logo

Хабарҳо

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

Дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 300 варзишгари Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон мусобиқаи кушоди вилояти Бухоро оид ба таэквондо (ИТФ) доир гашт.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, таэквондочиёни тоҷик  сазовори 22 медал (13 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) гардида, аз рӯи маҷмӯи медалҳо мақоми аввалро касб намуданд.

«Хатлон» – чемпиони Тоҷикистон миёни бонувон
Дар варзишгоҳи «Пахтакор» - и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи бонувон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи вилояти Хатлон, дастаи «Хатлон» - и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат маҳорати баланд нишон дода, бо 16 ғалаба, як мусови ва як бохт  (49 имтиёз) унвони қаҳрамониро ба даст овард. Мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро тимҳои «Зебо» - и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.
Дар маросим Ашӯр Гадоев («Хатлон») мураббии беҳтарин, Худододова Некубахт («Зебонисо») бозигари беҳтарин, Меҳрона Файзуллоева («Хатлон») дарвозабони беҳтарин ва Меҳрангез Шарипова («Хатлон») нишонзани беҳтарин эълон шуданд.

Футбол. Наврасони тоҷик - беҳтарин дар Осиё
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар конфронси севуми ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала - Лумпур баргузор шуд, Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019 сарфароз гардид.
Ҷоизаро дабири кулли КФО Дато Виндзор Ҷон ва нимҳимоятгари собиқи «Манчестер Юнайтед» - и Англия ва мунтахаби Корея Пак Чжи Сун ба мудири Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков тақдим намуданд.
Ҷоизаи беҳтарин мураббии сол ба Абдулваҳҳоб Носир Ал-Ҳарбӣ, ки бо раҳбарии ӯ мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) дар чемпионати Федератсияи Ғарбии футбол ғолиб омад, супурда шуд. Академияи клуби футболи «Шандун Лунэн Тайшан» - и Чин беҳтарин академияи ҷавонони сол дар Осиё эътироф гашт.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2156
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед