logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Тинати поку дили пурмеҳр, рафоқату вафодорӣ бо дӯстону пайвандон ва масъулияти баланд дар фаъолияти меҳнатӣ  сифатҳои Толиб Аҳмедов ҳастанд, ки ба ӯ дар ҷомеа мақоми шоистаро насиб гардонданд. Дар миёни дӯстону ҳамкорон низ ҳамеша аз ӯ  тавсиф мешавад, ки ба хислатҳои некаш, заҳматҳои баҳри ободии Ватан кашидааш рабт дорад. Номбурда  ба зиндагӣ, ба таъбири шоир, бо  чашми хирад нигариста, тӯли ҳаёт  пайи муваффақиятҳо кӯшидааст.
Толиб Аҳмедов, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – бинокор  хатм карда, соли 1984 пас аз адои хизмат дар сафи артиши шӯравӣ ба кори идораҳои сохтмонӣ гузаштааст. Тайи фаъолияи пурсамараш Толиб Аҳмедов аз устои сохтмон сар карда, то ба роҳбари корхонаҳои сохтмонӣ мерасад. Гурӯҳи корие, ки таҳти роҳбарии ӯ фаъолият мекард, пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд корҳоро ба анҷом мерасонд. Бо чунин натиҷаҳои кор дар муддати кӯтоҳ ба зинаҳои баланди мансабию роҳбарӣ мушараф гардидааст.
Соли 2007 дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор пардохта, то соли 2012 роҳбари гурӯҳи назорати техникиро бар уҳда дошт. Чун ҳамешагӣ кори чашмрасу натиҷабахши номбурда барояш обрӯю эътибори нав зам намуд. Ҳамин аст, ки соли 2012 ӯ ба вазифаи муовини директори дирексия таъйин шуда, то имрӯз ин масъулияи баландро бар дӯш гирифтаю сарбаландона онро пеш мебарад. Толиб Аҳмедов  аз оғоз то кунун ҳамеша ба нафъи давлату миллат ранҷ кашидааст. Давраҳои фаъолияташ  дар гузашта ва ҳам имрӯз аз дастоварду комёбиҳои назаррас иборат мебошад. Дар ҷабҳаи  кору пайкори ватандӯстона барои мумфаршсозии роҳу шоҳроҳҳои мамлакат, бунёди садҳо иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, чароғону гулафшонсозии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дасти муҳандисони ҷавони бинокорро дар ҷодаи корҳои сохтмонӣ рост намуда,  барои бо маҳорати баланд ба иҷро расондани эъмори  иншоотҳо шогирдони бомаҳорат тарбия дорад. Хизматҳои арзандаи ӯ аз назари  давлату Ҳукумати кишвар дар канор намондаанд. Соли 2007 бо мукофоти давлатии «Медали хизмати шоиста» сазовор дониста шуд.
Сохтмончии собиқадору соҳибмаҳорат Толиб Аҳмедов дар тарбияи фарзандон низ масъулияти бештар эҳсос намуда, онҳоро дар роҳи нек  ба воя расонд. Се писару ду духтар ҳама соҳиби маълумоти олӣ, мутахассисони соҳибмалака ва дар хизмати миллату Ватананд.
Ҳоло мавсуф дар остонаи 60 – умин солгарди  рӯзгораш қарор дорад, ки ин давраи умри пурбаракаташро имрӯзҳо дар ҳалқаи ёру дӯстон ва пайвандон бо хушҳолию саодати баланди рӯзгор ҷашн мегирад.

Мирзоамин МИРСАИДЗОДА, собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 186

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед