logo

Хабарҳо

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муовини роҳбари Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Гинкелро ба ҳузур пазируфт.
Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи хуби ҳамкориҳо бо Сафорати ИМА, аз ҷумла расондани кумаки техникии Ҳукумати ИМА ба Бонки миллӣ,изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастгирии Сафорати ИМА айни ҳол давраи якуми кумаки техникӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори танзимгарон ва бахши хусусӣ дар муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм татбиқ мегардад. Ҳамчунин, татбиқи давраи дуюми лоиҳа идома дошта, дар рафти он чорабиниҳо ҷиҳати мусоидат ба тақвияти сиёсати монетарӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, устувории суботи молиявӣ ва ғайра амалӣ хоҳанд гашт.
Ҷон Гинкел таъкид намуд, ки Ҳукумати Амрико дар ҳама ҳолат омодаи ҳамкорӣ буда, баҳри вусъати ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, таҳкими низоми муосири автоматикунонӣ дар низоми бонкӣ ва бахшҳои дигар низ талош хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1308

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед