logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар ҳар давру замон инсонҳое табиатан барои хизмат ба мардум ба дунё меоянд. Ҳангоме сухан аз манфиати миллату давлат меравад,  хостаҳои  шахсӣ барояшон камарзишанд. Онҳо ҳамеша  заҳмат мекашанд, то давлатро пешрафтаву сарзаминашонро шукуфону мардумро хандон бубинанд. Шодравон Мустафоқул Давлатов аз зумраи ҳамин гуна инсонҳо буд.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиро соли 1976 дар Идораи савдои ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе (ҳозира ноҳияи Шоҳмансур) оғоз бахшида, зиёда аз 10 сол бо масъулияти баланд пурмаҳсул фаъолият намуд. Сипас, соли 1986 дар кумитаи таъминоти моддии техникии вилояти Хатлон содиқонаву софдилона фаъолиятро идома дод.
Соли 1989 ба фабрикаи қаннодии «Ширин» ба кор гузашта, давоми 20 сол – то вопасин лаҳзаҳои умр, аз коргари одӣ то зинаи роҳбарӣ расид. Дар солҳои вазнину душвори ҷанги шаҳрвандӣ Мустафоқул Давлатов тавонист, ки кормандонро сарҷамъ намуда, корхонаро аз муфлисшавӣ ва молу мулки онро аз талаву тороҷ гардидан эмин дорад.
Ӯ дар истеҳсол навъҳои беҳтарин ва анвои серистеъмоли маҳсулотро дар бозори ватанӣ ва хориҷ аз он пешниҳод менамуд. Ҳамчун шахси таҷрибадору бомаҳорат ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фрунзе (ноҳияи ҳозираи Сино) мехост ин ноҳияро, ки дар ҳудудаш корхонаҳои зиёду бузурги истеҳсолию саноатӣ ҷойгир буданд, аз ҳолати субвенсионӣ бароварда, ба яке аз ноҳияҳои саноатии пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил диҳад. Баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои накуяш мудом саъю талош варзид ва бо кишварҳои мутараққии саноатӣ ҳамкориҳои мустаҳкамро барқарор намуд.
Меҳнатдӯстӣ ва фаъолияти хуби ӯро ба инобат гирифта, мардуми ноҳия пайи ҳам чор даъват ба ҳайси намояндаашон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ ва интихоб карданд.
Ҳамин тавр, зиндаёд Мустафоқул Давлатов бо  меҳнати ҳалол, ободкорию ватандӯстӣ, дастгирии табақаҳои камбизоатон, ёрӣ ба эҳтиёҷмандон ва миллату дӯстдори сарзамини аҷдодӣ дар миёни мардум мавқеи хубу шоиста пайдо карду маҳбуб гардид. Илова бар ин рӯзгораш низ намунаи ибрат буд.  Марг риштаи ҳаёти ӯро 6 сол қабл, дар айни авҷи камолот гусаст. Аммо кори неку номи накӯяш дар дили мардум, шогирдону ҳамкорон, ёру дӯстон ва фарзандону пайвандон ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Мирзоамин МИРСАИДЗОДА, собиқадори меҳнат, адиб,
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, рӯзноманигор         
         
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 245
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед