logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН – ОШЁНИ ОФТОБ

Дигаргуниҳои азим пеши назарам ҷилвагар, афкори  рангине ба сар, дар як фурсати кӯтоҳ ағбаву кӯҳпояҳо, яъне нисфи масофаро кай паймудааст автобуси мусофирбар, дар хонаи зеҳнам намегунҷид. Ронандаи ба тахмин солаш аз шаст боло, паси чанбари фармон ба дуродур нигоҳ дӯхтаву рӯи роҳҳои оинасон ҳамвор аз рӯи ченаки муайян суръатро тезонда, пиру барно зери ҳавои мусиқии форам ба гуфтае, дар шикамашон об наҷунбида, мегӯӣ аз масири ошёни Офтоб гузар мекарданд. Солмандон аз пешрафту шукуфоӣ, ҷонфишониҳои  ватандорони замона бо дилбастагиву ихлоси бекарона мегуфтанд.
Соате, ки автобуси мо аз канори шоҳроҳи заминҳои ганҷхези Данғара мегузашт, пирамарди ҳампаҳлуям аз пушти шишаи тиреза сӯи майдонҳои беканор бо чашмони ҳавасхоҳ нигоҳ дӯхта, оҳи пурдард кашид. Аён буд, ки мӯйсафед матлабе дар дил дорад. Ҳанӯз лаб накушода будам, ки худаш ба гуфтор омад:
- Бачам, ба як рӯ солҳои пеш рӯзгузаронӣ душвор буд. Шурӯъ аз киштукори баҳорӣ то обёриву ягона кардани ниҳолҳо ва ҳосилбандии кӯракҳо шабу рӯз дар саҳро будем. Хоби ширинро орзу мекардем. То тангии тирамоҳ пахта мечиндем, аз хунукӣ пушти дастону ангуштонамон мекафид. Ҳа, равғану орд вофир буд, лекин ҳоли беҳ надоштем. Сол аз дувоздаҳ моҳ Душанберо Душанбе мешунидем. 
Ба бахти мо, тоҷикон, Сардори давлатамон фаррухпай омад. Ана, нигоҳ кун, инро афсона мегӯянд. Бубин, як мошин кори даҳ - бист одамро сабук гардондааст. Ақл пешрави давлат буда, дунё ба илм обод аст. Китобхон шавед, илм омӯзед, ба қадри  истиқлол бирасед.
 Саҳрои пахтазор сап - сафед шукуфта, ягон хоҷагидор дар боло ё поини қитъа намудор набуд. Манзараи аҷибе аз мусофирон хаёл дуздид. Ронандаҳои мошинҳои пахтачин ҳосилро яксара меғундоштанду техникаҳои навтарин бе ёриву мадади касе баъди пуршавии бордон, хоҳ дар охири мазраъ, хоҳ дуртар аз он “тиллои сафед” - ро той баста мебароварданд. Тойҳои болояшон матои сабз кашида ҳар ҷо - ҳар ҷо афтида, даруни ҷӯяҳоро зеб мебахшиданд. Ҳаракати мошинҳо лаҳзае қатъ намеёфт. Охир барои саранҷоми ҳамин амал дар зовут ё сехҳои алоҳидаи шаҳр меҳнати зиёди дастӣ ва хароҷоти изофа сарф мешуд. Ҳоло ин амалиёти мураккабро танҳо як мошин дар пахтазор ба ҷой меовард. Муъҷизаи пешорӯ аз файзи технологияи пешқадами дунё ба Тоҷикистон  расидааст! 
Даҳсолаҳои пешин равуои одамон аз манотиқи дурдаст ба маркази ҷумҳурӣ мушкил буд. Бо оғози сардиҳои фасли зимистон мардуми Бадахшон озодона ба Душанбе омада наметавонистанд. Корвони мошинҳои муқтадир аз ҳаракат мемонд. Коргарон болои барфи дамида хоку қум пошида, роҳҳоро бо душворӣ бехавфу хатар мегардонданд. Бемордорон ҳоли табоҳтар доштанд. 
Алъон корафтодаҳо бемамониат ба сафар баромада, ба дидорбинии пайвандон мераванду меоянд. Равуои бадахшониён ба пойтахти кишварамон дар чор фасли сол осонтар гашт. Пас аз сохтмони роҳҳои мумфарш тавассути минтақаи Бадахшон – Шӯрообод – Кӯлоб ва дигар навоҳии диёр масофа хеле наздик шудааст. 
Ин манзара дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ низ рух медод. Айёми сардиҳо рафтуомади суғдиён ба пойтахт ба муддати тӯлонӣ канда мешуд. Мушкил боз сари роҳ буд, роҳи пурхатаре, ки дидорбиниро ба таъхир мегузошт. Мусофирон бо нияти аёдати хешовандон эҳтимолияти хатарро аз ёд рабуда, ағбаи пурхавфи Шодмондараро интихоб мекарданд. Ҳоло ронандагон масофаи 7 – 8 соатаро дар 3,5 – 4 соат тай мезананд. Магар ин самараи даврони истиқлол нест?  
Дастовардҳои замони истиқлол хоҳу нохоҳ ба азхудгузариву машаққатҳои ватандорон рабт мегирад. Бо ҷаҳду талошҳои доимӣ  сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда – 2”, “Помир – 1”, “Роғун”, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма – Қароқурум, нақбҳои “Анзоб”, “Истиқлол”, “Чормағзак” ва “Шар – шар” муваффақона анҷом ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро ҳамрадифи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон мегузорад.
Чунон ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал - ҷазира” - и Давлати Қатар баъди ба кор даровардани агрегати дувуми НБО  “Роғун” иброз дошт, як лоиҳаи марбут ба неругоҳҳо бо номи CASA - 1000 татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи он сохтани хати интиқоли барқи баландшиддат аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, дигар кишварҳои қораи Осиё маҳсуб мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ҳаҷми маблағи татбиқи он 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил додааст. Шурӯъ аз соли 2021 Тоҷикистон метавонад ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷмҳои хеле калон барқи аз нигоҳи экологӣ тоза содирот намояд.
Иқдоми сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи аъзои ташкилоту муассиса, вазоратҳои марбута ва аҳолии ҷумҳурӣ қарор гирифт. Ба кор андохтани агрегати дувуми неругоҳ табъи сокинони диёрро болида гардонд. Тоҷикистон аз лиҳози манбаъҳои гидроэнергетикӣ, неруи таҷдидшаванда дар дунё ҷойи 8 - умро гирифта, аз рӯи нишондоди истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз назари экологӣ тоза миёни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 7 - ум қарор дорад.  
 Нуктаи ҷолибтар ин аст, ки неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон барои беҳбудии вазъи экологии минтақа хизмати бағоят бузург мерасонанд. Аз ҷониби дигар, обанборҳои ин неругоҳҳо дар солҳои камобӣ, хушксолӣ мардумро бо захираҳои зарурии оби ошомиданӣ таъмин намуда, дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа дар обёрии заминҳо мусоидат менамоянд.     
Ҷойи фараҳмандист, ки сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва ҳамбастагиву суботи ҷомеа дар кишвар пурра ҳосил шудааст.
Яъне мардуми тоҷик аз бостон фарҳангсолору соҳибтамаддун зиста, имрӯз ҳамрадифи қавмҳои шарафманди сайёра ҷойгоҳи шоистаро касб намудааст. Ҳамин фарзонахисолӣ буд, ки бахт ба рӯяшон хандиду забону миллат ва сиёсати давлати тозабунёди худро пуштибонӣ доранд.  
Давлатдории подшоҳони адолатпеша дар ҳар давру замон зинати таърих мемонад, чунончи сиёсати омӯзанда ва зиндагисози Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин зовия об мехӯрад. Матонату шуҷоати беназири Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро метавон идомабахши воқеии давлати бузурги Сомониён унвон кард. Ин марди худодод арзишҳои суннатии азбайнрафтаро бо намои тоза эҳё намуд. Масалан, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, олимон, суханшиносон, кормандони умури фарҳанг ва ноширон дар ин бахш китобҳои хонданиро ҳамасола ба чоп мерасонанд, ки саршори рӯҳияи хештаншиносиянд. Ба нишони садоқатмандӣ ва арҷгузорӣ дар китобҳои «Забон - ҳастии миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагор» андешаҳои муъҷазу бикр пеш оварда, забону миллату давлатамонро дар миқёси байналмилал муаррифӣ кардааст.  
Ҳар рӯз дар ҷомеаи озоду ҳуқуқбунёди мо воқеаи фараҳбахше рух мезанад, ки сабти авроқи таърих мемонад. Мардумони ин кишвари пешорӯи Офтоб дастобадасти ҳамдигар ба созандагиву барозандагӣ саргарманд. Ин ҳама дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ нақши рӯшани истиқлолият дар ҳаёти мардуми шарафманди тоҷик хоҳад буд.  

Сипеҳри ҲАСАНЗОД, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 317
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед