logo

Хабарҳо

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Дар   меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» - и пойтахт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони   «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» форум баргузор шуд.
Дар  он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ,  вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ  ва ташкилотҳои қарздиҳӣ иштирок  намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он вазифаи аввалиндараҷаи  Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки  ҷиҳати дастгирии таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии соҳибкорон сохтори  шаҳрии Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шудааст. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади татбиқи самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳамеша омода аст, ки бо мақсади рушди соҳа бо соҳибкорони пойтахт ҳамкории  судманд ба роҳ монад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1147

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед