logo

иҷтимоиёт

ГАҲВОРАҶУНБОНИ МИЛЛАТ. ҚИССАИ ЯК МЕҲМОНИИ ҒАЙРИОДИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МУРҒОБ

«Нива» - е бозмонда аз замони шӯравӣ, ки қариб корношоям буд, зери ғарами коҳ мехобид. Чанд хаймаву хоначаҳои ба ҳам пайвасти пасту куҳна менамуд. Як сӯ ғарами ҳезум, сӯи дигар ғарами коҳ меистоду боди сард омехта ба борон баргу коҳҳоро бозӣ медоронд. Чунин буд манзараи умумии ҳавлии Чорубай (Ҷӯрабой),  ки дар хона ҳамроҳи дӯсти ҷониаш Қурбонбой чойи гарм нӯшида менишаст. Аммо онҳо намедонистанд, ки айнан дар чунин як рӯзи боронӣ Президенти кишвар дар кулбаи Қурбонбой меҳмон мешаванд ва Чорубай дар «Нива» - и худ, ки ягона воситаи нақлиёт дар водии Аличур маҳсуб меёфт, Сарвари давлатро нишонда, то маркази Мурғоб мебарад.

БО ЧАРХБОЛ БА АЛИЧУР КӢ ОМАД?
Моҳи июни соли 1995. Дар Аличури Мурғоб, аз сабаби боришот ва сардӣ ҳама ба хаймаҳои худ панаҳ бурда буданд. Чорубай дар баландтарин нуқтаи Помир, дар оғӯши биёбони Мурғоб бо писаронаш мезист. Манбаи даромад чорво буд, аммо ҳамон сол бар асари боришоти шадид ва сардии тоқатрабо бештари чорво нобуд шуда, халқ аз пӯшокиву хӯрданӣ танқисӣ мекашид.
Дар чунин як рӯзи сарди июн фазои Аличурро садои ғуриши чархбол фаро гирифт. Он дар осмони пур аз гирдбоду борон намоён шуду баъди чанде печу тоб хӯрдан бо душворӣ ба замин нишаст. Чорубай ва Қурбонбой низ аз хайма баромада, ҷониби он шитофтанд. Мардум чун ҳамешагӣ тахмин карданд, ки боз гурӯҳе аз шикорчиён омадаанд. Аз чархбол нахуст чанд тан берун шуду баъд як ҷавонмарди хушсурату баландқомат бо чеҳраи гарм фуруд омад. Пирони деҳа диданд, ки онҳо ба шикорчиён тамоман монандӣ надоранд.
Меҳмонон сӯи бинои Ҷамоати деҳоти Аличур роҳ гирифтанд. Назди бинои ҷамоат суҳбат сурат гирифт. Вақте яке аз меҳмонон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба пирамардон муаррифӣ кард, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Зеро ба ин тарафҳо то ҳол паи қадами ягон вазир ҳам нарасида буд.
Давоми воқеаро собиқ корманди Телевизиони Тоҷикистон Шералӣ Мустафоқулов чунин нақл кард: «Гуфтугӯи самимӣ ба охир расиду Сарвари давлат бояд ба маркази ноҳия мерафтанд, ки он ҷо мардум интизорашон буданд. Вале боду ҳаво ҳанӯз низ ба парвози чархбол номусоид буд. Ҳама Президентро ба меҳмонӣ мехонданд. Сарвари давлат ба хонае, ки аз дудбарояш дуд мебаромад, ишора карда, бо зарофати ба худашон хос гуфтанд: «Ман ҳамаатонро дӯст медорам, аммо ана ба ҳамон хона меравем. Маълум, ки он ҷо ҳам гарм асту хӯрок ҳам дорад». Бобои Қурбонбой аз шодӣ дар курта намегунҷид, зеро он кулба манзили ӯ буд.

ДАСТИ МЕҲРРО КӮДАК ҲАМ ЭҲСОС МЕКУНАД
Дар кулбаи бобои Қурбонбой боз як воқеаи аҷибе рух додааст, ки ёд оварданаш касро фараҳманд мекунад. Шералӣ Мустафоқулов ба хотир меорад: «Мо ҳама лаҳзаҳои ин сафарро то қадри имкон ба навор мегирифтем. Дар хонаи бобои Қурбонбой Пешвои миллатро бо эҳтиром садрнишин карданд. Дар гӯшаи хона тифле дар гаҳвора мехуфт. Баробари даромадани меҳмонон тифл гирист. Пешвои миллат бо меҳрубонӣ гаҳвораро ҷунбонданд. Дар як дам кӯдак оромиш ёфту хобаш бурд».
Вақте ин воқеа тавассути телевизион ба намоиш рафт, ҳазорон одамон мутаассир шуда, ашки чашм дошта натавонистанд. Ба лутфу меҳрубонии Сарвари давлат аҳсант гуфтанд. Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур дар шеъри «Гаҳвораҷунбони миллат» Тоҷикистони он замон нооромро ба ҳамин тифли гирён монанд карда, Пешвои миллатро наҷотбахши давлати тозаистиқлол хонда буд:
То шавад аз ҳоли кишвар бохабар,
Кард ҳар ҷо Сарвари давлат сафар.
Гар сафар шуд аз барояш пурхатар,
Барнагашт аз ҷодаи худ безафар.
Сӯи водию куҳистон раҳ гирифт,
Меҳри халқаш тӯша шуд, ҳамраҳ гирифт.
Рафт бар Мурғоб, бар Помир рафт,
Баҳри дидори ҷавону пир рафт.
Раҳбари Мурғобро то ӯ надид,
Пои Сарвар бар Аличур ҳам расид.
Гашт чун бар хонадоне меҳмон,
Дид дар гаҳвора тифле дар фиғон.
Дасти худ бар дастаи гаҳвора бурд,
Даст бар гаҳвора дигарбора бурд.
Тифлаки гирён яке ором шуд,
Хоби ширин баҳри ӯ инъом шуд…
Тоҷикистон тифли Истиқлол буд,
Бенасиб аз бахту аз иқбол буд.
Тифли гирён зору гирён монда буд,
Пешво гаҳворааш ҷунбонда буд.

ЧӢ ТАВР «НИВА» - И ЧОРУБАЙ ТАЪРИХӢ ШУД?
Вақте масъалаи ёфтани нақлиёт ба миён омад, ҳама чашми умед ба Чорубай дӯхтанд. Зеро дар Аличури дурдаст танҳо вай мошин дошту халос.
Писари калонии Чорубай Иброҳим, ки он замон хонандаи мактаб буд, воқеаро чунин ба ёд меорад: «Аз мактаб омадаму падарам фармуд, ки мошинро омодаи сафар намоям, аммо мошин аккамулятор ва сӯзишворӣ надошт. ”Нива” - ро аз таги ғарами коҳ бароварда, аз чангу ғубори чандинсола тоза кардам. Вақте фаҳмидам, ки дар он Президенти мамлакат сафар мекунанд, тамоми вуҷудам ларзид. Дар ҳаяҷон будам, ки дар ин роҳи тӯлонӣ онҳо чӣ хел бо ин мошини валангор ба манзил мерасида бошанд.
Сокинони деҳа ҷамъ омада, мошини ягонаи Аличурро ба сафари маркази ноҳия бо Президенти мамлакат омода карданд. Яке аккамулятори “ЗиЛ-130” - ашро оварда дар мошин насб карду дигаре аз пайи дарёфти сӯзишворӣ рафт. Падарам паси чамбарак нишасту хурсандона мошинро ҷониби марказ ронд. Ман дар курсии паҳлуяш ҳанӯз дар андеша будам, ки акнун чӣ мешуда бошад. Вале падарам ниҳоят шод буд, ки Президенти мамлакат маҳз ба мошини ӯ савор мешавад. Вақте ба ҷои мулоқот расидем, ба чеҳраи ороми Сарвари давлат нигоҳ кардаму тамоми тарсу ташвишам якбора аз байн рафт ва ҷои онро ифтихору фараҳмандӣ гирифт.

ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТӢ БА ИБРОҲИМ
Ин сафари аввалини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Аличур буд. Ин сафар ба пешрафти водии баландкӯҳи Аличур оғози нек бахшид. Баъди чанд ҳафта ба водӣ ёрии аввалини Сарвари давлат иборат аз маводи хӯрданӣ ворид гардид. Сипас, бо ёрмандиҳои Ҳукумат аличуриён бо батареяҳои офтобӣ таъмин шуда, хонаҳояшон чароғон шуданд. Имрӯз аҳли деҳа соҳиби хонаи фарҳанг, мактаби замонавӣ, интернати наздимактабӣ, бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона, мағозаву ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошанд.
Соҳибкорӣ дар ин ҷо ривоҷ ёфтааст. Аз ҳама муҳимаш Шоҳроҳи бузурги абрешими навэҳёгашта аз ҳамин деҳа мегузарад. Шабу рӯз мошинҳои калони боркаш, ки тавассути гузаргоҳи байналмилалии Кулма бор мекашонанд, дар Аличур таваққуф мекунанд ва аз ин ҳисоб ошхонаву мағозаҳо ва меҳмонхона сермизоҷанду даромадашон меафзояд ва ҳам барои мардуми маҳал ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.
Соли 2008 аз тарафи Сарвари давлат мошини ёрии таъҷилӣ ва дигар мавод ба бунгоҳи тиббии Аличур тақдим гардид. Дар ҳамин бунгоҳи тиббӣ писари Чорубай Иброҳим табиб мебошад. Табибест, ки бо «Нива» - и нав, бо мошине, ки армуғони Пешвои миллат аст, ба кор меояд. 
Дар сафари навбатӣ мардум бо шодмонии зиёд Сарвари давлаташонро пешвоз гирифта, аспи сапед тақдим намуданд. Дуо карданд, ки роҳашон сапеду аспи нияту орзуҳояшон бодпо бод.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 196

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед