logo

фарҳанг

САРАЗМ. КАШФИЁТИ НАВ ДАР ИЛМИ БОСТОНШИНОСӢ

Шаҳри Саразми бостонӣ, ки 5500 - солагии он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, дар ягон давру замон чунин серодам, сермеҳмон ва мароқангез набуд. Дар ин ҷо сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррамгардонӣ машғуланд. Вале кори бостоншиносон, ки дар чанд қисмати ин шаҳри қадимӣ саҳифаҳои нави таърихи ниёгонро кашф мекунанд, барои  меҳмонон ва сайёҳони сершумори ёдгорӣ ҷолибу диданист.
Бо бостоншиноси шинохта, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов дар ҷои кори олим - ҳафриёти ёздаҳум суҳбат кардем.
Абдурауф Раззоқов  аз соли 1983 ҳамчун ёвар ба А. Исҳоқов дар корҳои омӯзишу таҳқиқоти шаҳри Саразми бостонӣ ёрӣ мерасонд. Он солҳо ӯ бо тавсияи устодаш дар аспирантура таҳсил ва ҳамзамон, дар ошкор намудани ёдгориҳои беназири Саразм иштирок мекард. Пас аз даргузашти А. Исҳоқов Абдурауф Раззоқов кори устодаш - сарварии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент - Саразмро идома дода, дар муайян намудани  нақшу мақоми саразмиён дар тамаддун ва фарҳанги ғановатманди ниёгонамон саҳми бузург гузоштааст. 
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Абдурауф Раззоқов якҷо бо кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти илмии Франсия санад дар бораи мавқеъ ва мақоми ёдгории Саразм дар тамаддуни умумибашариро ба ЮНЕСКО пешниҳод карданд. Акнун, ки ёдгории Саразм ба рӯйхати Мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаву бо ташаббуси Пешвои миллат 5500 - солагии ин шаҳри бостонӣ ҷашн гирифта мешавад, аз хидматҳои содиқонаи  Абдурауф Раззоқов дар доираҳои илмӣ ва миёни ҷомеа низ сухан мегӯянд.
Ковиш дар ҳафриёти ёздаҳуми  ёдгории Саразм дар ибтидои соли 2000 - ум оғоз ёфта буд. Дар ин давра аз  ин ҳафриёт бисёр маълумоти пурарзиш дар бораи тарзи зиндагӣ ва оинҳои мазҳабии саразмиёни қадим ба даст омада бошанд ҳам, вале барои равшан намудани ҷузъиёти дигари ин ҳафриёти пурасрор ва ҷамъбасти хулосаҳои бадастомада А. Раззоқов ва ҳамкасбонаш корро дар ҳафриёти ёдшуда идома медиҳанд.
Бостоншинос кулоҳи пурчангашро аз сар гирифта, онро якҷо бо тешачаи махсус ба як сӯ гузошт ва дар замини ба тозагӣ таҳқиқшудаи ҳафриёт нишаста, бори нахуст аз натиҷаи илмии ковишҳои соли ҷорӣ хабар дод.
- Солҳои пеш аз ҳамин ҳафриёт маъбади боҳашаматро пайдо намуда будем. Соли равон аз самти шарқии маъбад устухонпораҳои зиёди моли майдаро ёфтем. Пас аз таҳқиқу муқоисаи оинҳои мазҳабии саразмиён бо дигар оинҳо ва бозёфтҳои солҳои пеш ба чунин хулоса омадем, ки қурбонӣ кардани чорво дар рӯзгори саразмиёни қадим ҳанӯз 5500 сол муқаддам расм будааст.
Ёдгории ёфтшудаи ёздаҳум - маъбади қурбонӣ ба охири ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне қурбонӣ кардани ҳайвонот дар Саразм яку ним ҳазор сол пеш аз замони Ҳазрати Иброҳим расм будааст. Аз ин бозёфт ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки расми қурбонӣ кардан чун дигар урфу одати ниёгони мо аз насл ба насл гузашта, то ба замони Ҳазрати Иброҳим омада расидааст.
Чанд сол муқаддам аломатҳои қурбонӣ кардани гови муқаддаси Тур аз шафати ҳамин маъбад - ҳафриёти ёздаҳум пайдо шуд. Дар Бундаҳишти  Авасто омадааст, ки барзагови муқаддаси Тур дар мубориза барои офариниши олам бо дасти қувваҳои аҳриманӣ кушта мешавад ва аз хуни он олами наботот ва аз нутфааш тамоми навъу зоти чорпоён офарида шудааст. 
Дар шафати маъбади қурбонӣ, ҳамчунин, чоҳи гирде пайдо шуд, ки 22 метр чуқурӣ дорад. Ин чӣ гуна иншоот аст ва аз чӣ далолат мекунад? 5500 сол муқаддам ва аз ин ҳам пештар қаторкӯҳҳои водии Зарафшон саросар тармапӯш буданд ва сокинони водиро бо оби нӯшокию полизӣ таъмин мекарданд.
Дар охири ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар минтақаи Осиёи Марказӣ хушксолии дуру дароз ба амал меояд ва ин боиси ба дигар мавзеъҳои хушобу ҳаво кӯч бастани сокинон шудааст. Саразмиён ба самти Самарқанд, Бухоро, ба ғарби минтақа ва дараҳои кӯҳистон кӯчида дар ҳамин ҷойҳо ба зиндагии муқимӣ  оғоз намудаанд. Бозёфтҳои аз қабристони Зардчахалифа, атрофи Самарқанд, ёдгории Замонбобои атрофи Бухоро, табари биринҷии сойи Ёрӣ, зарфҳои биринҷӣ ва сангнигораҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, табарчаи биринҷии мавзеи Арақчии дараи Варзоб далели ин гуфтаҳо мебошанд.
 Сокинони шаҳри Саразми бостонӣ оламро аз чор унсур: об, оташ, хок ва ҳаво иборат медонистанд. Бо назардошти ин суннати ниёгон тахмин кардан мумкин аст, ки чоҳи дар боло зикршуда  дар замони саразмиёни қадим ҳамеша пуроб буд ва шояд маъбади обро ифода мекард. Маъбади оби саразмиён низ далел аз ҳамин хушксолист.
Мардуми шаҳри Саразми бостонӣ ба оташ, ки тимсоли Офтоб аст ва об - манбаи ҳаёт ибодат мекарданд. Аз ҳамин ҷост, ки  ибодатгоҳҳои хоси оинҳои мазҳабии хешро сохтаанд.
-Тӯли беш аз чил соли ковишҳои бостоншиносӣ аз Саразм бозёфтҳои бешуморе ба даст омаданд, ки расму оин, тарзи зиндагӣ ва рӯзгордорӣ, фарҳангу ҳунар, шуғл, дар маҷмӯъ тамаддуни шаҳрсозию шаҳрдорӣ дар ҳудуди АвруОсиё, ҳаёти рангин ва ба худ хоси саразмиёни қадимро бозгӯ мекунанд, - гуфт Абдурауф Раззоқов.  
Бостоншиноси маъруф ва олими шинохта, яке аз аввалин таҳқиқгарони ёдгории Саразм, таҳқиқгари ёдгориҳои бостонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Усмон Эшонзода дар суҳбат бо мо дурустии расми қурбонӣ кардан дар оини мазҳабии саразмиёнро эътироф кард ва тасдиқ намуд.
- На танҳо қурбонӣ кардан, балки бисёр дигар оинҳои мазҳабии саразмиён то ба замони мо расидаанд ва мардум онҳоро риоя мекунанд ва гиромӣ медоранд, - гуфт ӯ.
Кашфиёти нав дар бораи Саразм гуфтаи Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Б. А. Литвинскийро, ки 33 сол муқаддам зимни як суҳбаташ изҳор дошта буд, ба хотирам овард: "Ба шарофати Саразм ҳудуди Панҷакент ва тамоми Тоҷикистон ба ҳайати маданияти қадимтарини инсоният дохил мешавад. Ҳамаи ин ба наздикӣ ба китобҳои дарсии таърих дохил мешавад ва онҳоро акнун аз сари нав навиштан лозим меояд". 

Луқмон ҚУРБОН, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 261
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед