Хабарҳо
Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад
«Hurriet». Президенти Туркия Реҷеп Эрдуғон дар бораи истирдоди 959 ҷангии дар маҳбасҳои туркибудаи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», аз ҷумла 23 шаҳрванди Қирғизистон қарор қабул намуд.
Ҳамчунин, аз кишвар беш аз 250 ҷангӣ, аз ҷумла 99 шаҳрванди Россия, 82 Ӯзбекистон, 29 Озарбойҷон, 21 Тоҷикистон, 10 Қазоқистон, 6 Туркманистон ва 4 Украина хориҷ карда мешаванд.
Зикр меравад, ки дар ҷараёни амалҳои зиддитеррористӣ дар ҳудуди Туркия 2 782 нафари бо «Давлати исломӣ» иртиботдошта ва 843 ҷангии ин ниҳод дастгир шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 865