logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ ВА ОҒОЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИК

Агар ба ҳаводиси замони бесуботи ибтидои солҳои навадуми асри бист бо дидаи ибрат бингарем, хоҳем дарёфт, ки доир гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба ташаннуҷи низоъҳои хашини сиёсию мафкуравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нуқтаи таммат гузошта, роҳро барои бозсозию навсозии осори ҷанг ва рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар ҳамвор сохт. Муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ шароити мусоиди сохтмони давлатдории навинро фароҳам овард.
Мусаллам аст, ки ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта бар асари барномарезиҳои махсуси доираҳои манфиатхоҳи минтақавию хориҷӣ қаламрави Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои шадиди идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфт. Дар он ҳангом аксари намояндагони қишрҳои сиёсӣ, зиёӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик дар робита бо вазъи мавҷуда ё бетарафию бетафовутиро ихтиёр карданд ва ё ин ки ба ин ё он гурӯҳи даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташаннуҷи авзои куллӣ дар минтақа гаштанд. Дар ниҳоят, табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, ки аз вазъи сиёсӣ ва бозиҳои пасипардагии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ комилан огоҳ набуданд, ба таври сунъӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, муқобили якдигар сангар гирифтанд. Кишвар ба доми даргириҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд...
Дар он вазъияти ҳассос, қатъи назар аз он, ки вусъат ва шиддати буҳронҳои пайиҳам вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангиро дар ҷомеаи пасошӯравӣ заиф мекарданд, хушбахтона, сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус ва сарафроз, дар манотиқи гуногуни кишвар ёфт мешуданд, ки ҷиҳати танзими муносибати муътадили иҷтимоӣ, ҳамбастагии миллӣ ва ҳамзистии мусолиматомези мардум, саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Маҳз хидмати беғаразонаи шахсиятҳои фидоӣ вазъро дар манотиқи буҳронӣ тадриҷан муътадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, яқинан дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон дид.
Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омаданд, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти беш аз бисту панҷ сол, хобу хаёли мардумро тарк накардааст. Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад: нобоварӣ ба ҳамдигар; тарсу ҳароси ҳамешагӣ; камтаҷрибагӣ дар бархӯрд бо шароит; хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳаллу минтақаҳои гуногун; ноустувории муносиботи тарафҳо; афзоиши қатлу куштор дар манотиқи даргир; беназмию бесуботии сиёсию иҷтимоӣ; авҷи нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳаёти рӯзмарра; дахолати бевоситаи роҳзанону дуздон ва созмонҳои ҷиноятӣ дар фаъолияти мақомоти расмӣ - идорӣ ва давлатӣ; дуздии саросарии амволи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ; ба сифр баробар шудани касри буҷети давлатӣ дар маҳалҳои даргир ва пойтахти кишвар; камбуди одитарин шароити корӣ; ривоҷи маҳалгаройиву кӯтоҳандешӣ дар фазои мамлакат; суст шудан ва ба ҳошия рафтани фаъолияти маданӣ - равшаннамоӣ; боло гирифтани яъсу ноумедӣ бар фазои сиёсӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ва амсоли инҳо барин силсилаи нобасомониҳо, як навъ дилсардию бетафовутиро дар миёни ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию давлатӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар чунин шароити мудҳиш ба сари кор омадан ва ба таври таъҷилӣ, сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоиятии вижаеро тақозо менамуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз бо шӯру шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пазируфта шуда, аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдону имони яқин фазои муносиби зист ва муҳити бози сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохтанд. Илова ба сифатҳои волои шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофат, масъулият, адолат, самимият, муҳаббат ба миллат ва марзу буми аҷдодӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари он буданд, имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди башарӣ - сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумӣ дар минтақа фароҳам оварда шавад. Нақши иҷлосияи тақдирсозро дар баҳамойии мардумӣ, созиши тарафҳои даргир, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) ироа доштанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Дарвоқеъ, дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд.
Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ, ки арзиши олии башарӣ ба шумор рафта, тайи зиёда аз бисту ҳашт сол боз ҳамқадами мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, дар натиҷаи роҳандозии барнома ва стратегияҳои ин иҷлосияи таърихӣ побарҷо мондааст. Аз ин ҷост, ки ба таври бояду шояд омӯхтан, шинохтан ва қадр намудани арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ, ки натиҷаи барномарезиҳои ҳамон иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ маҳсуб ёфтааст, вазифаи ҳар фарди солимақли ҷомеа мебошад. Бо сухани дигар, маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ масири сохтмони давлатдории миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ таъйин кардааст.

Н. НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 352

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед