logo

иҷтимоиёт

БОХТАР ОБОДТАР МЕШАВАД, АГАР...

Даҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ барои аҳли заҳмати шаҳри Бохтар фарогири натиҷаҳои мусбати иқтисодию иҷтимоӣ буд. Дар ин баробар баъзе камбудиҳое низ ҷой доштанд, ки масъулон пайи ҳаллу фасли онҳо бояд чораҳои зарурӣ роҳандозӣ кунанд.

ЧАНД “РОЗ”- И АНДОЗ
Аз ҳисоботи омории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бармеояд, ки дар соҳаи андоз муваффақияту мушкилот анқариб баробаранд. Мушаххасан, нақшаи қисми даромади андозҳо, бо назардошти андози иҷтимоӣ, 99 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 2,01 миллион сомонӣ кам маблағ ворид шуд. Аз ҷумла, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 97 фисад ё ба андозаи 2,4 миллион сомонӣ кам иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ низ камтар: 95 фисади нақша аст. Андоз аз даромад 91, андоз аз арзиши иловашуда 86 ва низомҳои махсуси андозбандӣ 97 дарсад таъмин  шуданд, ки аз ин ҳисоб 5,01 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.   
Ба эътирофи масъулони нозироти андози шаҳр, азбаски 17 ширкати хусусӣ ва корхонаи давлатӣ ҳар моҳ андозҳояшонро сари вақт пардохт намекунанд, маблағи умумии қарз ба 17,4 миллион сомонӣ расидааст. 
“Қӯрғонтеппагаз” (қарзаш 9 миллиону 468,9 ҳазор сомонӣ), “Тамер ИНБ” (1 миллиону 256,7 ҳазор сомонӣ) ва ҶСП “Леваканд” (2 миллиону 67,9 ҳазор сомонӣ) аз шумули қарздорҳоянд. Кормандони ниҳод аз чораҳои қатъии қонунӣ истифода бурда, барои насупурдани қарзи андоз нисбат ба КФДБ “Обу корези Қӯрғонтеппа”, ҶДММ “Шаҳрзоди Меҳроҷ”, ҶДММ “Универсал-С”, ҶСШК “Комбинати шири Қӯрғонтеппа, ҶДММ “Бахтиёр - 2014” маводи шикоятӣ таҳия карда, барои баррасӣ ба прокуратура фиристодаанд. Зимнан, дар натиҷаи роҳандозии 49 санҷиш аз аввали сол то кунун ба маблағи умумии 1,5 миллион сомонӣ ҳолатҳои ҷудогонаи пинҳонкунии андозро ошкор карданд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои муассир буд, ки бақияи қарзи андоз (ҷамъ: 23 миллиону 495,1 ҳазор сомонӣ) дар қиёс ба ҳамин давраи соли мозӣ 81,2 ҳазор сомонӣ кам шуд.

ПЕШОҲАНГОНУ ҚАФОМОНДАҲОИ САНОАТ 
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 165,3 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 18,7 миллион сомонӣ ё худ 112,8 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат чор коргоҳи саноатӣ таъсис дода шуд. Самти фаъолияти онҳо истеҳсоли маводи доруӣ, сохтмонӣ ва дӯзандагӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, маъмурияти чанде аз ширкатҳо ба сатҳу сифати кор аҳамияти бештар дода, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил шуданд. Мушаххасан, аҳли заҳмати корхонаҳои «Трансформатор» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 4,9 миллион сомонӣ, «Ресанда» 216 ҳазор, «Коргоҳи дӯзандагӣ» 1,2 миллион ва “Маркази ҳунаромӯзӣ” ба маблағи 103 ҳазор сомонӣ зиёд намуданд. Вале, боиси таассуф аст, ки аз 47 корхонаи саноатӣ ду корхона, аз ҷумла “Равғани Сомонӣ” ва “Кристалл-АТТ”, бо сабабҳои гуногун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кардаанд. 

ҚАРЗИ БАРҚ ЗИЁД ШУДААСТ
Идораи барқи шаҳр ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба маблағи 30,5 миллион сомонӣ 133,4 миллион кВт/соат қувваи барқ интиқол додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 7,1 миллион кВт/соат кам аст. Маблағи пардохтшуда 24,7 миллион сомонӣ буда, қарзи ҳаққи истифодаи қувваи барқ ба 77,5 миллион сомонӣ расидааст. Аз ҷумла, аз аҳолӣ 31,3 миллион сомонӣ мебошад.
Ҳарчанд дар доираи чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, беҳтар кардани таъминот бо неруи барқ як қатор тадбирҳои ташкилӣ - техникӣ, амсоли таъмири шабакаҳои барқӣ, зеристгоҳҳо, хату ноқилҳо, трансформаторҳо ва таҷҳизоти барқӣ ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ амалӣ шудаанд, лекин бинобар маблағгузории ками Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик”, ҳамоно симчӯбҳои фарсуда ва хатҳои уфуқию кабелии мунтазири таъмир ва иваз ба чашм мерасанд.

ТЕХНИКАИ РОҲСОЗӢ ХАРИДА НАМЕТАВОНАНД
Дар муддати 10 соли охир аз 133,3 километр роҳи мансуб ба шаҳри Бохтар 74 километри он азнавсозӣ шудааст. Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҷодаҳо, таъмини бехатарии ҳаракат бо ташаббуси соҳибкорони хайрхоҳ 1,2 километр роҳ сангфарш ва 3,4 километр мумфарш карда шуданд. Муассисаи нигоҳдории роҳҳо 340 метрро асфалт пӯшонд.
Маблағгузории муассиса ба миқдори 754,6 ҳазор сомонӣ сурат гирифта, хароҷоти соҳибкорон дар маҷмӯъ, 410,3 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Мушкили асосии кори ин ниҳод дар он аст, ки дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, бинобар ҷой доштани маҳдудият дар маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ, имкони харидории техникаю механизмҳои махсусро надорад. Мутасаддиёни муассиса ба тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани онро манфиатбор мешуморанд.     

АГАР БОНКҲО МУСОИДАТ МЕКАРДАНД...
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2016 - 2020”, ки омили дигари рушди арсаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дониста мешавад, фарогири 76 лоиҳа ва маблағи умумии 1 миллиарду 252,1 миллион сомонӣ мебошад. Маблағгузории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 37,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят 57,1 миллион, буҷети маҳаллӣ 197,8 миллион, сармояи хориҷӣ 199,6 миллион ва аз ҳисоби маблағҳои худӣ 881,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 
То ин давра 45 лоиҳа амалӣ шуда, 19 лоиҳа таҳти амал қарор дорад. Вале, мутаассифона, баланд будани фоизи маблағҳои қарзии бонкӣ ва кӯтоҳ будани муҳлати баргардондани онҳо дар пешорӯйи соҳибкорон монеаҳои қобили мулоҳиза эҷод карда истодаанд.

ҲАМА ҚУВВА БАҲРИ ОБОДӢ!
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи 30 - юмин солҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ як бинои истиқоматии шашқабата, ду бинои истиқоматии сеошёнаи дорои маркази савдо ва хизматрасонӣ, варзишгоҳ бо 4 ҳазор ҷойи нишаст, бинои иловагии таълимии чортабақаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, бунёд ва бозсозии 10 майдону гулгашт, аз ҷумла Маҷмааи “10 - солагии Ваҳдати миллӣ”, майдонҳои ба номи Рӯдакӣ, Румӣ, “Шаҳидон”, маҷмааи Нишони давлатӣ, “70 - солагии азхудкунии водии Вахш”, боғи истироҳатии ба номи Р. Мӯрчаев, боғчаи истироҳатии кӯдаконаи “Фирдавс” ва дигар ба маблағи 10,6 миллион сомонӣ ба анҷом расиданд. Аз ин 5,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон мебошад.
27 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба маблағи 659 ҳазор сомонӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва 10 бино бо дастгирии соҳибкорон бо усули муосир рангубор шуданд.
Ба наздикӣ, 16 иншоот, аз ҷумла ду бунгоҳи саломатӣ, бино барои кумитаи маҳаллаи “Зархез”, шаш маркази савдо ва хизматрасонӣ, чойхона, ду сартарошхона, кошонаи ҳусн, майдончаи бозӣ барои кӯдакон, чор дукони тиҷоратию хизматрасонӣ ва шаш бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, ба истифода дода шуданд. 

ТАКОНИ ТОЗА МЕБОЯД!
Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар рӯз ба рӯз зеботар ва барои зисту зиндагии шоистаи сокинон мувофиқтар мешавад. Аммо, мусаллам аст, ки агар ноҷӯриҳои дар матлаб зикршуда сари вақт ҳал шаванд, дар ҳама соҳаҳои шаҳр беҳбудиҳои боз ҳам афзун амалӣ хоҳанд гашт.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият” 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 215

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед