logo

сиёсат

ДАР ШОҲРОҲИ БАХТУ САОДАТ

ЧАНД ТАФСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Мо Ватан дорем, ки он Тоҷикистон ном дорад ва як ҷузъе аз харитаи сиёсии ҷаҳонро кишваре бо ин ном ташкил медиҳад. Тоҷикистонро дар симои роҳбараш дар минбарҳои баланду бонуфуз мепазиранду эътироф мекунанд. Тоҷикистон бо тасмимҳои худ дар  ҳаёти аҳли башар нақш гузоштан мехоҳад. Тоҷикистон кишварест, ки таърихи ҳазорсолаҳоро соҳиб аст…  ва ба ин монанду ҳамоҳанг ҷумлаҳо зиёданд, ки онҳоро алифбои шинохти истиқлолияти Ватан гуфта метавонем. Истиқлолият чун як мафҳуми дорои уфуқҳои нопайдо озодиву дороии як миллатро аз чандин зовия нишон медиҳад. Марз, мулк, забон, фарҳанг, анъана, иқтидор, нуфуз, эътибор, дин, оин ва даҳҳо ганҷинаҳои дигари маънавию моддӣ боис мешаванд, ки истиқлолияти як миллат комил шавад. Хушбахтии  миллати тоҷик аст, ки ин ганҷинаҳоро аз қадим соҳиб мебошад ва қатъи назар аз монеаву душвориҳо дар масири таърих онҳоро аз даст надодааст.
Истиқлолият неъмати бебаҳост. Агар чунин намебуд, имрӯз халқу миллатҳои зиёд дар ҳасрати он ашк намерехтанд. Яъне, надоштани истиқлолият маънии тобеъ будану салтанат сохтани дигаронро дорад. Таърих ба мо имкон дод, ки баъд аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлату сарзамини худ гардем. Тоҷикистони мустақил сохта шуд ва акнун вақт лозим аст, ки мо ба маънии томаш истиқлолияти миллии  худро  такмил диҳем ва дар ин доира бояд таъхир накунем.
Тоҷик асолат дошту дорад ва имрӯз имкон фаро расидааст, ки ғуборҳоро аз рӯи оинаи ҳақиқат дур афканем, то ҷилои он  равшан гардад. Давоми ҳазор сол моро ҷудо карданду пароканда сохтанд ва  мулку сарзамини тоҷик дар ҳукми тақдирҳои табартақсим қарор мегирифт. Ҳамин аст, ки ба қавли шоир марзи мо забони мову фарҳанги мост ва ин забону фарҳанг чун як харита гузаштаҳои моро бо ҳам пайванд месозад.
Истиқлолият муқаддас ва аз он муқаддастар ҳифзу таҳкими он аст. Ин ақида ҳам саҳеҳ мебошад, ки  ки истиқлолият неъмату мероси абадӣ нест, ки дар хазинае нигоҳ дошта шавад ва ҳар замони мувофиқ ба халқеву миллате ҳадя гардад. Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм бояд ҳар як хурду бузург муқаддас шумораду ҳифз намояд. Андаке ғафлату бетафовутӣ кифоя аст, ки ин ганҷ аз даст равад. Намунаашро дар оғози солҳои навадум халқи тоҷик шоҳид гаштаву аз сар гузаронда буд. Он ҳама бадбахтиҳоро нотавонбинон барои адами истиқлоли мо ба вуҷуд меоварданд. Ақли солим ғалаба кард ва роҳнамоиву хидматҳои Пешвои миллат буд, ки хавфи нобудии миллат ва истиқлолият аз байн рафт. Ҳама унсурҳои истиқлолият - оғоз аз Суруди милливу Парчам то асъори милливу фарҳангу артишу забон барои мо муҳайёст. Акнун фаротар аз ин имрӯз сиёсати мустақил доштану мавқеъ пайдо кардани кишвари мо дар арсаи байналмилалист. Аносири истиқлол моро ба ин амр водор месозад.

ЗОВИЯҲОИ ШИНОХТИ ВАТАН
Ҳикмату воқеияти зиндагии инсон аст, дар он ҷое, ки зода шудаему камол ёфтаем, ба маънии тамом дар он ҷо қадру қимат дорему ба кор меоем. Мақоле ҳаст, ки олами вуҳуш ба суроғи ҷое меравад, ки он ҷо серии худро мебинад. Инсони комил дар суроғи манзилест, ки сарфи назар аз хору хасаш диёру ватани ӯст. Шириниву сарвату лаззати дур аз Ватан истисно нест. Аммо зуд аст, ки ин неъматҳо дилбазану якнавохту бемаънӣ мегарданд. Зеро арзише аз арзиши ҳузур доштан дар Ватан болотар нест ва агар инро инкор намоем, пас тафовуте байни ҳамон олами вуҳушу инсон боқӣ намемонад. Маънии зиндагии мо он аст, ки бо дидори Ватан шод бошем ва дар фироқу ғурбат шитобон дар суроғи дидори он гардем. Зиндагӣ паҳноҳои васеъ дорад ва саодат он аст, ки агар дар ин паҳноҳо мо Ватани худро фаромӯш накарда бошем.
Якҷонибаву ғафлатсифатона сарвату мол андӯхтану доштан истиқлолияти ягон кишварро таъмин карда наметавонад. Ганҷинаҳо дар оғӯши Ватан ҳастанд, на Ватан дар оғӯши ганҷинаҳо. Ганҷинаҳо каму зиёд ғорат, несту дигар мешаванд, аммо Ватан боқӣ мемонад.  Агар чунин намебуд, инқилобҳои таҳмилии арғувонӣ истиқлолияти баъзе кишварҳои пурганҷинаи олами Шарқро зери суол намебурд. Ватанро бояд танҳо барои ганҷинаҳои моддияш  дӯст надорему нашиносем. Шинохти Ватан дар замири қалбҳо хона дорад ва он ганҷи маънавиест, ки аз меҳру муҳаббату нангу номус ташаккул ёфтааст. Рақиб ҳама ганҷро нест кардаву бурда метавонад, аммо газанде ба он ганҷи маънавӣ расонида наметавонад. Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки тӯли он мулки тоҷик борҳо ғорат гардид. Аз ӯ молу ганҷро гирифтанд, аммо нангу номусу ҳувиятро гирифта натавонистанд.
Инсон офаридаест, ки гоҳо ҳақиқатҳоро қоил намешавад. Ин офарида бояд донад, ки ӯ барои худ ба дунё наомада, барои дигарон, барои Ватану ҷомеа ба дунё омадааст. Танҳо манқурт худбин асту нисбат ба Ватану арзишҳои ватандорӣ бетафовут буда метавонад. Барои ватандӯст ҳар як ормони Ватан ормони дили ӯст. Хиёнатпеша онест, ки арзишу манфиати  худро аз арзишу манфиати Ватан боло мегузорад. Мусаллам аст, ки чун фард Ватани худро дӯст дошта наметавонад, ӯ ҳеҷ гоҳ касеву чизе, ҳатто оилаву пайвандони худро дӯст дошта наметавонад. Ватан он масканест, ки ҳама чизаш барои мо азиз аст. Ватан манзилест, ки моро бо каму зиёдаш камол мебахшад. Ватан -  модар ва хотири осудаи мост. Шояд Ватан бидуни мо вуҷуд дошта тавонад, аммо мо бидуни он вуҷуд дошта наметавонем. Зеро номи Ватан - номи шахс, симои шахс, шаҳрвандӣ, зоҳиру ботини шахс мебошад.

МУҲАББАТ ВА НАНГУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
Булҳавасона дар ҳасрату ҳавасҳо зистану Ватанро фаромӯш кардан оини ҷавонмардӣ нест. Оне, ки Ватанро фаромӯш карда, мегӯяд, ки ман дар ҳама ҷо сарват дораму зиндагӣ намуда метавонам, ҳама гӯшаи олам Ватани ман аст, маънии онро дорад, ки ӯ лаззате дар ҳаёт намебинад. Юсуф чун як султони тавонманду одил дар қасрҳои Миср менишасту ёди Канъони пур аз хору хасу хок азияташ медод ва як умр ҳасрат аз фироқи Ватан дошт. Яъне, муҳаббати Ватан асроре дорад, ки кашфу тавзеҳи пурраи он хеле мушкилу мураккаб аст. Муҳаббати  ҳар яки мо дар маҷмӯъ, Ватанро месозаду камол мебахшад. Истиқлолият ва ҳастии Ватан аз муҳаббати инсонҳо ба он сарчашма мегирад. Истиқлолият бо амалу муҳаббату садоқату эътимоди ҳар як фард пойдор аст. Муҳаббати Ватан ин садоқат, эҳтиром, эътимод ва муносибати саршори завқест, ки ҳар яке аз мо дар дунёи маънавии худ нисбати зодгоҳу диёр  дорем. Чун аз муҳаббати Ватан ҳарф мегӯем, ногузир аст, ки мутобиқу мувофиқ ба фазову муҳиту қонуниятҳои он зиндагӣ дошта бошем.
Халқиятҳои донову дурандеш талош кардаанд, ки худро созанду ҳама чизи худро дошта бошанд. Ба умеди касе нашудаанд ва бо завқу муҳаббат ва нангу номуси ватандорӣ хонаи худро обод кардаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз он ишора мекунанд, ки «…касе омада мулку кошонаи моро обод намесозад. Завқу муҳаббати баланди мо наҷотбахши мо ва омили бунёдкории мо мешавад». Таъбири боло беҳтарин даъвату садо барои баланд гаштани муҳаббати ватандорист. Маҳз ин муҳаббату завқи баланди миллати тоҷик аст, ки имрӯз лоиҳаҳои бузурге дар пайи татбиқу амалӣ гардидан мебошанд. Файзу баракати истиқлолро ҳамон вақт дарк мекунему мебинем, ки агар оташи муҳаббату нангу номуси ватандорӣ дар вуҷуди мо аланга дошта бошад. Муҳаббат ба Ватан имкон медиҳад, ки истиқлол таъмин шавад ва истиқлол имкон медиҳад, дунёи ин муҳаббатҳо вусъат пайдо намояд. Муҳаббат ба Ватан шарафест, ки шахси оқил ҳамеша дар ҷустуҷӯи он аст. Чун ин шарафро ба даст меорад, ҳамеша дар ҳифозати он мешавад. Оромиши хотири ӯ ба вуҷуд меояд. Барои ҳамин  ҳам бузургон муҳаббат ба Ватанро аз имондорӣ гуфтаанд. Мазмуни воруна он аст, ки танҳо беимон ба Ватан бетафовут мешавад.

САҲИФАҲОИ ТАЪРИХРО РАНГИН МЕСОЗАНД
Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастовардҳои бузургро соҳиб гардидааст. Шумору номбурди онро бори дигар зурур намедонем ва ҳатто дар чанд саҳифа танҳо зикри якояки онҳо аз имкон берун аст. Роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустиву фарҳангӣ, варзишгоҳҳои замонавию муҷаҳҳаз, меҳмонхонаҳои зебову замонавӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна, НБО-ҳои хурду бузург, роҳҳои оҳану хатсайрҳои ҳавоии мустақил, китобхонаҳо, осорхонаҳо, системаи муназзами энергетикӣ, боғоту корхона ва ғайраҳо имрӯз симои Тоҷикистони мустақил мебошанд. Барои маълум кардани баъзе рақамҳову фактҳо ҳоҷат нест, ки ба идораеву назди шахси масъуле рафт. Ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ шаклҳои зиёди васоити ахбори омма ба сифати оинаи инъикоси рӯзгор бисёр чизҳоро ба мо бозгӯ менамоянд, ки ин низ файзи истиқлол мебошад. Шахсан саҳифаҳои васоити ахбори оммаро варақгардон менамоям ва бори дигар муътақид мешавам, ки истиқлолият ин файзу баракати зиндагии мост. Ба саҳифаҳои сомонаҳои ду бузургтарин воситаи ахбори оммаи кишвар - АМИТ «Ховар» ва Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯ меорем. Нахуст аҳсант мегӯем, ба журналистон, ки ин қадар матолибро ҳамарӯза таҳияву нашр менамоянд ва, ҳамзамон, саҳифаҳои таърихро рангин месозанд. Албатта, дар ин самт нақши тамоми журналистони дигари кишвар низ мавриди зикр аст. Зеро ватандӯстдортарин ашхос аҳли зиёву эҷод мебошанд, ки маҳз онҳо нафаси ҳамарӯзаи Ватанро бештар эҳсос мекунанд. Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон бунёдкориҳои бовусъату босуръат идома доранд. Вобаста ба ин, дар сомонаи АМИТ «Ховар» бахше бо номи  «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» амал менамояд, ки он, аллакай, ба як бойгониву китобхонаи махсус табдил ёфтааст. Беминнату дастрас аз он аксар маълумотро доир ба дастовардҳои бузурги халқи тоҷик метавон пайдо намуд. Назар ба маълумоти ин бахш, давоми 27 соли истиқлолият танҳо дар дурдасттарин минтақаи кишвар ВМКБ 1700 иншооти гуногун бунёд ёфта, то ҷашни 30 - солагӣ ба истифода додани боз 500 иншооти дигарро ба нақша гирифтаанд. Оё ин файзи истиқлол нест, ки имрӯз як минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар босуръат ободу шукуфо гардидааст. Дар пойтахти кишварамон то рӯзи баргузории ин ҷашн бунёди зиёда аз 3500 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Давоми ду соли оянда дар пойтахти азизамон 21 муассисаи таълимии дорои зиёда аз 18,5 ҳазор ҷои нишаст бояд бунёд ёбад. Бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи Ҳисор 600, ноҳияи Фархор 324, ноҳияи Балҷувон 375, ноҳияи Мастчоҳ 500, шаҳри Турсунзода 310, ноҳияи Варзоб 270, шаҳри Хуҷанд 510, шаҳри Хоруғ 94, ноҳияи Мурғоб 85, шаҳри Конибодом 300, ноҳияи Рашт 140, ноҳияи Рӯдакӣ 414 ва ноҳияи Носири Хусрав 53 бунёду азнавсозии иншооти таъйиноти гуногун ҷараён доранд. Дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ватани маҳбубамон ҳудуди 19 ҳазор иншооти нав бунёд мегарданд. Ин ҳама ба манфиати халқи азизи кишвари мост ва бозгӯи он мебошад, ки истиқлолият ин файзу баракати рӯзгору зиндагии мост. Тоҷикистонро бо ин неру рӯзҳои неку пурсаодат дар пешанд. Дур нест он рӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари неруманду пешрафта  дар минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Халқи тоҷик бо файзи истиқлолият ва  роҳнамоии Пешвои маҳбуби хеш дар шоҳроҳи бахту саодат қадамҳои устуворона гузоштааст.

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 651
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед