logo

Хабарҳо

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур - Султон варзишгари маъруфи кишвар Сорбон Латипов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.
Тибқи иттилои «Спорт. кз», дар мусобиқа 150 варзишгар аз 13 давлат ширкат дошт. Ҷумҳурии моро 4 варзишгар – Сорбон Латипов, Акмал Давлатов,  Муҳаммад Гуреззода ва Шаҳром Шералов намояндагӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Сорбон аввали моҳи ноябр дар Чемпионати ҷаҳон (Корея) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

«ТӮБИ ТИЛЛОӢ». Бахти Месси маротибаи шашум омад кард
Имрӯз дар пойтахи Франсия – шаҳри Париж маросими ҷоизасупории «Тӯби тиллоӣ – 2019» баргузор шуд. Барои соҳиб шудан ба ин ҷоизаи арзишнок ҳамлавари «Барселона» – Леонел Месси, дифоъгари «Ливерпул» Вирҷил ван Дейк ва форварди «Ювентус» – Криштиану Роналду муддаии асосӣ ба шумор мерафтанд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ Месси аз рақибонаш пеш гузашта, маротибаи шашум сазовори ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гашт. Қаблан ӯ дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 ин ҷоизаро соҳиб гардида буд.
Миёни бонувон «Тӯби тиллоӣ» - ро Меган Рапино, футболбози тими мунтахаби ИМА ба даст овард. Де Лигт («Ювентус») беҳтарин бозигари ҷавони Аврупо ва Алиссон Беккир («Ливерпул») беҳтарин дарвозабони Аврупо дониста шуданд.  

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 704

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед