logo

иқтисод

ХАТЛОН. БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Кормандони  раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади таъмини сифату  бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ тайи соли равон тадбирҳои зиёди зиддиэпизоотӣ, ташхисию санитарӣ, пешгирию табобатӣ, бозрасии байторӣ, фитосанитарӣ,  тухмию  зотпарварӣ амалӣ намуданд, ки ба коҳиш ёфтани маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ зараровар дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят мусоидат намуд. 

Ба иттилои Ҳасанзода Меҳроҷ Аслам, сардори раёсати номбурда, давоми даҳ моҳи имсол барои пешгирии бемориҳои сироятии чорво ва таъмини вазъи муътадили эпизоотӣ, беш аз 105 ҳазор чорвои калони шохдор ва наздики 129 ҳазор чорвои майда  аз ташхиси бемории буғумдард гузаронда шуд. Дар натиҷа, муайян гардид, ки дар 20 шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ, Норак, Кӯлоб, Муъминобод, 217  чорвои хурди шохдор гирифтори бемории буғумдард аст. Ҳамаи ин чорво аз тарафи мутахассисони бахши санитарию эпидемиологӣ забҳ ва гӯшти онҳо безарар гардонда шуд.
Ҳамзамон, ба хотири аз бемориҳо ҳифз кардани ҳайвонот бар зидди бемориҳои сӯхтанӣ ва вабои сумдард дар чорвоҳои калону хурди шохдор, аспон ва маркабҳои сокинони минтақа эмгузаронӣ сурат гирифт.  Ба муқобили бемориҳои сиёҳрон ва зардпарвини чорвоҳои калону майдаи шохдор, тоун, гул, брадзот ва моли майда низ  бо ҳамин усул мубориза бурда шуд. Барои пешгирӣ аз бемории ҳорӣ ба ҳисоби миёна аз 14 ҳазор то 800 сар саг, маркаб, асп ва чорпоҳои калону майда ҳам эм карда шуд. Ба хотири нест кардани ҳашароту кирминаҳо дар бадан ва ҷойҳои исти ҳайвонот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мутаносибан аз 100 то 470 ҳазор чорвои калону майдаи шохдор дегелментизатсия гардид. Дар кашару оғилҳо (қариб 178 ҳазор метри мукааб) коркарди кимиёӣ роҳандозӣ шуд.
Истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти чорвою паранда низ зери назорати мутахассисони соҳа қарор дошта, дар бозору нуқтаҳои фурӯш 193 ҳазору 834 намунаи  маҳсулоти кишоварзӣ санҷиш гузаронда шуд. Бо сабаби ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набудан 13 ҳазору 766 дона тухм, наздики 5 тонна ширу маҳсулоти ширӣ,  17 тоннаю 739 кило маҳсулоти гӯштӣ,  қариб 1,5 тонна равғани рустанӣ, 573 кило моҳӣ, 450 кило асал, беш аз  6 тонна хӯроквории хушк, 52 тонна меваю сабзавот ва 16 тоннаю 404 кило полизӣ аз фурӯш  боздоштаю маҳв карда шуд. Нисбат ба 584 шахси воқеию  ҳуқуқие, ки  қоидаҳои байторию санитарӣ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулотро  вайрон кардаанд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба андозаи 101 ҳазору 476 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳое, ки дар рафти корҳои санҷишӣ ошкор шудаанд, ба мақомоти марбутаи давлатӣ санадҳои огоҳикунанда фиристода шуда, дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Ҳамчунин, дар ин давра раёсат чорабиниҳои фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ гузаронда, дар ҳаҷми 12 ҳазору 628 тонна маҳсулот, аз ҷумла  пахта, ришта, ҷуроб, писта, решаи ширинбия, олу, тарбуз, кунҷид,  таҳти  карантин қарор дода шуд.  Маҳсулоти мазкур тибқи талаботи  байналмилалӣ  ҳуҷҷатгузорӣ шуда, барои содирот  ба кишварҳои  Россия, Туркия, Эрон, Ҷопон, Олмон, Афғонистон, Чин, Беларус, Литва, Қирғизистон ва Покистон мувофиқ гардонда шуд. Баробари ин, ҷиҳати муҳофизати рустаниҳо аз зараррасонҳо  анбору гармхонаҳо, боғ, киштзор, чарогоҳ ва ҷангал бо масоҳати зиёд аз лиҳози фитосанитарӣ дида баромада шуданд. Бо ҷурми  риоя накардани талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт 98 шахси воқеию  ҳуқуқӣ ба андозаи 31 ҳазору 320  сомонӣ ҷаримабандӣ гаштанд. Баҳри муайян кардани тухмиҳои аслию  репродуксионӣ ба масоҳати 1 ҳазору 368 гектар майдон – назоратгоҳ ташкил ёфт. 
Аз тарафи мутахассисони соҳа фаъолияти нафароне, ки дар  вилоят ба истеҳсолу коркард, содироту воридот ва харидуфурӯши тухмӣ машғуланд, мавриди санҷиш қарор гирифта,  барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо  дастур дода шуд.
Аз ҳолати нисбатан тоза, озода ва обод гардидани бозору фурӯшгоҳҳо ва  иншооти онҳо дар вилоят бармеояд, ки тадбирҳои андешидаи  раёсат дар ҷодаи  таъмини сифату бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ натиҷаҳои чашмрас ба бор оварда, ба беҳтар гардидани вазъ мусоидат намудаанд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 1094
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед