз иродаи сиёсии Пешвои миллат ва пазироии мардум бақои давлатдории дунявиро дар ҷумҳурӣ устувор кард.  

Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 281

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед