logo

иҷтимоиёт

НОМУС. САҲМИ ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ДАР РУШДИ КИШВАР МЕАФЗОЯД

Ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар аз зумраи иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Таҳким бахшидани робитаи сохторҳои давлатӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ҷаҳон, давоми чанд соли охир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷалби ҳамватанони хориҷӣ ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар боиси ҳавасмандии онҳо барои саҳмгузории бештар дар татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ гардидааст.
Ҳалли масъалаҳои будубоши шаҳрвандони мамлакат дар кишварҳои гуногун ва таҳкими робита бо онҳо яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  мебошад. Ҳанӯз соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» тасдиқ гардид, ки мақсад аз он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкории мустаҳкам бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар роҳи рушду шукуфоии мамлакат арзёбӣ шудааст.
Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати татбиқи «Консепсия оид ба ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи консепсияи мазкур барои солҳои 2015 - 2020, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, бо иштироки ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ конференсия, мизи мудаввар, семинарҳо баргузор гардида, онҳо ба ҷашну маросимҳои миллӣ даъват мегарданд. Ташкилу гузарондани озмунҳо бо мақсади ҳавасманд намудани ҳамватанони бурунмарзӣ, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои барномаҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки ҳоло  идома доранд, аз ҷумлаи ин тадбирҳоанд. Ҳамчунин, дар кишвар шумораи марказҳои машваратию омӯзишӣ меафзояд.
- Ният дорем, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдат, Бохтар, Панҷакент, Турсунзода, Исфара ва ноҳияи Рашт беш аз даҳ маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро таъсис диҳем. Айни замон чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар фаъолият менамоянд. Ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин марказҳо расондани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратию таълимӣ ва кумаки ташкиливу молиявӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ дар ду марҳила - пеш аз сафар ва баъди бозгашт мебошад, - гуфт Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Чанде қабл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо номи «Саҳми диаспораҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар рушди Тоҷикистон» конференсияи илмӣ - амалӣ  баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо ширкат доштанд.
Мақсад аз ҳамоиши мазкур густариши ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ҳамватанони бурунмарзӣ, такмили сиёсати давлатӣ дар бахши таҳкими робита бо ҷамъиятҳо, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҳамкорӣ, ҷалби онҳо ба татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат, алалхусус ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънидод шуд.
Намояндагони диаспора ва ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ободонии Ватан пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, дар баробари ин, изҳори нигаронӣ карданд, ки баъзе аз намояндагони воситаҳои ахбори омма муваффақиятҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия нодида мегиранд ва омодаанд аз ҳар гуна мушкиле, ки шаҳрвандон дар тамоми давлатҳо ба он мувоҷеҳ мешаванд, ҳангома созанд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз мақомоту сохторҳои дахлдори Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанон дар хориҷа пайваста талош меварзанд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 133
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед