logo

Хабарҳо

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба пойтахти Ӯзбекистон -  шаҳри Тошканд бо шароити варзишгоҳи «Миллий», ки дар он бозиҳои дастаи «Бунёдкор» ва тими миллии Ӯзбекистон доир мегарданд, шинос шуд.
Тавре хадамоти матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ бо шароитҳои барои футболбозон ва мухлисон фароҳамовардашуда шинос гардид. Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз осорхонаи варзишгоҳ, ки дар он аксҳои Нуриддин Амриев, футболбози собиқадори тоҷикистонии дастаи «Пахтакор», ҷой дода шудаанд, боздид ба амал овард.
Зимни боздид аз ин варзишгоҳ Рустами Эмомалӣ бо ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, довари маъруф Равшан Эрматов  мулоқот кард.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро бар дӯш дорад, аз рушди футбол дар минтақа изҳори умед намуда, ба роҳ мондани вохӯриҳо байни клубҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказиро ба манфиати кор хонд.
Равшан Эрматов ба Рустами Эмомалӣ пероҳани тими миллии Ӯзбекистонро таҳти рақами 7 тақдим намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1415
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед