logo

иҷтимоиёт

ВАНҶ. ДУ ДЕҲАИ ДИГАР БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН ГАШТ

Зарур ба ёдоварист, ки асрҳои зиёде дарёҳои Ванҷобу Язгуломоб ва садҳо рӯдхонаву чашмасорон дар ноҳияи Ванҷ, ба мисли Хингобу Хумбов, Вомаробу дарёҳои Ғунд, Оқсу, Шоҳдара ва  Мурғоб, дар чорсӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз пасхамиҳо ва миёни кӯҳу дараҳои танг ҷорӣ буданд. Вале, азбаски рустоҳои ин музофоти кӯҳистон аксар дар мавзеъҳои баланди доманакӯҳ воқеанд, мардуми деҳнишин ба ин манбаъҳои обҳои фаровони диёрашон дастрасӣ надоштанд ва аз беобӣ азоб мекашиданд.
Хушбахтона, дар зиндагии имрӯза вазъ ба куллӣ дигар гаштааст. Ҳоло дар ин айёми фарорасии Соли нави 2020 мардуми саросари Бадахшон бо  қаноатмандӣ ва хотири болида изҳор менамоянд, ки дар даврони  истиқлолияти кишвар ин мушкилоти онҳо аз миён бардошта шудааст. Дастгириҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузориҳои Ҳукумати мамлакат ва шарикони хориҷии рушд ба он мусоидат намудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар яке аз минтақаҳои пурфайзу баракати вилоят, ноҳияи Ванҷ низ садҳо гектар заминҳо обёрӣ ва сокинони рустонишин аз оби ошомиданӣ ва полизӣ батадриҷ таъмин  мегарданд.
Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим  бо хушнудӣ миёни рӯзноманигорон  зикр намуд, ки дар солҳои истиқлолият  дар ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони хориҷии рушд, пеш аз  ҳама, Барномаи  ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони  хазинаи Оғохон ба масъалаи обёрии  мавзеъҳои бекорхобида  ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани деҳнишинон таи ин солҳо  корҳои муҳиме ба ҷо оварда шуданд.
Ҳанӯз аз соли 1993 сар карда, тавассути чунин ҳамкориҳои судманд заминҳои  асрҳо боз ташналаби даштҳои  Бовуд,  Язгулом  ва майдонҳои киштбоби қисми боқимондаи дашти Сурхсангов ва мавзеи Баравн  тариқи лӯлаҳои қутрашон калонҳаҷм  обёрӣ гашта,  бештар аз 140 гектар майдони бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид ва даҳҳо гектар боғҳои мевадор низ бунёд карда шуданд. Мушкилоти кор солҳои аввал дар он буд, ки хатҳои обгузарро аз камари кӯҳҳо, пуштаҳо ва ҷариҳои пурсанг дар масофаи аз 6 то 12 километр дастӣ месохтанд. Ҳоло бошад, техника мушкилкушои амалҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар деҳот гардидааст.
Роҳбари Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон дар ноҳияи Ванҷ Саидбек Қосимов  бо ифтихор гуфт, ки дар ҳамдастии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ин ташкилоти бонуфузи  байналхалқӣ дар даврони истиқлолият   сокинони   28 деҳа, аз ҷумла  рустоҳои Даштак, Лугад, Роғ, Вскроғ, Бунай, Потов, Сед, Техарв, Ғуҷоваст, Мотравн  бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки ба қарибӣ дар ноҳия бунёди дарозтарин  хати обгузар, ки масофааш  14 километрро ташкил медиҳад, дар даромадгоҳи водии Ванҷи Боло ба ҷо оварда шуд. Аз нишебиҳои кӯҳ ва ҷариҳои хавфнок бо заҳмати зиёди кормандони ин ташкилот ва иштироки деҳнишинон чуқурӣ канда, лӯлаҳои полиэтилениро  хобонданд. Акнун, бошандагони рустои Баравни деҳоти Ҷовидон ва инчунин истироҳатгоҳи Чашмаи Шоҳмастон, ки макони дамгирии сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ мебошад, бо оби нӯшоӣ таъминанд.
Дар арафаи Соли нави 2020 сокинони рустоҳои Гиҷ ва Удоби деҳоти Техарвро хурсандии калоне даст дод. Дар ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва хазинаи Оғохон ин деҳаҳо бо оби нӯшоӣ таъмин гардиданд. Дар кӯтоҳтарин фурсат аз дарёчаи кӯҳӣ дар масофаи 10 километр хати обгузар сохта шуд. Ҳоло қариб 60 хонаводаи ин деҳаҳо аз оби софи пиряхҳои диёрашон нӯши ҷон менамоянд. Ҳамчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаи фарҳанг чумчаҳои об гузошта шудаанд ва хонандагону омӯзгорон оби тоза менӯшанд.
Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти обрасонӣ муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Азим Шамсиддинов ва Саидбек Қосимов ба сокинони  рустоҳои Удоб ва Гиҷ барои дар сохтмони хати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй фаъолона ширкат намуданашон, изҳори  ташаккур ва миннатдорӣ  баён намуданд. Онҳо мардуми рустонишинро  даъват карданд, ки дар нигоҳдории хатҳои оби нӯшоӣ ва таҷҳизоти пурқимати он  саҳмгузор бошанд, то ки хати обгузар, ки дар сохтмони он қариб 700 ҳазор сомонӣ масраф  шудааст,  солиёни дароз хизмат расонад.
Роҳбари Барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон дар ноҳияи Ванҷ изҳор кард, ки аз ҷониби Пешвои миллат  солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони ин ниҳоди байналхалқиро низ водор менамояд, ки дар масъалаи ободонии деҳот, пеш аз ҳама, бунёди муассисаҳои  самти иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ дигаргунсозии инфрасохтори деҳот дар навбати  аввал  бо оби нӯшокӣ таъмин кардани  аҳолӣ  саҳми муносиб гузоранд. Ҳоло дар ин рӯзҳои омодагӣ ба Соли нав корҳои сохтмонӣ дар бунёди хатҳои обгузари деҳаҳои Вишхарв ва Андарбаки деҳоти Язгулом босуръат ва сифати баланд идома доранд.
                                               
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА,  «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи  ДИЛОВАР,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 149
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед