logo

фарҳанг

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ... ОЗМУНЕ, КИ МАЪНАВИЯТРО КАМОЛ МЕДИҲАД

Аҳамияти мутолиаи адабиёти бадеиро дар рушду камолоти маънавии инсон аз замонҳои қадим олимон, мутафаккирон, файласуфон ва шоирону нависандагони бузурги олам таъкид кардаанд. Аз рӯи натиҷаи пурсишҳои сотсиологӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон муайян гардидааст, ки китобхонӣ  имрӯз барои кӯдак ва, умуман, ҷавонон фаъолияти чандон шавқовар ба ҳисоб намеравад. Онҳо аз китобхонӣ дида бештар ба телевизору компютер, филмҳои видеоии аҳамияти таълимию тарбиявӣ ва эстетикиашон хеле заиф, ки  бо мақсади тиҷорат ва ба даст овардани фоида паҳн мешаванд,  рағбат пайдо карда истодаанд, ки ин боиси нигаронист. Албатта, дар замони рушди техника воситаҳои дастрасии хонандагон ба иттилоот бештар  мегардад, вале дар ҳеҷ сурат он таассурот ва кайфияте, ки хонанда аз мутолиаи китоб мегирад, ба ҳеҷ гуна воситаҳои дигари иттилоотӣ баробар шуда наметавонад.
Беҳуда нест, ки ин масъалаи муҳимро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиён бори дигар  Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор намуданд, ки “Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву зимистона омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардондани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд”.
Нахуст бояд зикр кард, ки тибқи ақидаи олимон мутолиаи доимии адабиёти бадеӣ умри инсонро зиёдтар мегардонад. Зеро аз рӯи маълумоти тиббӣ фаъолияти бисёр узвҳои инсон ба фаъолияти майнаи сар вобастагии зич дорад. Бемориҳои узвҳои дарунии инсон аз фаъолияти нодуруст ё заифии майнаи сар ба амал меоянд. Китобхонӣ майнаи сарро варзиш медиҳад. Чӣ тавре ки мо узвҳои бадани худро ба туфайли варзиш қавӣ мегардонем, майнаи сарро низ ба воситаи китобхонӣ метавон қавӣ гардонд.
Махсусан, адабиёти бадеӣ тахайюлот ва қобилияти эҷодкоронаи хонандагонро баланд мебардорад. Маълум аст, ки ҳодиса ва воқеаҳои асар  дар замон ва макони муайян ба амал меоянд. Ҳар хонанда аз рӯи тахайюли худ муҳити амали қаҳрамонон ё ҷойи баргузории ҳодисаву воқеаҳои дар асар тасвирёфтаро тасаввур мекунад. Яъне чун режиссёри театр хаёлан саҳнаи амали образҳоро месозад. Симои образҳои мусбат ва манфии асар аз рӯи амалу рафтор ва гуфторашон  ба ҳар хонанда вобаста ба завқи онҳо ба тарзи гуногун зоҳир мегардад. Худи хонанда низ дар қатори образҳо ба ҳодисаву воқеаҳои тасвирёфта ворид мегардад, ба онҳо эҳсоси ҳамдардию ҳамраъйӣ мекунад.
Барои он ки наслҳои боэътимоди ояндаро ба воя расонем, бояд аз ҳозир насли наврасро ба китобхонӣ бо истифода аз роҳу усулҳои мувофиқ ҷалб намоем, аз хурдсолӣ дар дили онҳо меҳру муҳаббатро ба китобу китобхонӣ бедор созем. Дар ин кор, пеш аз ҳама, нақши падару модарон, мураббиён, омӯзгорон хеле баланд аст. Дар аксар оилаҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад, вале бисёр оилаҳое ҳастанд, ки ба ин масъалаи барои фарзандонашон ҳаётан муҳим  хеле сатҳӣ менигаранд. Дуруст аст, ки барои инкишофи тафаккури кӯдак воситаҳои бисёре вуҷуд дорад: аз қабили бозии шоҳмот, ҳалли масъалаҳои одӣ ва шавқовари математикӣ, чистонгӯӣ, байтбарак, ҷалб намудан ба маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва монанди инҳо. Вале ҳар яке аз воситаҳои номбаршуда ҷой ва мақоми худро доранд. Мутолиаи адабиёти бадеӣ аз ин воситаҳо бо он фарқ мекунад, ки тавассути он ба бисёре аз ҳадафҳои дар боло номбаршуда ноил гардидан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки ҳеҷ кӯдак бидуни дахолати калонсолон аз пеши худ китобхон намешавад. Барои ба китобхонӣ ҷалб намудани кӯдакон, пеш аз ҳама, шавқи онҳоро ба китобхонӣ бедор кардан зарур аст. Аз рӯи тавсияи мутахассисон ба кӯдак дар марҳалаи ибтидоӣ бояд китобҳои шавқовар аз ҷониби калонсолон, падару модарон, мураббиёну омӯзгорон хонда шавад. Дар ин сурат таъсир ва ҷаззобияти китоб барои кӯдак  боз ҳам бештар мегардад. Зеро кӯдак, ки ҳанӯз хонда наметавонад ва ё акнун хонданро ёд гирифтааст, агар матнро мустақилона хонад, ин нозукиҳои матнро риоя намекунад ва матн таъсир ва ҷаззобияти худро гум карда, барояш хастакунанда мегардад.
Воситаи дигари ҷалби хурдсолон ба адабиёти бадеӣ бо ороиши баланд, расму суратҳои зебо ва аз ҷиҳати мазмун мувофиқ ба завқи онҳо  нашр кардани адабиёти кӯдакона мебошад, ки имрӯз бо истифода аз технологияи муосир дар тамоми нашрияҳои ҷумҳурӣ чунин шароит фароҳам оварда шудааст. Вале имрӯз адабиёти кӯдакона дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз ҷиҳати теъдод ва номгӯй хеле кам нашр мегардад, ки ин талаботи тамоми хонандагони хурдсоли ҷумҳуриро ба таври кофӣ қонеъ карда наметавонад.
Дар солҳои охир ба тарҷумаи асарҳои адибони ҷаҳон кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.  Ба хонандагон дар баробари асарҳои бузургони худ асарҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳониро низ тарҷума ва пешниҳод кардан лозим аст. Ин амал имкон медиҳад, ки хонандагон дар қиёс бо адабиёти халқҳои дигар ба адабиёти худ баҳо дода тавонанд, арзиши адабиёти миллати худро дарк намоянд.
Бо мақсади ба хондан ҷалб намудани ҷавонон ва шаҳрвандон ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг тадбирҳои судманд, аз қабили нашри адабиёти бадеӣ аз силсилаи “Ахтарони адаб”, “Китобхонаи мактаб”, “Гулбоғи адаб”, таъсис додани сайтҳои китобхонаҳои электронӣ, ташкил намудани намоишгоҳҳои китоб дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, корвони китоб, озмунҳои “Китобхони беҳтарин” бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ”, маҳфилҳои адабӣ бо иштироки шоирону нависандагон, рӯнамоии асарҳои тозанашри адибон ва ҳамасола таҳлилу баррасӣ гардидани ҳусну қубҳи адабиёти кӯдакона дар Иттифоқи нависандагон андешида мешаванд, ки аз таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат дар роҳи ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Наҷмиддин  САЛОҲИДДИНЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 298

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед