logo

иҷтимоиёт

ТИБ СОҲАЕ, КИ ҶОМЕА МЕСОЗАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Бо вуҷуди таъмин намудани шароити созгор ва бунёду навсозии муассисаҳои тиббию табобатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, як қатор камбудиҳое ҷой доштанд, ки монеи пешравии соҳа мегаштанд. Баҳри рафъи онҳо чораҳои зарурӣ андешидан ва бартараф кардани мушкилиҳо аз иқдомҳои роҳбарияти нави соҳа гардид. Роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то корро маҳз аз бартараф кардани мушкилот оғоз намоянд.  
Дар бахши тандурустии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 1 маркази саломатӣ, 20 маркази саломатии деҳот ва 23 бунгоҳи саломатии деҳот иборат мебошад. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия алҳол 162 нафар табибони маълумоти олидор (6 нафар маълумоти олии ғайритиббӣ дорад), 741 нафар кормандони миёна ва 320 нафар кормандони хурди тиббӣ машғули кор мебошанд. Дар байни табибони муассисаҳои КАТС 32 нафар дараҷаи олӣ, 31 нафар дараҷаи якум ва 5 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ доранд. Аз ҳисоби кормандони миёнаи тиббӣ 128 нафар дорои дараҷаи олӣ, 29 дараҷаи якум ва 43 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ мебошанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле хуб аст.
Айни ҳол бахши бистарикунонии ноҳия, ки аз 10 шуъба (шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ,  бемориҳои занона, амрози даруна, бемориҳои асаб, бемориҳои дил, бемориҳои кӯдакона, наҷот, ёрии таъҷилӣ ва ғайра) иборат мебошад, дорои 320 кат аст. Инчунин, 4 беморхонаи минтақавӣ дорои 125 кат, маркази зидди бемориҳои сил 20 кат, дар маҷмӯъ 465 кат мебошанд.
Бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ хуб ба роҳ монда шуда, ба гуфтаи масъулон, айни ҳол таъмири маркази саломатии ноҳиявӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад. Маркази саломатии ноҳиявии Халифаев аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Таги Намак оғоз гардидааст. Сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи ба номи Пушкини деҳоти Қаҳрамон низ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи оғоз мебошад.
Дар муассисаҳои бахши бистарикунонӣ низ як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, бо дастгирии яке аз соҳибкорони маҳаллӣ бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи деҳоти Меҳнатобод аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ошёнаи якуми шуъбаи ҷарроҳӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ ба таъмир фаро гирифта шудааст.
Ҳ. Розиқов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, дар ин маврид зикр намуд: «Дар назди мо масъулияти бузурге гузошта шудааст. Ҳифзи сиҳатии мардум, ки боигарии асосии давлат аст, аз мо вобаста мебошад. Ҳадафи асосии мо низ хизмат ба халқ аст. Имрӯзҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намудаем, ки онро сифатнок ва сари вақт адо намоем ва боварии халқро сазовор бошем».
Дар муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳия мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Бавижа оид ба таъмин намудани муассисаҳои соҳа бо мутахассисони соҳибтаҷриба мушкили зиёд доранд.  Бастҳои кории шуъбаи тандурустӣ алҳол аз ҳисоби кормандони миёнаи тиббӣ пур карда шудаанд. Дар ноҳия мутахассисони соҳа, аз қабили силшинос, стоматолог, табибони эҳёгар, неонотолог, амрози даруна ва табибони тибби оилавӣ намерасанд. Дар маҷмӯъ, 20 ҳиссаи корӣ мутахассисони маълумоти олидор намерасад. Норасоии сӯзишворӣ (бензин, солярка) дар беморхонаи марказии ноҳия, норасоии маблағ барои пардохти қувваи барқ, таъмирталаб будани шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии деҳот, пурра нарасидани тестҳои оҷилӣ ва истифодаи маводи яккарата аз мушкилоти дигари соҳа ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Қарағоч ва Бузахонаи деҳоти Чӯбек дар хонаи истиқоматӣ ва вагон, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Чойлобкамари деҳоти Чӯбек, Боғистони деҳоти ба номи Турдиев, Гулистони деҳоти Меҳнатобод ва деҳаи Панҷоби деҳоти Панҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ҷойгир буда, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Маслуқ, Чордара ва Қиёнчашмаи деҳоти Чӯбек бино надоранд.
Мо ҳам умед ба он мебандем, ки роҳбарияти нави беморхонаи марказии ноҳия баҳри ҳал намудани камбудиҳои ҷойдошта ва хубу сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Х. ИСЛОМ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 142
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед