logo

иҷтимоиёт

СЕБИСТОН. МАЪЮБОН СОҲИБИ ХОНАИ НАВ ШУДАНД

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  пайравӣ ба ташаббусҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба анъанаи неки соҳибкорону шахсони саховатпеша табдил ёфтааст. Дар доираи ҳамин тадбирҳо дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  бо ёрии як гурӯҳ нафарони  саховатпеша  ба оилаи марди  80 - сола бобои Раҳмон Юсуфалиев, ки дар оила 4 фарзанди маъюб дорад,  манзили истиқоматии замонавӣ бо ашёи зарурии рӯзгор  тақдим гардид.
Маъюбон аз хонаи фарсудаи садамавӣ  ба хонаи нав гузаштанд ва шодию нишоти онҳо дар ин рӯз ҳадду канор надошт. Акнун барояшон шароити беҳтари зиндагӣ фароҳам омад, ки аз баракати ғамхории Ҳукумати кишвар нисбат ба ин табақаи ниёзманд аст. Ҳамин аст, ки имрӯз мардуми имконияташон маҳдуд худро аз ҷамъият берун эҳсос накарда, осудаҳолона  зиндагӣ менамоянд. 
 - Аз сабаби тангдастӣ хонаи хоби онҳоро  солҳои зиёд ҳатто аз таъмири одӣ бароварда натавонистам ва то имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Сипоси бепоён ба Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша соҳибкорону шахсони хайрхоҳро ба дастгирии эҳтиёҷмандон, махсусан маъюбону ятимон, ҳидоят мекунанд. Ба шарофати ҳамин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва мадади якчанд ҷавонмард барои чор фарзанди маъюби ман манзили истиқоматии замонавӣ бо тамоми буду бошаш сохта шуд. Аз Худои мутаол таманно дорам, ки  Сарвари ғамхори давлати мо ҳамеша  соябони сари миллат бошанд, - гуфт бобои Раҳмон.
Бо манзили зист таъмин намудани як оилаи маъюб дар радифи ғамхориҳои дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дили ҳазорҳо нафарони эҳтиёҷманд шоду масрур мегардад ва ҷойи ғаму андуҳро шодию фараҳ мегирад. Соҳибкорону нафарони саховатпеша аз ин амалҳои нек илҳом гирифта, ҳамчун ворисони гузаштагон, дар ободониву бунёдкорӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд рӯз аз рӯз саҳми бештар мегузоранд. Чунончи ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалом фармудаанд, ҳар касе аз рӯи раҳмат ва меҳрубонӣ сари ятим ё  маъюбро сила кунад, Худованд бо адади ҳар мӯе, ки дасти ӯ болои он меравад, як некуӣ барои ин бандаи сахӣ навишта мегардонад ва ба адади ҳар мӯе як бадӣ аз гуноҳи ин бандаро нобуд мекунад ва ба адади ҳар мӯе дараҷаи ин бандаро боло мебардорад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 387

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед