logo

иҷтимоиёт

ТАЪРИХИ ТАМАДДУНОФАР. НЕЪМАТЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО МАҲБУБИ ДИЛҲО КАРДААСТ

Агар ба гузаштаи куҳани  мамлакат назар афканем, дар дунё  сарзаминеро аз лиҳози таъриху тамаддун ба ин ҳад пурғановат пайдо карда наметавонем. Мардуми ин кишвари маҳбуб дорои мероси бузурги таърихӣ, фарҳангӣ, ҳунарҳои нодири мардумӣ, расму оини аҷдодӣ ва ҷашнҳои пурҳикмати суннатӣ мебошад. Таърих собит месозад, ки тоҷикон ҳамчун мардуми тамаддунофар  дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз  ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классикон ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик пеши назар офаридаю ҳунарҳои зебоеро ҷилва медиҳанд, ки тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро тоҷикон аз насл ба насл мерос монда, то ба замони мо оварда расонданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фарҳанги бостонии халқи тоҷик чунин баҳои оқилона доданд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии «ЮНЕСКО» ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Аз ин рӯ, дидани ҳар як гӯшаи сарзамини пурганҷу таърихии мо барои ҷаҳониён ҷолиби диққат ва омӯзанда аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти чунин ғановати маънавию табиати нодир ва ба хотири ҳифзу тақвият бахшидани ҳунармандии бою рангини мардуми тоҷик солҳои 2019 - 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ин ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва ба ҷаҳониён беҳтару шиносондани таъриху фарҳанги мондагори Ватан  қобили ситоиш аст. Дар байни тоҷикон маъмултарин ва бонуфузтарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот, кулолгарӣ маҳсуб меёфт. То солҳои 20 - уми қарни гузашта дар Осиёи Миёна ба бофандагӣ мардҳо ва ба дӯзандагӣ занҳо машғул буданд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Сарвари давлат кулли ҳунарҳое, ки дар ҳолати азбайнравӣ қарор доштанд, аз нав эҳё гардиданд.
Бо воридоти бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо мардуми гӯшаҳои дигари олам  бо табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумие, ки таърихи чандинҳазорсола доранд, шеъру шоирӣ, муҳити фарҳангӣ, мардуми адабпарвару меҳмоннавози кишвари мо шинос шуда, бо ғизои бузурги маънавӣ ба диёри худ бармегарданд. Ҳамин таърихи куҳан аст, ки Тоҷикистонро  маҳбуби дилҳо кардааст.
Чи хуб шуд, ки барои ривоҷи бештару хубтари сайёҳӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сайёҳоне, ки ба мамлакати мо ташриф овардан мехоҳанд, муҳлати бақайдгирӣ боз ҳам содатар гардид. Ба василаи сайёҳон тамоми ҷаҳон хоҳад донист, ки тоҷикон аз давраҳои қадим  бо ҳунару ҳунармандӣ ва офарандагии худ шуҳрат доштанд. Деворнигориву ёдгориҳои санъати волои Варахша, Панҷакенти қадим, Бунҷекат, Ҳулбук ва ғайра аз дараҷаи баланди рушди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳанд. Имрӯзҳо дар шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон – Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, ки симояшон дар солҳои охир хеле тағйир ёфтааст, мардум анъанаҳои қадимаи ҳунармандиро эҳтиёткорона ҳифз мекунанд. Силсилаи хонадонҳои машҳури ҳунармандон - шоҳибофон, зардӯзон, тоқидӯзон, заргарон, бофандагон имрӯз ҳам пурмаҳсул кор мекунанд ва эъҷози дастони моҳири онҳо дар гӯшаю канори ҷаҳон мухлисони худро доранд. Сайёҳоне, ки аз ин кишвар дидан мекунанд, ба ёдгориҳои қадимтарини таърихӣ, тарзи ҳаёт, эҳёи ҳунарҳои куҳан шинос мешаванд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда меомӯзонанд.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад. Мо баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат қадамҳои устувор гузошта истодаем. Ҳамзамон, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва дарки решаҳои он тадбирҳои муҳим андешида истодаем. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем.
Аз ин рӯ, ҳифз ва гиромидошти тамаддуни чандҳазорсолаи халқамон дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дар ин раванд  омӯзиши донишҳои сайёҳию забонҳои хориҷӣ рисолати мо, ҷавонони имрӯзаи Ватан маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, ба кишвари мақбули сайёҳон табдил додани Тоҷикистони маҳбуб аз фарҳанги волои шаҳрнишинӣ ва зиндагии намунавӣ доштани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ  низ вобастагӣ дорад. Агар мо, сокинони ҷумҳурӣ сар аз як тан ба татбиқи он камар бандем, Тоҷикистони азиз ба маҳбубтарин минтақаи сайёҳии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
 
Шуҳратҷон ҚОЗИЗОДА, донишҷӯи курси 5 - уми
факултети таърихи  ДДОТ ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 527
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед