logo

Хабарҳо

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дирӯз дар пойтахти кишвар конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони «Нақш ва моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо ташкил шудааст, оғоз гардид.
Директори Институти иқтисодиёт ва демография Лутфулло Саидмуродов иброз дошт, ки мақсад аз баргузории конфронс таҳлили вазъ ва дурнамои рушди сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки сармояи инсонӣ маҷмӯи нишондиҳандаҳои зеҳнӣ, дониш, солимӣ, самаранокии меҳнат ва сифати зиндагӣ буда, омили муҳими рушди иҷтимоӣ - иқтисодии ҳар давлат ба ҳисоб меравад. Он, ҳамчунин, омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб ёфта, татбиқаш дар ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла саноатикунонӣ, ки ҳадафи чоруми стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти хоса дорад.
Чуноне таъкид шуд, муҳимияти ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои рушди сармояи инсонӣ афзалиятҳои зиёде, ба монанди ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини солимии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор, ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ ва коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ муайян гардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 896

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед