logo

иҷтимоиёт

ТИББИ ОИЛАВӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

Барои инсон аз ҳама чизи муҳим солимиву тандурустист. Инсон дигар орзуву хостаҳои дили худро маҳз тавассути ҳамин неъмат метавонад амалӣ намояд.  Таъмини ин неъмати бебаҳо - тандурустӣ ва беҳдоштро табибон бар зимма доранд.
Тайи чанд сол аст, ки дар дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ шуъбаҳои тибби оилавӣ амал мекунанд. Фаъолияти ин шуъбаҳо, ки дар асоси ислоҳоти соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ шудааст, рӯз ба рӯз вусъат пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки хизматрасонии духтурони оилавӣ бештару пурсамар ба назар мерасад. Барои рушду пешравии самти мазкур Барномаи давлатии рушди тибби оилавӣ барои солҳои 2011 – 2015 ҳам қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт ва тадбирҳои зиёд, аз қабили сифатан беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, пешгирии саривақтии бемориҳо, ташхис ва табобати беморон амалӣ мешаванд.
Роҳандозӣ гардидани хизматрасонии тибби оилавӣ дар шароити феълӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, аз дигар намуди хизматрасониҳои тиббӣ афзалият ва бартарӣ дорад.
Имрӯз шумораи мутахассисони ин намуди хизматрасонии тиббӣ - духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат афзуда, онҳо вобаста ба шароит дар маҳали зисти сокинон фаъолият мекунанд. Ба ҳар фард дар алоҳидагӣ, ба оила, аҳолии минтақа, инчунин, дар хона, новобаста аз ҷинс, синну сол ва намуди беморӣ, ёрии аввалини тиббиву санитарӣ расонда мешавад.
Тибби оилавӣ дар беҳдошти сиҳатии мардум нақши муҳим мебозад ва табибони оилавӣ ҳамрозу ҳамнавои мардум мебошанд.
Умед аст, ки оянда сафи мутахассисони соҳа меафзояд ва ин падида ҳам барои рафъи мушкили норасоии кадрҳои соҳа ва ҳам барои дастрасии сокинон ба намудҳои гуногуни хизматрасонии тиббию санитарӣ дар минтақаҳо, бахусус гӯшаҳои дурдаст, мусоидат мекунад.
Академик Н. Кончаловский гуфтааст: «Инсон метавонад актёри беистеъдод, олими беамал, меъмор, геолог, омӯзгор ё муҳандиси беҳунар шавад, аммо ҳуқуқ надорад, ки табиби бад бошад. Зеро бовар карда, ба ӯ ҳаёти одамро супурдаанд». Бинобар ин, табиб бо интихоби пеша масъулияти сангинеро ба зимма мегирад ва дар  раванди фаъолияташ ҳуқуқи хато кардан надорад. Синои ҳаким гуфтааст: «Обрӯву эътибори табиб на танҳо ба донишу малака, балки ба одобу ахлоқи ӯ низ вобаста аст». Аз ин лиҳоз, мо, табибон, бояд ҳам дорои донишу малакаи хуби касбӣ ва ҳам одобу рафтори нек бошем. Мисли кулоҳу хилъати сафедамон дилу нияти софу пок ва, аз ҳама муҳим, муомилаи хушу гуфтори ширин дошта бошем, зеро меҳрубониву хушмуомилагӣ ҳам нисфи табобат аст.

Лола РАБИЕВА, табиби оилавӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 133
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед