logo

Хабарҳо

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Дирӯз раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо намояндагони Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон Бернт Хагенлочер, Ингрид Хофстетер ва Бернд Лайдер мулоқот кард.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз сатҳи ҳамкориҳо бо Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ баҳри вусъат бахшидани дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои арзону дастрас ба аҳолӣ, ибрози ҳавасмандӣ намуд.
Мавсуф, инчунин, оид ба татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт ва таъмини пардохти онҳо, такмили сатҳи тахассусияти кормандон, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ҷиҳати дуруст истифода бурдани қарз ва сари вақт пардохт намудани он ибрози андеша карда, гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда айни замон сандуқи қарзӣ 7 дарсад афзуда, шумораи қарзгирандагон ба 456 ҳазор нафар расидааст. Ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз 56 дарсади солҳои 2014 – 2015 ба 26 дарсад дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки ин нишондиҳанда аз зиёд гардидани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Бернд Лайдер зикр кард, ки айни замон ҳиссаи фонд дар низоми бонкии Тоҷикистон 20 дарсадро ташкил дода, бо ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСП «Бонки Арванд”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Минбаъд фонд фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, соли 2020 бо чор ташкилоти қарзии дигар дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти шарикиро ба роҳ хоҳад монд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1174

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед