logo

Хабарҳо

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Дар кӯчаи Шарқи мавзеи бозори «Панҷшанбе» - и шаҳри Хуҷанд  сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ идома дошта, дар он 60 сохтмончӣ дар се баст фаъолият дорад. Гузаргоҳ бо паҳноии 18 ва дарозии 260 метр дарозтарин гузаргоҳ дар Тоҷикистон муайян гардида, бо мӯриҳои ҳавокаш ва хатҳои дигари коммуникатсионӣ пурра таҷҳизонда мешавад.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки гузаргоҳ дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози моҳи марти соли 2020, ба истифода дода мешавад. Дар иншоот сохтмони беш аз 70 нуқтаи савдо низ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати мумфаршкунии кӯчаи Шарқ, чароғоннамоии ду тарафи роҳ бо усули муосир, сохтмони ҷӯйбор ва деворҳои қади роҳ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Бо мавриди истифода қарор додани гузаргоҳ дар мавзеи «Панҷшанбе» бехатарии сокинон ҳангоми аз бозори «Афросиёб» ба қисми асосии бозори «Панҷшанбе» гузаштан таъмин мегардад. Баъди ба истифода додани иншоот беш аз 200 нафар соҳиби ҷойи кор мешавад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 463

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед