Хабарҳо
Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид
Моҳи апрели соли 2020 баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии савдо ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузарондани чорабинии мазкур нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
Дар робита ба ин, дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо директори департаменти баҳодиҳии сиёсати савдои Созмони ҷаҳонии савдо Вилли Алфаро, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии СҶС хонум Бриҷит Чилала, мушовири калон оид ба мусоидати рушди савдои Маркази байналмилалии савдо Муҳаммад Саид, намояндагони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Конфронси СММ оид ба савдо мулоқот намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва савдоро баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯриҳо намояндагони СҶС ва СММ аз пешравиҳои ноилгардидаи Тоҷикистон дар самтҳои содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла оғози расмии портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани якумин тафсири сиёсати савдои мамлакат дар СҶС ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳаи савдо баён карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1340