logo

фарҳанг

КИТОБХОНӢ. ЗИЁИЁН БОЯД ПЕШГОМ БОШАНД!

Кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, ки Тоҷикистон низ дар ин саф аст. Аз ҷумла, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 оид ба доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар тамоми қаламрави кишвар ба масал "хун дар бадан" - ро мемонад. Чунин иқдоми наҷиб водор ба он кард, ки баъзе бурду бохтҳои китобдориву китобхониро матраҳ намоем.
Дар даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад. Акнун фурсате беназир ба мо даст додааст, то дар амри мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоли кишварамон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз - мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем. Ба ин ҳадаф танҳо бо роҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ ва маърифатандӯзӣ метавон даст ёфт. Аз ин рӯ, илмомӯзию китобхонӣ бояд аз вазифаҳои асосии миллии мо бошад. Имрӯз дар кишвари мо ҳама гуна шароит фароҳам аст, то китобхонию донишомӯзӣ ба як фаъолияти ҳамешагию пойдорамон мубаддал шавад ва на танҳо ҷавонон, балки намояндагони ҳамаи табақаву қишрҳои ҷомеа бо ишқу алоқаи самимӣ ба он рӯй биоваранд.
Бо вуҷуди он ки мо худро миллати китобдӯстдор медонем, аммо ба ҳар ҳол теъдоди чопи китоб ва мизони китобхонӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико назар ба мо хеле болост. Китоб дӯст ва аниси ҳамешагии онон аст: дар дохили мошин, ҳангоми мусофират, ҳангоми истироҳат, яъне як лаҳза китоб аз онҳо дур нест. Аврупоиёну амрикоиҳо аз ҳар фурсате барои хондан ва маърифат андӯхтан ба таври босамар истифода мекунанд. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар Англия шабонарӯзӣ яку ним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чӣ гуна аст. Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳи китобхонии мардум бояд фарҳангсозӣ кард. Дар ин замина пажӯҳишҳои ҷиддие бояд анҷом дод ва омилҳои асосии ин вазъи ногуворро биомӯхт. Теъдоди нашр, қимати китоб ва омилҳои дигар дар сатҳи мутолиаи мардум таъсир надорад, зеро бо вуҷуди он ки китобҳо ба теъдоди кам чоп мешаванд, ба фурӯш намераванд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст шудааст.
Бинобар ин, барои сириштӣ кардани фарҳанги китобу китобхонӣ, ба назари инҷониб, ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Вазорату идораҳои зидахли кишвар бояд барои таблиғу тарвиҷи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшеро анҷом диҳанд. Масалан, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои китобхонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. Илова бар ин, мақоми китобро дар ҷомеа бояд боло бурд. Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онон хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати ҳаёти хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ, таблиғ шавад. Ба гумонам, эҳё ва рушди китобхонаҳои маҳаллӣ ва таҷҳизи онҳо бо китобҳои нав ва муфид, чи коғазӣ ва чи электронӣ, ҳам бисёр саривақтист. Бояд таблиғоти китобҳои хонданию фоидаовар дар расонаҳо, бахусус дар шабакаҳои радиовию телевизионӣ хеле густарда ба роҳ монда шаванд. Барномаи телевизионӣ дар бораи китобҳои тозанашри кишвар, ки пахши он батозагӣ бо ибтикори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба китоб шурӯъ шуд, иқдоми хеле муҳиме дар ин ростост. Ба ин барнома, ки моҳе ду маротиба пахш мешавад, бояд муаллимону олимон ва фарҳехтагону андешамандони миллат, ки дар тавлиди китобу дониш саҳми бевосита доранд, даъват шаванд, то бинандагон дар бораи нақшу мақоми китобу дониш дар зиндагии инсон таассуроти хубе дарёфт кунанд.
Худи фарҳангиён бояд дар китобхонӣ пешгом бошанд, то мардум аз онҳо пайравӣ кунанду сабақ бигиранд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа ё кишвар доштани дониш ва иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи хондани китобу нашриёт ва васоити дигари илмию адабӣ ба даст меояд.

Шодимуҳаммади СӮФИЗОДА,
директори Китобхонаи марказии илмии Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди,
доктори илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 725
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед