Хабарҳо
Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст
Sputnik. Теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки аз Россия моҳҳои январ - сентябри соли 2019 дидан карданд, 20,5 дарсад афзоиш ёфта, ба 4,3 миллион нафар расид, - иттилоъ додааст Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Россия.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамагӣ дар даври ҳисоботӣ аз Россия наздик ба 25,7 миллион шаҳрванди хориҷӣ дидан кард, ки нисбат ба соли қаблӣ зиёдтар аст.
Баъд аз Тоҷикистон дар ин феҳрист Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҷой гирифтаанд.
Аз ҳама бештар дар ин давра ба Россия сайёҳон аз Украина омаданд. Аз ин кишвар беш аз 6,7 миллион сайёҳ ворид шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 830