logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2020

Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 26053957 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 19500000 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) воридоти андозӣ – 17912035 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ – 1287965 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби
 созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 300000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ  – 4523494 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
а) қарзҳо – 2327013 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо – 2196481 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси
муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ – 2030463 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба маблағи 26403473 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 1395894 ҳазор сомонӣ;
4) маориф – 5004689 ҳазор сомонӣ;
5) тандурустӣ – 1841281 ҳазор сомонӣ;
6) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 3911503 ҳазор сомонӣ;
7) фарҳанг ва варзиш   –  972620 ҳазор сомонӣ;
8) хоҷагии манзилию коммуналӣ,
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал  – 1230696 ҳазор сомонӣ;
9) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 3927631 ҳазор сомонӣ;
10) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор  – 785462 ҳазор сомонӣ;
11) саноат ва сохтмон – 232417 ҳазор сомонӣ;
12) нақлиёт ва коммуникатсия – 1969386 ҳазор сомонӣ;
13) соҳаҳои дигари иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ – 69800 ҳазор сомонӣ;
14) хароҷоти дигар – 3128874 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба андозаи 0,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 349516 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри Буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ, иҷораи моликияти
ҷумҳуриявӣ ва суди саҳмияҳои давлатӣ  – 25000 ҳазор сомонӣ;
  2) аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ – 100000 ҳазор сомонӣ;
3) маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ
ба ҳолати 1 январи соли 2020 – 34000 ҳазор сомонӣ;
4)  аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантии
созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 150000 ҳазор сомонӣ;
5) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ – 30580 ҳазор сомонӣ;
6) иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ – 9936 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1281321 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 811321 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2020, ки маблағи 879000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 470000 ҳазор сомонӣ (ба истиснои уҳдадориҳои қарзи солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» – 391700 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» – 5700    ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 25100  ҳазор сомонӣ;
4) Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 20300  ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» – 3200   ҳазор сомонӣ;
6) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷи» – 4800   ҳазор сомонӣ;
7) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе» – 11000 ҳазор сомонӣ;
8) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» – 4400   ҳазор сомонӣ;
9) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» – 3800   ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 846727 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 247717 ҳазор сомонӣ, баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» 540000 ҳазор сомонӣ ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 59010 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи даромад 11155600 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот 11495180 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми  339580 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 11155600 ҳазор сомонӣ аз рӯи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) андоз аз арзиши иловашуда – 6234440 ҳазор сомонӣ;
2) аксизҳо – 557792 ҳазор сомонӣ;
3) андоз аз фурӯш – 13308 ҳазор сомонӣ;
4) андоз барои захираҳои табиӣ – 260735 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз фоида – 398897 ҳазор сомонӣ;
6) андоз аз даромад – 946913 ҳазор сомонӣ;
7) боҷҳои гумрукӣ – 781000 ҳазор сомонӣ;
8) андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард  – 465767 ҳазор сомонӣ;
9) даромадҳои дигари ғайриандозӣ – 1196748 ҳазор сомонӣ;
10) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 300000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти
давлатӣ ва идоракунӣ – 931338 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти қонунгузор ва иҷроия – 220906 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ – 121271 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати беруна – 254024 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ – 335137 ҳазор сомонӣ;
3) маориф – 788978 ҳазор сомонӣ,    аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ – 194954 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ – 481148 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф – 112876 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ – 282176 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) беморхонаҳо – 148015 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ – 6797 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ – 45746 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ – 81618 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 557962 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ – 372915 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ – 60191 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 124856  ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш – 396366 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ
ва варзиш – 6326 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ – 92903 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма – 144134 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш – 153003 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ,
муҳити зист ва хоҷагии ҷангал –  86951 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 2188262 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор  – 171775 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) барои рушди соҳаи чорводорӣ – 2558 ҳазор сомонӣ;
б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах – 4000 ҳазор сомонӣ;
в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  – 25000 ҳазор сомонӣ;
г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ – 2900 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон   – 230845 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия – 195251 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ – 68745 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудаанд – 3984244 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ – 1741591 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ – 141717 ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ – 1599874 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт – 25000     ҳазор сомонӣ;
в) Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 96000 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд – 2121653 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 11495180 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат – 1922508 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ – 1824796 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати
техникӣ ва хизматрасонӣ – 97712 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ – 251537 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ – 218711 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ – 24424 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар – 8402 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ – 2593111 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ – 162240 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа   – 95341 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар – 2335530 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна – 1741591 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
а) пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ – 141717 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ   – 811321 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ   – 788553 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо) – 94925 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо – 1209872 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ – 189647 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар – 347599 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ –  3144390 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) маблағгузории асосии мутамарказ – 2931207 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот  – 101370 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар – 105694 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ – 6119 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба маблағи 384000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 900568 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  - 194583 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон – 485335 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб – 11941 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт – 46662 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш – 32179 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод – 35062 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Сангвор – 16979 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Тоҷикобод – 21637 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Файзобод – 34135 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Шаҳринав – 22055 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллии ноҳияи Сангвор ба маблағи 3200 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба маблағи 142362 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дар назар доштани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 7297168 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 7307105 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 9936 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1185 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 7290 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 174 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 291 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 176 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 176 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 102 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 114 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 214 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 214 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2020 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2020 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия – 100 фоиз;
2) боҷҳои гумрукӣ – 100 фоиз;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна – 100 фоиз;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон –  100 фоиз;
5) аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) – 100 фоиз;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) – 100 фоиз;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» –  андоз аз арзиши иловашуда – 100 фоиз;
8) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида – 100 фоиз;
9) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» –  андоз аз фоида – 100 фоиз;
10) аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда –  андоз аз даромади шахсони воқеӣ – 100 фоиз;
11) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти  саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») –  андоз аз арзиши иловашуда  ва аксиз – 100 фоиз;
12) аз Бонки миллии Тоҷикистон –  андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2019 – 100 фоиз;
13) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ–  саноатии Тоҷикистону Хитоӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» –  андоз аз фоида – 50 фоиз;
14) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва  лойи табобатӣ)  –
100 фоиз;
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ) – 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд – 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ғ) аз ноҳияи Рӯдакӣ – 96 фоиз ба буҷети ноҳия ва 4 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
 2) андоз аз фоида:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз шаҳри Роғун) – 100 фоиз;
б) аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромад:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) – 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд – 33 фоиз ба буҷети вилоят ва 67 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе – 44 фоиз ба буҷети шаҳр ва 56 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун – 54 фоиз ба буҷети шаҳр ва 46 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) – 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
5) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
6) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо                     – 100 фоиз.
3. Андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи онҳо дар қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, сараввал қатъиян ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуда, баъдан ҳиссаҳои муайяншуда ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
4. Воридоти андоз аз истифобарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил шудааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
5. Маблағи як намуди андозро ба дигар намуди андоз берун аз таъйинот гузаронидан, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор, бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2020 аз рӯи даромад ба маблағи 3218703 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 3153703 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 3218703 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 37,6 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 62,4 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 20,0 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 80,0 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2020
1. Андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии он, нақлиёти барқӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши озуқа, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд, аз ҷумла: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст (дар як баст) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода  аз ҷониби Федератсияи Россия, мактаб барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод аз ҷониби ширкати чинии «ТВЕА», мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар, барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Левакант, барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ширкати хитоии «Синохайдро», мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркманистон, мактаб барои 630 ҷойи нишаст аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен (Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбек темир йулларӣ») ва маҷмааи тандурустӣ барои 200 кат дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон (пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон). Инчунин идомаи сохтмони долонҳои иловагии зиддитармавӣ дар фосилаи муайяншудаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак, ки аз ҳисоби маблағгузории кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Воридоти ангишт аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
8. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳои тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
10. Корҳои  сохтмонӣ, молу масолеҳ, локомотивҳо ва вагонҳо, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ва барқарорсозии минтақаи фосилавии Ёвон – Вахш, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молу масолеҳи сохтмониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
11. Федератсияи футболи Тоҷикистон, сохторҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.
12. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
13. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита ва  элита, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2020 аз ҳисоби  иҷрои барзиёдии нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 20 фоиз ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 30 фоиз баъд аз пӯшонидани касри буҷет ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағи озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, идрорпулӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Ҳангоми зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Пардохти ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузоришаванда дар қисмати даромаду хароҷоти сметаҳои ягонаи онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳо пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 45 фоиз;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – 40 фоиз;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ – 5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм ва фарҳанг – 10 фоиз;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 15 фоиз;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ – 20 фоиз;
6) аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур  ситонида намешавад.
2. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъди давраи ҳисоботӣ  гузаронида мешавад.
3. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани низоми мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
4. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
5. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2020 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
6. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 50 фоизи маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 50 фоизи воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
7. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кортҳои идентификатсионӣ) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кортҳои идентификатсионӣ) воридгардида пурра ба фонди андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоташон бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
8. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявии ҷорӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
9. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ғ) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
 3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 фоиз муқаррар карда шавад;
4) ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии дигар
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохта мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2020 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи он мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, адозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, аз рӯи таъйиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шаванд.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2020 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда, аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузорӣ дар соҳаи заминсозӣ ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 23925499 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 24187383 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 261884 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дар назар доштани хизматрасонии он ба маблағи 1700011 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2020 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2019, № 1650

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 - 2022

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2021 аз рӯи даромад ба маблағи 28635562 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 29125647 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 490085 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2022 аз рӯи даромад ба маблағи 30983052 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 31527017 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 543965 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2022 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2022-2023 аниқ намояд.
4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 26053957 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 26403473 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 349516 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2020 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 маълумот диҳад.
6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 100000 ҳазор сомонӣ бо роҳи барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии асъор таъмин намояд;
- барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2019 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии моливӣ шартномаи дахлдорро ба имзо расонад.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 ноябри соли 2019, № 1507


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2019    №: 225    Мутолиа карданд: 1707
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед