logo

Хабарҳо

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Дар меҳмонхонаи «Олимпиа» - и пойтахти Туркманис-тон – шаҳри Ашқобод маросими қуръакашии Чемпионати Осиё – 2020 оид ба футзал доир гашт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар натиҷаи қуръакашӣ, тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон шомили гурӯҳи «А» шуд.
Дар Чемпионати Осиё – 2020 оид ба футзал, ки аз 26 феврал то 8 марти соли оянда доир мегардад, 16 дастаи беҳтарини қора дар чор гурӯҳ иштирок менамояд. 5 дастаи беҳтарин қораи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Литва баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад.
Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё - 2020 оид ба футзал дар се гурӯҳи дигар:
Гурӯҳи “В”: Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт;
Гурӯҳи “С”: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия;
Гурӯҳи “D”: Эрон, Таиланд, Корея, Арабистони Саудӣ.

Қаҳрамонии навбатии «Соро компания»
Дастаи «Соро компания» - и Душанбе соли дуюм аст, ки дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст меорад.
Дирӯз дар бозии 4 - уми марҳилаи финалии Чемпионати кишвар дастаи «Соро компания» тими «Сипар» - ро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод. Натиҷаи умумии силсилафиналҳо бо ҳисоби 3:1 ба суди душанбегиҳо хотима ёфт.
Тавре аз ФФТ хабар доданд, соли оянда «Соро компания» Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё намояндагӣ мекунад. Футзалбозони «Сипар» бо медали нуқра ва бозигарони «Помир» бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

«Локомотив - помир» ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт
Дастаи «Локомотив - Помир» пас аз пирӯзӣ бар тими «Шоҳмансур» дар даври охири мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи аввал зинаи якумро гирифт ва ба Лигаи олӣ роҳ ёфт. 
Медалҳои нуқраро тими «Файзканд» (Восеъ) ва биринҷиро дастаи «Душанбе - 83» соҳиб шуданд.
Беҳтарин нишонзани лигаи аввал ҳамлагари дастаи «Барқчӣ» Тоҳир Малодӯстов бо 26 тӯб дониста шуд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 357

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед