logo

фарҳанг

ДРАМАТУРГИЯИ МУОСИР. ЧАРО ОН БА ТАЛАБОТИ ТЕАТР ҶАВОБГӮ НЕСТ?

Чуноне маълум аст, драматургия яке аз самтҳои афзалиятноки адабиёт ва театр ба шумор рафта асоси ҳунари театриро ташкил медиҳад. Бе драматургияи пурқувват ҳаёти театриро рушд бахшидан амри маҳол аст.
Сарфи назар аз он ки дар тӯли солҳои охир ба драматургия неруҳои нави эҷодӣ босуръат ворид мешаванд, сифати асарҳои офаридаи онҳо ҷавобгӯи талаботи замон нест. Семинар – машварати драматургон, ки бо ташаббус ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад, солҳои охир ба озмун табдил ёфтааст. Ба ҷои таҳлили ҷиддии асарҳо ва таҳқиқи ҳолати кунунии драматургияи миллӣ дар он масоили дувумдараҷа мавриди баррасӣ қарор гирифта, гирди мукофотгирӣ баҳс мекунанд.

Аксари адибони миёнсол ва қисман ташаккулёфтаи тоҷик, ки дар даҳ соли охир ба драматургия шомил шуданд, бо рӯ ба рӯ омадан бо нокомиҳои нахустин ва саҳнаро надидани асарҳояшон онро тарк намуданд. Ҷавонони соҳибқаламу соҳибистеъдод, аз ҷумла шоиру адибони дар маҳалҳо фаъолияткунанда ва ҳам ҷавонони шаҳрии мо, ки тоза ба ин ҷинси адабӣ пайваста буданд, тӯли даҳ сол дар эҷодиёти онҳо пешравие дида намешавад. Ҳамон камбудиҳои дар асарҳои нахустини онҳо ошкоршуда аз намоишнома ба дигаре чун мерос мегузаранд. 
Дар дарёфти мавзӯъ драматургони мо чирадаст бошанд, дар ҳалли он: ташкили раванди воқеаҳо, низои инкишофёбанда, хислатҳои мукаммали инсонӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ мегарданд.
Дар наср ва назм метавонанд ҳама касу чиз қаҳрамон бошанд, меҳвари асари саҳнавӣ бошад, танҳо инсон аст. Вазифаи театр низ таҳқиқи рӯҳи инсон мебошад. Мутаносибан ҳамин гуна вазифаро бояд драматургияи мо низ ба дӯш дошта бошад. Оре, воқеоту ҳодисоти ҷудогона ва асрори ашёҳо низ метавонанд мавриди таҳқиқи драматургӣ қарор гиранд, вале дар ин ҳолат ҳам онҳо дар мисоли ҳаёти инсонҳо тасвир бояд шаванд.
Камбудии дигари драматургони мо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо мехоҳанд тамоми паҳлуҳои зиндагиро дар як асари хеш мунъакис созанд. Дар натиҷа, махлутшавии чандин мавзӯъ ва ҳалли худро наёфтани онҳо ба амал меояд.
Чизи дигаре, ки ба аҳли театр дар драматургияи миллӣ хуш намеояд, ин сарсари ҳал шудани воқеаҳо мебошад. Дар зиндагии инсон воқеоти зиёде ба амал мепайванданд, ки дар раванди умумии зиндагии ӯ нақши муҳимеро намебозанд. Танҳо воқеоти ҷудогона тамоми паҳлуҳои хислати инсонро рӯнамо менамоянд, ҳамин гуна  принсип бояд дар асари драмавӣ низ мавриди истифода қарор гирад. Воқеаи ягонаи асар бояд тавре сурат гирад, ки тамоми воқеаҳои дувумдараҷа, яъне силсилаи воқеотро гирди худ дуруст ва пайдарпай идома диҳад.
Низоъ бояд ошкоро ва инкишофёбанда бошад. Танҳо дар муборизаи ба ҳам зидҳо афзалияту камбудии онҳо ошкор мегардад. Алҳол чунин ба назар мерасад, ки асарҳои мо ҳам низои ягона доранду ҳам онро инкишоф медиҳанд, вале бархӯрди шадид ба амал намеояд.
Низоъ ошкоро ва шадид набошад, характерҳо низ мукаммал намебароянд. Тавсифи қаҳрамононро мо аз забони дигар персонажҳо шунида, дар амал аз онҳо ками дар кам мебинем. Драмаҳои мавзун дар ҳама асру замонҳо аз маҳбубияти хос бархӯрдор будаанд. Дар драмаҳои мавзуни мо  риояи вазну қофия ва радиф аз мантиқи раванди воқеаҳо дида бештар ба назар мерасад. Шеъри ин асарҳо ба мақсади шеърият сароида мешавад, на барои пеш бурдани амал.
Солҳои охир миёни драматургони мо ақидаи ғалате паҳн гардидааст, ки драма воситаи хуби панду андарз аст. Инсоне, ки аз ҳосили аъмоли дигаре натиҷагирӣ карда наметавонад, панд ӯро коргар намешавад. Аксари драматургони мо тамоми раванди воқеаҳоро то охир дар зери фишори панҷаи хеш қарор дода, ба инкишофи озодонаи онҳо монеъ мегарданд, қаҳрамонҳоро ба тарғибкунандагони ғояҳои хеш табдил медиҳанд. Яке аз сабабҳои асосии ин таҷрибаи комили адабӣ ва ҳаётӣ надоштани адибон мебошад. Пеш аз ҳама, драматург бояд мавзӯи асарро дар худ ҳазм намояд, дақиқ сабабу натиҷаҳои онро таҳлил намуда, ба хулосаи дуруст ояд. Он гоҳ асари ба майдони адабиёту саҳнаи театр омада чун асари комил қабул мегардад.
Надонистани назарияи драматургия сабаби дигари он мебошад. Дар факултаҳои филологии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ то ҳол назария ва таърихи  драматургия сарсарӣ омӯзонда мешавад. Семинар – озмунҳои ҷумҳуриявии драматургон, ки қариб ҳар сол гузаронда мешавад, ба пешравӣ ва такомули ҳунарии адибон пурра созгор нест. Шояд барои драматургон ба ҷои семинар – озмуни маъмулӣ мастер – класс ё тренинги драматургонро бо ширкати драматургон ё муҳаққиқони драматургияи кишварҳои ҳамзабону ҳамҷавор ташкил карда шавад.
Забони асари драмавӣ бояд ба талаботи саҳна ҷавоб гӯяд. Саҳна бошад, муъҷазии ифода, балоғати маънавӣ ва салосати суханро тақозо менамояд. Мутаассифона, то ҳоло драматургони мо аз ибораҳои обшуста ва қолабӣ, ибораҳои забонзадаи маъмулиро бештар истифода мебаранд, ки ҳам қимати адабии асарҳоро коста мегардонаду ҳам роҳи онҳоро ба саҳна мебандад. Пеш аз он ки сухан аз забони ҳунарвар ронда шавад, бояд ӯро ба ваҷд орад, гирёнад, хандонад. Аз паси ҳар ҳарфи ӯ зиндагӣ ҳис шавад, ҳар сухан тамошогарро ба амал, ба ҳамзистӣ даъват намояд.
Нақл дар драма роиҷ нест. Айни замон, драматургони мо маҳз аз ҳамин усул бештар истифода мебаранд. Аксари воқеаҳо аз забони худи персонажҳо бозгӯ мешавад, ҳол он, ки бояд ин ҳама дар амал нишон дода шаванд. Дар драма амал нақши ҳалкунандаро мебозад. Ин ҳақиқатро то ҳол ҳам драматургони калонсол ва ҳам навқаламон нодида мегиранд.
Театри тоҷик, пеш аз ҳама, тарғибгари забони ноби тоҷикист. Таҷрибаи имрӯзаи мо нишон медиҳад, ки театри муосир ин суннати волои хешро гум карда истодааст. Аксари ҳунармандон аз саҳна ба таври нимғурма сухан ронда, бар забон алфози қабеҳи кӯчагиро меронанд. Дар ин самт нақши мудирони қисми адабӣ хеле муҳим аст. Дар вазифаи мудири қисми адабӣ кор кардан аз кас на танҳо донистани забон ва қавоиди саҳна, балки назарияи драматургияро низ тақозо менамояд. Тамоми анвои дигари суханварӣ аз лиҳози назариявӣ бо маводи мукаммал ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок таъмин мебошанд. Дар бораи драматургия низ ба мо асарҳои илмӣ хеле зарур ҳастанд. Илми адабиётшиносии тоҷик ба таҳқиқи драматургия машғул шуда бошад ҳам, ба масоили назариявии он кам аҳамият додааст. Вақти он расидааст, ки доир ба назарияи драматургия ва таърихи он ҳам (манзур драматургияи тоҷик аст) асарҳои илмӣ - оммавӣ офарида шаванд.
Дар драматургияи мо танҳо чанд жанри маъмулӣ роиҷ асту халос. Аксаран худи драматургон жанри асари саҳнавии хешро муайян карда наметавонанд. Солҳои охир нашри асарҳои саҳнавӣ хуб гардида, маҷмӯаи драмаҳои адибони ҷудогона ва дастаҷамъии онҳо аз дасти чоп баромадаанд. Акнун ҳамаи моро лозим меояд, ки тарғибу ташфиқи онҳоро ҷоннок созем. Дар ҳоле ки теъдоди чунин асарҳо аз 100 - 200 нусха беш нест, мо танҳо  ходимони театрро бо адабиёт таъмин намуда наметавонем.
Самти дигари фаъолияти моро бояд иншои асарҳо барои театрҳои мардумӣ ва асарҳои кӯчаки саҳнавӣ барои телевизион ва гурӯҳҳои хурди эҷодӣ ташкил диҳад. Ҳар гуна гурӯҳҳои хурди аз лиҳози ҳирфавӣ номукаммал имрӯз бо сабаби норасоии маводи адабӣ бо завқи мардум бозӣ доранд, ки, фикр мекунам барои ҷомеа оқибати хуб нахоҳад дошт. Мардум зери мафҳуми театр баромади пучу бемаънии ана ҳамин гуна «қитиқкомпанияҳоро» тасаввур менамоянд.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 158

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед