logo

иҷтимоиёт

КАНДАКОРӢ. НАҚШИ МИЛЛАТ ДАР САҲИФАИ ТАЪРИХ

Кандакорӣ дар болои чӯб ҳунари қадимаи мардуми тоҷик буда, аз ҷумлаи санъати тасвирӣ, ороишӣ ва меъморӣ маҳсуб меёбад. Намунаҳои қадима ва беҳтарини он дар Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Шаҳритуз ва дигар манотиқи кишварамон то ба имрӯз маҳфузанд, ки маҳсули дастони  ҳунармандони чирадастанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо низ миёни мардуми мо чунин ашхос зиёданд ва яке аз онҳо Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи рассомони вилояти Хатлон ва роҳбари Фонди бадеии шаҳри Бохтар Раҳимҷон Ҳамдамов мебошад. Офаридаҳояш басо ҷолибу назаррабоянд. Чуноне мавсуф мегӯяд, кандакор бояд рассом низ бошад ва  бо тахайюли бою рангин аввал асари интихобкардаашро дар болои чӯб бо қалам тасвир намояд. Сипас,  онро бо исканаву кордҳои махсус кандакорӣ намуда, ба нақши кашидааш шакли барҷаста диҳад. Эҷодиёташро ороишу пардози ҷолиб бахшад. Ин аст эъҷози дасти ҳунарманд рӯйи суфраи чӯбӣ.  Дар ҳуҷраи кориаш чӯбу лавҳа, рангу сутун, варақу қаламҳои гуногунҳаҷм ва дигар  лавозимот  дар ҳар гӯша парешону бесарусомон ба назар мерасад. Вале чун зеҳн монӣ, маълум мешавад, ки дар ҳар гӯша  гӯё ганҷе нуҳуфта аст. Ин ҳама чӯбу тахтаҳо ва рангу суратҳо дар худ асрори бузурге доранд, ки танҳо барои кандакор ё санъатшиноси асил маълуму фаҳмост.
Ҳолиё дар аксар осорхонаҳо ҳунари рассомӣ, гаҷкориву кандакории Раҳимҷон Ҳамдамов мушоҳида мегардад, ки бо тахайюли бою рангин ва маҳорати воло офарида шудаанд. Инчунин, намунаҳои наққошиву кандакориашро метавон дар дигар иншооти иҷтимоӣ ба хубӣ мушоҳида кард. Офаридаҳои ҷолибу дилнишинаш дар як қатор мамлакатҳои хориҷӣ таърихи пурғановати тоҷикон, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва, дар умум, тамаддуни қадимии ин миллати соҳибҳунару маърифатпарварро муаррифӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Ганновери Олмон ва Шанхаи Чин коршиносон ва мутахассисони соҳа ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд додаанд, ки эътирофи ҳунари волояш мебошад.
Раҳимҷон Ҳамдамов аз оромиву осудагӣ ва ободии диёри маҳбубаш шукр мегузорад ва иброз медорад, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат барои аҳли эҷод тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва онҳо пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳу ғамхориҳо қарор доранд. “Аз ин рӯ,- меафзояд ӯ, - мо – ҳунармандон дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бояд тамоми саъю кӯшиш ва маҳорати худро ба он равона созем, ки бо офаридаҳои дилписанд дар амри бештару хубтар муаррифӣ намудани ганҷинаи халқи тамаддунофари тоҷик, ба монанди кандакорӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, наққошӣ ба ҷаҳониён ва, ба ин васила, боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи байналмилалии Ватани азизамон саҳми бориз гузорем”.    
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 837

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед