logo

иҷтимоиёт

МАЪРИФАТ АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Ҷавонон ҳамчун неруи ояндасоз ва пешбарандаи ҷомеа таҳти ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қабулу такмили  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»,  эълони 23 май чун Рӯзи ҷавонон, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ миёни олимони ҷавон ва ғайра маҳз ба хотири боло бурдани эътибору нуфузи онҳо дар ҷомеа мебошад. 
Боиси сарфарозии ҷавонон аст, ки сол ба сол ин дастгириву ғамхориҳо меафзоянд ва, дар иртибот ба ин, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) иброз доштанд: «Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид». Ва илова намуданд, ки ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат  бо эълони Соли ҷавонон маҳдуд намегардад, аз ин лиҳоз, ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҷавонону наврасон дар оянда низ самти муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат хоҳад буд.
Ҳамин аст, ки баҳри рушду нумӯи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, инчунин, истироҳати  ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам мегарданд ва дар ин ҷода тадбирҳои зарурӣ беш аз пеш таҳкиму тақвият меёбанд. Бо васоит ва таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёди марказҳои забономӯзӣ, маҷмаа ва майдонҳои варзиш, марказҳои хушиву фароғатӣ далели ин гуфтаҳоянд. Ҳамзамон, ҷавонони болаёқату кордон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъйин мешаванд.
Аз ин лиҳоз, дар пайи ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумат ҷавононро мебояд дар ҷаҳони имрӯза, ки ба донишандӯзиву эҷодкорӣ авлавият дода мешавад, ба омӯзиши касбу ҳунар ва илму технологияҳои муосир рӯ оваранд. Зеро ҳар кишвар ба шахсони соҳибмаърифат, ҳунарманд ва навовар, ки асоси равнақу ривоҷи соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошанд, эҳтиёҷ дорад. Дар баробари ин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз ниёгони оламшумули хеш ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори онҳо бояд мақсаду мароми ҳамешагии ҷавонон бошад, чунки танҳо ашхоси меҳанпарвару миллатдӯст пояндадори давлату миллатанд.       

ИСКАНДАРЗОДА Р.С. муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 834

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед