logo

фарҳанг

МУНАҚҚИДИ ТАВОНО ВА ИНСОНИ НЕКСИРИШТ

Имсол ба рӯзи таваллуди яке аз чеҳраҳои барҷастаи илм ва адаби тоҷик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров 95 сол пур мешавад. Вай дар рушди нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосир нақши барҷаста бозида, на танҳо мактаби илмии худро асос гузошта, балки дар тарбияи якчанд насли адабиёт ва дӯстдорони сухан саҳмгузор гардидааст.
Соҳиб Табаров аз овони хурдсолӣ ба адабиёт муҳаббати бепоён дошт. Ҳанӯз ҳангоми дар ятимхона ва мактаб – интернатҳои замони шӯравӣ таълиму тарбия гирифтанаш китобҳои зиёди бадеиро мутолиа карда, нахустин хабару мақолаҳои шогирдонаашро дар рӯзномаҳои девории мактаб чоп менамуд ва яке аз хонандагони пешқадам ба ҳисоб мерафт.
Соҳибназари хурдсол китоб мехонд, луғат аз бар менамуд ва хотироти дунёи кӯдакиашро рӯи коғаз оварда, миёни хонандагон паҳн мекард.
Баъдан, дар омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Самарқанд, Панҷакент ва Кӯлоб таҳсил карда, аз устодонаш, ки, асосан, аз Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Исфара буданд, сабақ омӯхта, дониши хешро такмил дода, яке аз донишҷӯёни фаъол ба ҳисоб мерафт. Ин нуктаро дар дафтари хотироташ, ки «Таассуроти ақлу дил» ном дошт, сабт карда, дар он аз муҳаббату маҳорати касбии онҳо ишораҳо намудааст.
Ҳамин кӯшишу ғайрат ба Соҳибназари ҷавон имкон дод, ки соли 1939 ба факултаи адабиёти Донишкадаи педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Сталинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С. Айнӣ) дохил шавад ва онро дар лаҳзаҳои мудҳиштарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо баҳои «аъло» хатм намояд.
Вай аз устодону омӯзгоронаш Л. Бузургзода, А. Семёнов, А. Мирзоев,  А. Эшонҷонов,  Е. Э. Бертелс, Ю. Бобоев бо як меҳри беандозаву бузург ёдовар мешуд ва саҳми онҳоро дар тайёр кардани олимони ҷавони тоҷик беназир меҳисобид. Махсусан, аз дониш, истеъдод ва маҳорати сухангӯии онҳо ба шогирдон нақл мекард ва нақшаш онро дар рушди илмҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ низ муҳим арзёбӣ менамуд.
Меҳри олим шудан ба дили Соҳиб Шуҳратиевич дар ҳамин мактаби илмию маърифатӣ роҳ ёфт ва ӯ ба навиштани тақризу мақолаҳо дар бораи адибони тоҷик ва шоиру нависандагони халқҳои дигар оғоз кард.
Нахустин мақолаҳояш хусусияти таблиғотӣ доштанд. Ин навиштаҳо ӯро миёни хонандагони сершумор муаррифӣ менамуданд ва завқи омӯзиш ва таҳқиқро дар дилаш меафзуданд. Ҳамин буд, ки ба навиштани мақолаҳои ҳаҷман калон рӯ оварда, дар бораи эҷодиёти устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ тадқиқотҳои бисёрпаҳлуро таълиф кард ва миёни адабиётшиносони шинохтаи тоҷик мақому эҳтиром пайдо намуд.
Истеъдод ва қобилияти илмиашро ба инобат гирифта, донишкадаи мазкур ӯро ба аспирантура тавсия намуд ва таҳти роҳбарии Е. Э. Бертелс дар мавзӯи «Ғуломон» - и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» рисолаи номзадӣ навишта, онро соли 1949 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бомуваффақият дифоъ кард.
Пас аз ин борҳо ба шахсияти устод  Айнӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар мақола ва тадқиқотҳои пурарзиши худ мақоми абадзиндаи ин адиби ватандӯстро дуруст шарҳу тавзеҳ додааст. Мақола ва рисолаҳои «Дар бораи як китоби фаромӯшшудаи Садриддин Айнӣ», «Садриддин Айнӣ асосгузори адабиёти советии тоҷик», «Садриддин Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик», «Худшиносии замони Сомониён ва биниши Садриддин Айнӣ»  далели ин гуфтаҳоанд.
Соҳиб Табаров аз соли 1949 дар Институти таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор оғоз карда, бо фаъолияти назаррас миёни олимону донишмандон маҳбубияти хоса пайдо менамояд. Ҳамин тавр, умри пурбаракати худро сарфи пажӯҳишҳои илмӣ, тарбияи кадрҳо ва таълифи мақола, рисола ва асарҳои бунёдии соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ намуд.
Солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба омӯзиши шахсияти Пайрав Сулаймонӣ шурӯъ карда, сарчашмаҳои зиёди илмиву таърихиро омӯхта, хотироти дӯстон, наздикон ва фарзандони шоирро ҷамъ оварда, дар асоси методи таҳлиливу муқоисавӣ рисолаи «Пайрав Сулаймонӣ» - ро соли 1962 таълиф намуд, ки то ба имрӯз намунаи олии шоҳкориҳои илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ ба шумор меравад.
Дар он бо овардани ахбори фаровон дар бораи шахсияти ин шоир ва замони ӯ, осорашро аз нигоҳи суханварӣ нақду баррасӣ мекунад ва хизмату саҳмашро дар рушди адабиёти солҳои 20-30-юми тоҷик равшан мегардонад.
Дар ин асар, ҳамчунин, ба вазъи таърихию иҷтимоии охири асри XIX ва аввали асри ХХ баҳои воқеӣ дода, муҳимтарин рӯйдодҳои замонро, ки ба тафаккур ва ҷаҳонбинии зиёиёни он давра, аз ҷумла Пайрав Сулаймонӣ, таъсири амиқ расонда, дар шуури онҳо «инқилоби фикрӣ» - ро ба вуҷуд оварда буд, тавзеҳ ва таъсири онҳоро ба ҷаҳонбинии адибони дигар шарҳ медиҳад. Баробари ин, заминаҳои ташаккули тафаккури бадеии шоирро таҳқиқ ва ба ашъори ӯ баҳогузорӣ мекунад.
Соҳиб Табаров фаъолияти эҷодии Пайрав Сулаймониро давра ба давра таҳқиқ ва хусусиятҳои услубиву бадеии шеъру достонҳояшро васеъ таҳлил намуда, навҷӯиҳои ӯро дар истифодаи қолабҳои нави шеърӣ, шикасти мисраъҳо, корбарии санъатҳои лафзиву маънавӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, мақомашро дар адабиёти тоҷик воқеъбинона равшан месозад.
Солҳои баъдӣ мунаққид  як қатор гузориш ва мақолаҳои илмӣ таълиф намуд, ки бештарашон ҷанбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ доштанд. Қисме аз онҳо роҳи ташаккул ва инкишофи адабиёти муосири тоҷикро муайян карда, соҳиби ҷанбаи баланди илмиву назарӣ буданд.
Як қисми дигари мақолаҳои олим хусусияти тарғиботӣ дошта, ба муаррифии шоирону адибони рус ва адибони халқҳои Осиёи Миёна бахшида шудаанд. Матлабҳои дар бораи А. С. Пушкин, М. Е. Салтиков - Шедрин, Н. А. Добролюбов, Н. Г. Чернишевский, Л. Н. Толстой, М. Горкий, А. Мухтор, М. Авезов, Ғ. Ғулом ва дигарон аз ҳамин қабиланд.
Мақолаҳои дар бораи С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Р. Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, П. Толис, М. Шарқӣ ва дигарон баҳсҳои доманадорро дар адабиётшиносии тоҷик ба вуҷуд оварда, минбаъд барои рушди адабиёти муосири тоҷик таъсири мусбат расондаанд.
Ӯ, махсусан, дар рушди камолоти эҷодии адибони ҷавони солҳои 50 ва 60 - ум саҳми бузург дорад. Ба сифати мунаққид ва хонанда нахуст ашъору асарҳои онҳоро мутолиа карда, ҳам тариқи мактуб ва ҳам тавассути тақризҳои муфассал ҳусну қубҳи осорашонро равшан намуда, ба ҷараёни ташаккули фардияти адибон баҳои воқеӣ медод.
Аз ҷумла, муҳаққиқ аз оғози ба кори эҷодӣ машғул шудани Муъмин Қаноат офаридаҳои ӯро зери мушоҳида гирифта, онҳоро таҳлил ва нақду баррасӣ ва ба адиб маслиҳатҳои муфид дода, роҳи минбаъдаи эҷодиёташро дуруст муайян мекард. Эродҳои холисона ва нақди воқеъбинонаи мунаққид боис гашт, ки Муъмин Қаноат ба як шоири тавоно табдил ёбад ва намунаҳои олии ҳамосаи тоҷикиро дар адабиёти муосир эҷод намояд.
Махсусан, мунаққид ба достонҳои «Тоҷикистон - исми ман», «Сурӯши Сталинград» ва «Гаҳвораи Сино» - и вай баҳои воқеӣ дода, онҳоро чун намунаи барҷастаи назми фалсафиву таърихии адабиёти муосири тоҷик муаррифӣ кардааст.
Ҳамин тавр, мунаққид ба таҳаввул ва ташаккули эҷодиёти адибони тоҷик, аз ҷумла Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷонибек Акобиров баҳо дода, мавқеи онҳоро дар рушди адабиёти муосири тоҷик дуруст ва воқеӣ муайян намудааст.
Мунаққид ҳар як шеъру достон, ҳикоя ё қиссаву романи адибони тоҷикро таҳқиқ карда, камбудиҳои асарро нотарсона, рӯирост, воқеъбинона ошкор мекард ва адибро барои ислоҳи онҳо даъват менамуд. Ошкоро сухан гуфтан, дуруст муайян кардани камбудиҳо ва баҳои объективӣ додан ба адиб ва эҷодиёти ӯ хоси сабки илмиву танқидии Соҳиб Табаров ба ҳисоб мерафт.
Бо таҳияи чунин мақолаҳои интиқодӣ ва таҳлилӣ нақди адабӣ ҳамчун як шохаи илми адабиётшиносӣ рушд намуд ва ӯро яке аз аввалин мунаққидони тоҷик метавон муаррифӣ кард. Вай бо мақолаҳои интиқодии хеш на танҳо сабку услуби эҷодиёти баъзе адибони тоҷикро тағйир медиҳад, балки барои пешрафт ва камолоти эҷодии онҳо роҳ мекушояд. Дар бисёре аз мақолаҳое, ки дар бораи М. Турсунзода, М. Қаноат, Ф. Муҳаммадиев, А. Самад таълиф кардааст, ин ҷиҳати таъсиррасониро дар тарзи тасвир ва тағйир додани сабки бадеӣ метавон мушоҳида кард.
Баробари ин, Соҳиб Табаров аз ҷумлаи олимонест, ки дар соҳаи нақди адабӣ рисолаҳои таълимиву назарӣ таълиф кардааст. Рисолаҳои ӯ «Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди  адабӣ» иборат аз се ҷилд, «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ», «Методи таҳлили асари бадеӣ»,  «Адабиёти муосири советӣ» то ба ҳол аҳамияти худро кам накардаанд. Вай аввалин шуда асосҳои назарии илми танқиди адабиро барои хонандагони тоҷик шарҳ дода, қонунмандии рушди онро барои муайян кардани ҳунари адабии эҷодкор таҳқиқ кардааст. Дар ин рисолаҳо ҷанбаҳои назарии ин соҳаи адабиётшиносиро шарҳ дода, аҳамияти онро барои ташаккули фаъолиятмандии эҷодии адиб муҳим медонад.
Китоби «Ҳаёт, адабиёт, реализм», ки аз панҷ ҷилд иборат мебошад, беҳтарин мақола ва пажӯҳишҳои адабиётшиносро дар бар гирифта, ҷараёни рушди адабиёти тоҷикро аз аввали садаи бист то солҳои 80 – уми асри XX фаро мегирад. Дар ин мақолаҳо оид ба ташаккули адабиёти шӯравии тоҷик изҳори назар карда, ба шахсияти адибони шинохта ва маҳорату истеъдоди онҳо воқеъбинона баҳогузорӣ менамояд.
Охири солҳои  80 – 90 - ум қатъи назар аз пирию хастагӣ ба таҳқиқи адабиёти нимаи аввали асри ХХ рӯ меорад ва номи шоири гумном Саъдулло Рабииро зинда карда, дар бораи шахсият ва эҷодиёташ маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.  
Пас аз ин дар бораи Абдулвоҳиди Мунзим рисолаеро бо номи «Мунзим» таълиф намуд, ки дар он мақом ва нақши ин шахсияти адабиро дар аввали садаи ХХ,  замоне ки дар Бухоро ислоҳоти сиёсӣ ва таҳаввулоти афкори чавонбухороиён оғоз ёфта буд, тасвир кардааст.
Мунзим низ баробари устод Айнӣ дар роҳи бедории шуури меҳнаткашон ва ислоҳоти мактабу маориф корҳои шоистаеро ба анҷом расонда, яке аз ватандӯстони асили замони худ маҳсуб меёфт. Мунаққид бо далелу ишораҳои зиёд шахсияти Мунзимро муаррифӣ карда, хидмати ӯро дар дигаргуниҳои аввали асри ХХ арзишманд  медонад.
Соҳиб Табаров аз нимаи дуюми солҳои 90 - уми асри ХХ ва пас аз он ба омӯзиши симои адабии Абдуррауфи Фитрат рӯ оварда, нахуст эссеи худро бо номи «Мунозира» - и Абдуррауфи Фитрат» аз нашр баровард, ки он мақоми ин адиби ислоҳотпарварро дар солҳои аввали асри ХХ муайян мекунад. Баъдан, мунаққид рисолаи «Баёноти сайёҳи Ҳинд» - и Абдуррауфи Фитрат»,  «Роҳбари наҷот» - и Абдуррауфи Фитрат – қомуси ҳаёти халқи тоҷик», «Оила ва вазифаҳои оиладорӣ аз назари Абдуррауфи Фитрат», «Мавлуди шариф ё худ Миръоти хайр-ул башар» - и  Абдуррауфи Фитрат» - ро таълиф карда, ба ҷараёни ҳодисаҳои охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ баҳои воқеӣ медиҳад.
Баробари ин, адабиётшинос нақши зиёии ҳамондавраро дар ҷунбишҳои сиёсиву иҷтимоӣ дуруст муайян карда, мавқеи онҳоро дар бедории шуури миллӣ ва рушди мактабу маориф ошкор месозад.
Дарвоқеъ, адабиётшинос дар фитратшиносии муосир қадами устувор гузошта, на танҳо ба шахсияти адабиву иҷтимоии Фитрат баҳои воқеӣ медиҳад, балки ҷараёни рушду таҳаввулоти адабиёти навини тоҷикро низ дуруст муайян менамояд.
Дар ин эссе ва дигар рисолаҳояш маводи зиёди таърихӣ ва воқеӣ ҷамъоварӣ шуда, муаллиф дар асарҳояш онҳоро бо тартиб ҷо ба ҷо кардааст ва ба саҳифаҳои норавшани шахсиятҳои адабӣ ва воқеаҳои таърихии охири асри ХIХ ва ибтидои қарни ХХ баҳои объективӣ манзур намудааст.
Соҳиб Табаров аз ҷумлаи олимони сермаҳсул ва пуркори тоҷик  буда, дар умри бобаракати худ беш аз 800 мақола, тақриз, хулоса, эссе, хабар ва 40 рисола, монография, китоби дарсӣ ва барномаи таълимӣ таълиф кардааст, ки ҳар кадоми онҳо ба масъалаҳои мубрами адабиёти муосири тоҷик, назарияи нақди адабӣ, муаммоҳои мухталифи сабку услуби бадеӣ ва маҳорату истеъдоди адибони гуногун бахшида шудаанд. Бештари ин осори гаронбаҳо хусусияти таҳлилӣ ва интиқодӣ дошта, дар рушди ҷаҳонбинӣ ва маҳорати адабии наслҳои мухталифи адибони тоҷик нақши барҷаста бозидаанд.
Соҳиб Табаров устоди сахтгир ва роҳбари серталаб низ буд. Агар  ба кори курсӣ ва ё дипломии донишҷӯ роҳбар мешуд, даҳҳо маротиба онро таҳлил карда, то қаноатманд нагардидан кори илмиро ба ҳимоя роҳ намедод. Ӯ мактаби хоси омода кардани шогирдонро дошт. Шогирдон аз чунин устоди сахтгир ифтихор мекарданд. Ҳамин буд, ки бисёри вақт шоирону адибони шинохта мисли Муъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Ҷонибек Акобиров, олимони шинохта Р. Мусулмониён, Х. Шариф, Х. Асозода, А, Кӯчаров, А. Маҳмадаминов ва дигарон асарҳои нав ва мақолаву рисолаҳои таҳиякардаашонро аз назари ин мунаққиди нуктасанҷ гузаронда, баъдан, ба нашр месупурданд. Дар мукотибаҳое, ки миёни ӯ ва баъзе аз адибону адабиётшиносони фавқуззикр  ба миён омадааст, ин ишораҳои самимиро метавон дид. Шогирдони ин устоди сахтгиру ғамхор мактаби илмиву адабии ӯро идома дода, дар муаррифии шахсияташ ҳиссаи калон гузошта истодаанд.
Соҳиб Табаров одамияти баланд дошт. Шахсони соҳибистеъдодро эҳтиром мекард, ба онҳо маслиҳати холисона медод, сахт мегуфт, аммо дили соф дошт. Аз комёбиҳои шогирдонаш рӯҳу илҳоми тоза мегирифт ва бо онҳо доимо ифтихор менамуд.
Бояд гуфт, ки саҳми устод Соҳиб Табаров дар адабиётшиносии тоҷик ва ба камол расондани чеҳраҳои намоёни илму адаб шоистаи таҳсин буда, хидматҳои барҷастааш дар хотираи шогирдон ва зиёиёни тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2019    №: 220    Мутолиа карданд: 973
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед