logo

сиёсат

ТАЪРИХ. ВАҚТЕ САРНАВИШТРО БО ДАСТИ ХУД МЕНАВИСЕМ...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маъруфтарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯз шинохта шудаанд. Ба ҳайси Сарвари Тоҷикистон дар сарнавишти миллати бостонӣ ва  мутамаддини тоҷик гардиши куллӣ ба миён оварданд.
Таърихи башарият шахсиятҳоеро ёд дорад, ки рӯзгору корномаашон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Онҳо дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ бо назару диди фарох амал карда, корномаҳои тақдирсоз анҷом дода, дар сарнавишти мардуми сайёра нақши бориз доранд. Дар қатори ин фарзонагон, барҳақ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд. Агар ба фаъолияти Пешвои миллат назар андозем, на танҳо миллату давлати моро ба рӯзи саодату некӣ расонданд, балки дар сарнавишти мардуми сайёра дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муаммоҳои глобалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасии инсоният ба оби ошомиданӣ нақши мондагор доранд.
Ногуфта намонад, ки дар ин муваффақиятҳои беназир, ки Ҷаноби Олӣ дар олам ба маъруфият расонданд, ҳама вақт дар сиришташон ду сифати нодир – ҷасорати фикр ва ҷасорати амал ба ҳам тавъам буданд ва ҳастанд. Пешвои муаззами миллати тоҷик қотеона иброз дошта буданд:  «Таърих он вақт омӯзанда ва сабақ шуда метавонад, ки аз гузашта ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем». Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устувории ба худ хос, иродаи матин, пешвоии худодод ва дилсӯзиву хирадсолории худ тавонистанд мардуми тоҷикро ҳамчун миллати сулҳпарвар сарҷамъ ва ба ҷаҳониён волохирад муаррифӣ созанд. Ҳарчанд хидматҳои бемислашон ниёз ба таблиғ надоранд, кам иттифоқ меафтад, ки касе мисли ӯ барои сарҷамъию осудагии миллати худ ин қадар талош карда бошад.

Абдулҳамид МАҶИДЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи «Гулистон» - и ноҳияи Фархор,
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 341

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед