logo

сиёсат

САФАРИ ПУРБАРОР ВА ШИКАСТИ ХУДБОХТАГОНИ БЕОР

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 5 ноябр ба кишварҳои аврупоӣ сурат гирифт, сафари бомуваффақият ва пурбарор буд. Зимни ин сафар, аввал Пешвои миллат бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер мулоқот доштанд, ки зимни он масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла инкишофи минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария, муҳокима гардиданд. Натиҷаи ин мулоқотҳо бо бастани созишномаҳои ҳамкории тарафайн анҷом пазируфт, ки амалӣ шудани онҳо метавонанд барои раванди минбаъдаи таҳкими муносибатҳои ду давлат мусоидат намуда, дар ин замина, рушди соҳоти гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар тараққӣ ёбад.

Ҳамчунин, дар Швейтсария Сарвари давлат бо шаҳрдори шаҳри Берн - Алек Фон Графенрид мулоқот намуданд. Зимни ин мулоқот муносибатҳои ҳамкории байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Берн муҳокима гардиданд. Қобили зикр аст, ки шаҳри Берн яке аз шаҳрҳои муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангии Швейтсария ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳои минбаъда байни Душанбе ва ин шаҳри муваффақи Аврупо ҷиҳати рушди соҳоти гуногуни пойтахтамон муассир хоҳад буд. Дар доираи сафар Пешвои миллат бо роҳбари ширкати «Гленкор» - и Швейтсария низ гуфтугӯӣ судманде анҷом доданд. Бояд гуфт, ки ширкати мазкур яке аз корхонаҳои муҳими коркарди алюминий дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он бо ширкати алюминийи тоҷик робитаи зич дошта, солиёнест байни ин ду корхона табодул ва доду гирифтҳои зиёди иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти ин мулоқот инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат, инчунин, рушди тиҷорат муҳокима гардиданд. Ҳамкориҳои минбаъда бо корхонаи мазкур ва сармоягузориву равобити тиҷоратӣ имкон фароҳам месозад, то барои расидан ба  ҳадафи чоруми стратегӣ -  рушди босуръати саноатикунонии кишвар заминаҳои мушаххас фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин, барои тақвияти ин ҳадаф ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ва имкониятҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сайёҳии Тоҷикистон форуми соҳибкорони ду кишвар доир шуд, ки дар он Сарвари давлат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат дар Швейтсария бо президенти Радиои Аврупои озод («Радиои озодӣ») Ҷемӣ Флай низ мулоқот намуданд. Зимни ин мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар Тоҷикистон барои озодии баён имкониятҳо фароҳаманд ва танҳо таблиғ ва баррасии созмонҳое, ки онҳо террористӣ эътироф шудаанд, манъ гардидааст. Дар сурати аз ҷониби ягон расонаи хабарӣ таблиғ шудани ҳаракати хусусияти террористӣ дошта қонунгузор онро тибқи қонун маҳдуд менамояд. Ин навъи амалкард хоси ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст.
Ҳамин тавр, идомаи сафари Президенти кишвар дар Аврупо ба кишвари Франсия буд. Дар Франсия Сарвари давлат дар сатҳи олӣ аз ҷониби Президенти ин кишвар Эммануэл Макрон истиқбол шуданд. Дар рафти мулоқоти роҳбарони ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи онҳо муҳокима гардида, як қатор созишномаҳо, ки ба нафъи мардумони ҳар ду кишваранд, ба имзо расонда шуданд. Амалӣ гардидани ин созишномаҳо имкониятҳои наверо фароҳам меоваранд, то соҳоти гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар рушд намоянд. Ҳамчунин, дар Франсия ба мисли Швейтсария форуми соҳибкорони Тоҷикистону Франсия баргузор гардид, ки ҳадафи он ба инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона гашта буд. Дар ин форум низ ба тарзи густурда тарҳҳо ва имкониятҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Дар шаҳри Париж Сарвари давлат бо пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони 4 мулоқот доштанд. Зимни ин мулоқот баррасии рушди фаъолияти Бунёди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар Франсия мулоқоти Пешвои миллат бо директори кулли ЮНЕСКО - хонум Одри Азуле баргузор шуд. Мусаллам аст, ки тайи чанд соли охир бо пешниҳодҳои Пешвои миллати мо чанде аз арзишҳои маънавии Тоҷикистон ҳамчун арзишҳои моддии башарӣ эътироф гардиданд, ки Шашмақом, Фалак, Чакан, Наврӯз ба ин мисол шуда метавонанд. Инчунин, дар зимни ин мулоқот Ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва дигар масъалаҳои фарҳангии марбут ба ЮНЕСКО баррасӣ шуд.
Дар тамоми сафарҳои Сарвари давлат вохӯрӣ бо намояндагони илму фарҳанг, донишҷӯён, ки дар кишварҳои гуногуни олам иқомат мекунанд, баргузор мегардад. Дар ин сафар низ Пешвои муаззами миллат бо намояндагони илму фарҳанги тоҷикони муқими Франсия мулоқот доштанд. Бо онҳо дар бобати муаррифии имкониятҳои дар кишвар мавҷудбуда, ҳувияти миллӣ ва амсоли ин мулоқот оростанд. Сарвари давлат, ҳамчунин, дар конфронси сулҳ, ки дар Париж баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда, сулҳро асоси ҳамаи пешрафт ва хушбахтии башар арзёбӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аврупо дар сатҳи олӣ гузашт ва самараноку пурнатиҷа буд. Ин сафар боз як саҳифаи тозаеро дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Аврупо боз кард. Албатта, натиҷаи сафар метавонад, тадриҷан таъсири хешро дар равандҳои гуногуни пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар гузорад. Ин сафар қатъи назар аз он ки бадхоҳону ҷиноятпешагони наҳзатӣ ва «Гурӯҳи - 24», ки бо дурӯғпароканию туҳматзанӣ мехостанд онро ба чолиш кашанд, бисёр самаранок ва дар баландтарин сатҳ доир гардид. Барои ин худбохтагон, гурӯҳҳои беҳувият, хиёнатпешаи наҳзатӣ ки айни ҳол дар Аврупо паноҳ бурда, ба дурӯғпароканиву ғайбату буҳтон нисбат ба миллат ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон машғуланд, ҳама чиз бо  тасвирҳои худхоҳонаву буҳтонбарангезашон тафсир мешавад. Онҳо каҳро кӯҳ ва кӯҳро каҳ нишон дода, фикр мекунанд бо ин роҳ тамоми дастовардҳои давлату миллатро дар тӯли замони истиқлолият ба сифр баробар месозанд.  Дар асл ин тарзи муомила барои ин тӯдаи худбохта танҳо ба хотири бароварда кардани манфиатҳои худашон метавонад хизмат кунад. Дар дигар ҳолат ба ҷуз аз беобрӯгиву расвоӣ ва бадномиву сарафкандагӣ чизи дигареро дар пай надорад.
Ин дафъа низ тири онҳо хок хӯрд. Зеро бунёди ақоидашон зиддимиллӣ ва бадхоҳона аст, онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ намегарданд. Ҳарчанд кӯшишҳое намуданд, ки бо ҳар роҳе набошад, ба рафти ин сафар халал ворид кунанд, вале баръакс худ бо дағалию хушкандешӣ набуди як тафаккури созанда, набуди дониши баланди сиёсию дипломатӣ худро хандахариши аврупоиён гардонданд. Яъне, қонунҳоро нақз намуда, иддае аз онҳо аз ҷониби полиси Франсия дастгир ва боздошт ҳам гардиданд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин нафарон чун хушкандеш, мутаассиб ва ифротианд, танҳо ҳамин гуна шеваҳои амалкардро медонанд. Дар ҳама амалу кирдори онҳо хушунат ошкор аст. Аз ҷониби дигар агар ҳама рӯз бо дурӯғу туҳмату буҳтон мехоҳанд фазоро олуда кунанд, вале воқеият чун Офтоб назди аҳли ҷомеаи кишвар ва назди ҷаҳониён рӯшантар аз ворунаандешии онҳо аст ва ҳеҷ гоҳ воқеият он тавре нест, ки онҳо мехоҳанд арзёбӣ кунанд.

Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгари масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 459
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед