logo

иҷтимоиёт

ҲАЛНОМАИ СУДИ ОЛӢ. ИҚДОМЕ АЛАЙҲИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИМЕҲВАР ВА ҲИФЗИ АМНИЯТ

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ омили рушди босуръати кулли соҳаҳои ҳаёт буда, махсусан, дар пешрафти сатҳи зиндагӣ ва рушди илму техника, бо роҳи зуд паҳн намудан, инчунин, ҳифзи маълумот нақши асосиро мебозанд. Инсоният дар ҷаҳони муосир маҳз бо истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист дараҷаи самаранокии кори худро чандин маротиб бештар намуда, ба дастовардҳо ва имкониятҳои зиёд ноил гардад.
Мутаассифона, ҳамзамон бо мусоидат ба пешрафти соҳаҳои ҳаёти инсонӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ривоҷ ва густариши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон низ мусоидат намуда истодааст. Дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ гурӯҳу ҳаракатҳои манфиатҷӯ, ҷинояткору тахрибгар ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гуна маълумоти беасос ва бардурӯғи худро ба воситаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд.
Бинобар мавҷудияти чунин хатарҳо, дар аксари кишварҳо барои паҳн нагардидани ҳар гуна маълумотҳои беасос, бо мақсади таъмини бехатарии амнияти иттилоотӣ ниҳодҳои махсуси давлатӣ фаъолият менамоянд. Он сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба амнияти ин ё он кишвар халал ворид менамоянд ва дар он ташвиқу тарғиби ғояҳои характери зидди арзишҳои миллӣ сурат мегирад, фавран баста мешаванд. Дар аксари кишварҳо мутахассисони соҳаи амнияти бехатарии иттилоот бо истифода аз маҷмӯи барномаву таҷҳизоти ба ҳам алоқаманд, ки барои таҳлил ва барасии маълумот, инчунин, барои филтр намудани маълумот равона шудаанд, сомонаҳои иҷтимоии хусусияти ба амнияти кишварашон хатарэҷодкунандаро мебанданд ва барои паҳн нагардидани ҳар гуна хабарҳои беасосу таблиғоти зарарнок тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Ҳатто дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини амният шабакаи локалии интернетии минтақаро қатъ менамоянд.
Дар ин маврид Тоҷикистон ҳам истисно нест ва мақомоти марбута вазифадоранд, ки амнияти кишвар, аз ҷумла амнияти иттилоотиро таъмин намоянд. Вазъияти ноороми ҳарбию сиёсии Афғонистони ҳамсоя, мавҷудияти гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву терорристӣ дар он ҷо, фаъолияти тахриботии зиддимиллии ташкилоти террористии наҳзатӣ ва созмони ифротии “Гурӯҳи 24” кишвари моро водор ба пурзӯр кардани амнияти иттилоотӣ мекунад.
Натиҷаи тадқиқи чандин ниҳодҳои таҳлилии информатсионии байналмилалӣ (Brand Analytics, OnLife ва ғайра) нишон медиҳанд, ки паҳн намудани идеяҳои радикалӣ ва мағзшӯӣ дар шабакаҳои бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла Facebook, ВКонтакте, Twitter ва Youtubе ба роҳ монда мешаванд. Аксарияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, махсусан ташкилоти террористии “ДИИШ”, зиёд намудани пайравони худро маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули шустушӯи мағзӣ ба роҳ мондаанд. Аксарияти афроди зери таъсири ғояҳои радикалӣ қарор гирифта, ҷавонони аз синни 18 то 25 сола ҳастанд. 84 фисади пайравони худро ҷангиёни “ДИИШ” маҳз тавассути мағзшӯӣ бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб кардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоии бонуфуз масъулони “ДИИШ” махсус барномаҳое доранд, ки асосан тамошобинони онҳо ҷавонон ҳастанд. Инчунин, гурӯҳҳои ифротӣ фондҳое таъсис додаанд, ки вазифаашон тайёр намудани видеоҳо, барномаҳои тарғиботӣ ва паҳн намудани онҳо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун василаи мубодилаи хабар дар анҷом додани амалҳои муштараки террористии онҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳам бо мақсади пешгирии терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарнок дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, ки тибқи дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ - экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, маҳз ҳамин мақсадро дорад.
Ҳамин тавр, ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ки дар асл аз наҳзатиҳои террорист иборат мебошад, иттиҳоди террористӣ - экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Бояд таъкид кард, ки аз таъсис ёфтани ба ном созмони «Паймони миллии Тоҷикистон» зиёда аз як сол сипарӣ мешавад. То ин замон дар атрофи ин ташкилоти ғаразҷӯ баъзе пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ, расонаҳои мустақили хориҷӣ, ки аксаран таҳти садои доираи наҳзатӣ мерақсанд, хеле ҳангомасозӣ карданд ва, мутаассифона, ин рақсу бозӣ ҳамчунон идома дорад. Ҳамаи ҳангомасозӣ ва моҷаробофиро, ки ба дасти муҷриёни наҳзатӣ ва сенариясозону дастбакорони пасипардагии онҳо пиёда мешаванд, метавон зери мафҳуми «бозӣ» арзёбӣ кард. На бозии муқаррарӣ ва одӣ, балки бозии барномавии сиёсӣ ва аз қабл тарҳрезишудаи стратегӣ.
Раҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ баъди талошҳои зиёд, бакорандозиҳои найрангҳои сиёсию тиҷорӣ созмонҳои марбутаро дар мисоли се созмони ифротии сохтаи душман – Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба таъсис додани ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” водошта буд. Наҳзатиҳо ин ташкилотро бо ҳимояту пуштибонии мафкуравию молиявии хориҷӣ таъсис намуданд ва раҳбари фирории ин ташкилоти террористӣ худро дар раъси он қарор дод. Зиёда аз ин, муддатҳост ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи дигарандешони дохилию хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки вожаи «ислом» - ро аз созмони сиёсии худ дур андозад ва бо ин роҳ ҳадсу гумонҳоро нисбат ба созмони ифротгарои наҳзатӣ аз миён бардорад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гул задани фарҳангиёни муҳоҷири тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, мегардад ва бо чормағзи пуч домани онҳоро пур мекунад. Аз ин ҳисоб мехоҳад сафи эътирозгарон ва норозиёнро дар дохилу хориҷ афзуда, созмонҳои байналмилалиро водор намояд, то ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро ба унвони созмони мардумсолор ва гуманист шиносанду дар раъси Паймони миллӣ (дар асл, Паймони зиддимиллӣ) қарор доштанашро эътироф намоянд. Ин ягона роҳе буд, ки лоиҳаи ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро дар хориҷ муваққатан нигаҳ медорад ва сармоягузоронашро барои идома додани иғво, дасиса ва тавтеаҳо дар дохилу хориҷ умед мебахшад.
Воқеият ин аст, ки ПМТ, аслан Паймони наҳзатист ва ба миллату Ватан ҳеҷ иртибот надорад. Ба ин маънӣ, ки ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ҳамчун ташкилоти сиёсӣ, чи дар замони дар ҷумҳурӣ фаъолияти расмӣ кардан ва чи айёми дар хориҷ паноҳ бурдан ба манофеи миллӣ наздик набуд. Чаро? Зеро ки наҳзат аз реша ва бунёд назароти маҳдуди ғайримиллӣ дошт. Ташкилоти ба ном ПМТ ниҳоди сохтаю сунъӣ аст, на табиию худҷӯш. Он ифодагари рӯҳияи миллӣ, манофеи миллӣ, арзишҳои миллӣ, фазои миллӣ ва мафкураи мардумӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Ин аст, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манофеи зиддимиллиаш онро террористӣ унвон кард.
Ҳамчунин, бо ҳалномаи мазкур сомонаҳои интернетии «Nahzat.org», «Vostoknews.org», «Kimya Saadat», «Isloh.net», «Ozodandishon.org», «Zindoniyon.com», «Payom.net», «Tojik islom.ucoz.ru», «salafyink.com», «tajreform.org», «hawzah.net», «salafimasjid.com», «islamhouse.com/ru/», «hizb-russia.info», «sunna-portal.com», «toislam.ws», «mowahed.com», «tevhiddersleri.tv», «whyislam.com», «muhajeer.com», «abumuhammaddagestani.wordpreess.com», «new.sadaislam.com», «Группа24» ttps://www.facebook.com/grouDs/1739568342 923996A., «ПАЁМИMAPflyM» (https://www.facebook.com/groups/l 1019930964 88697/), «Хабарҳоиn^M» fhttps://www.facebook.com/profile.php?id~100012780767765), «Бги Дега» (https://www. facebook.com/Bm-4era-3738158 50025587), «Radio Payom» (https ://voutube. com/channel/ UCvobZlG2 CmxvEkwYlXHY OvO). «Паймони Миллии Тоҷикистон» (https://www. voutube. com/ channel/UCiUldein02WcF1149h-m VA), «Payomi Mardum» (https: //www .youtube. com/channel/ U С v obZ 1 G2CMxy Ekw Y1XH Y OvQ), «Паймони Миллии Тоҷикистон»(https:// www. faceb00k. C0m/ naftM0roi – MKAHH - T04HKHCT0H - 596956310802091/). «Группа-24» (https://www. youtube. com/ channel/ Ucm CWlaokpZVoCrvi80UvIuA), «HAQTJ» (https:// www.youtube. com/channel/UCsWkRTYoK tENMHbelkgwGcO). «ПАЁМ tv» (https://www. youtube. com/ channel/ UCO qafr VhGQV pv8SsIu_wcxw), «POLITIK TJ» (https: //www. voutube.com/ channel/UCf9pX DJUFHotTGkMm80Jlw), «Ҳизби Наҳзати Ислом» (https://www.voutube.com/channel/ UCKvg Qh01VBbx Woito6xP Kg), «ГРУППА 24 LIVE» (https://www.voutube.com/channel/UC3iz3J495UOoSa) Vg Bw GC 09 w), «Группа 24 Общественное политические движения» (https://www. facebook. com/ groups/guruhi24/), «Group-24» (https://www.facebook. com/ group 24net/) ва «Паёми Мардум» (https://www.facebook. com/pavomimardumA, ки ба ташкилотҳои террористӣ - экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ва дигар ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудааст.
Ин ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр дуруст ва саривақтӣ буда, баёнгари он аст, ки мақомоти кишвар ҳамеша дар андешаи амнияту мардуми кишвар мебошанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротимеҳвару дурӯғпарокан ба фазои хабарии Тоҷикистон роҳ ёфта, мардумро гумроҳ намоянд. Албатта, баъд аз омӯзишу таҳқиқот ва таҳлилу ташхиси хабару маводҳои дар ин сомонаҳою шабакаҳо интишорёбанда ҳалнома содир гардидааст.
Минбаъд тамоми шаҳрвандони кишвар дар дохилу хориҷ аз террористию ифротӣ будани ин сомонаҳои интернетӣ огоҳ бошанд ва ба доми фиреби онҳо наафтанд. Зеро ҳар гуна муносибату ҳамкорӣ ва истифодаи ин гуна сомонаҳои террористию ифротӣ, ки рӯйхаташон интишор ёфтааст, амали ҷиноятӣ буда, дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад.

Раҳим ҲОШИМ, таҳлилгари масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 190

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед