logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ХИЗМАТРАСОНӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ба сокинону меҳмонон ворид кардани тағйирот дар хатсайрҳои нақлиётии шаҳри Душанбе идома дорад.
Чанде пеш хатсайрҳои нави автобусӣ кушода шуданд. Акнун дар хатсайрҳои маҳаллаҳои Қарияи Боло – Пахтакор, маҳаллаи Испечак – кӯчаи Гагарин, терминали “Шарқӣ” – терминали “Маром”, маҳаллаи Қарияи Боло – маркази ташхиси техникӣ ва дигар кӯчаю маҳаллаҳо ба мизоҷон автобусҳои №№12, 29, 10, 4, 43, 11 хизмат мерасонанд. Дар хатсайрҳои навтаъсиси наздишаҳрӣ бошад, 264 адад микроавтобусҳои мусофирбари тамғаи “Старекс”, ки аз хатсайрҳои марказӣ бароварда  шудаанд,  фаъолият  менамоянд.  Хатсайри  ҳаракати  микроавтобусҳои №26, ки аз истироҳатгоҳи  “Шарора”  то  дарвозаи  ғарбӣ  идома  меёфт,  айни  ҳол  то  Боғи  миллӣ - маҳаллаи Чоряккорон дароз карда шудааст ва имконияти то гардиши табобатгоҳи “Шоҳамбарӣ” тамдид намудани он мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар натиҷаи сафарбар намудани автобусҳо ва троллейбусҳои нав ба шабакаи хатсайрҳои пойтахт ва дар ин замина барҳам додани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари куҳнаву фарсудаи тамғаҳои “Старекс”, “Хафей”, “Чанху” ва “Газел” дар хатсайрҳои марказӣ ҳоло дар кӯчаю хиёбонҳо ҳолати тамбашавӣ дар соатҳои шиддатнокии ҳаракат нисбатан кам ба назар мерасад.
Фирӯз Расулов, сардори раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки чунин тағйирот дар раванди гузариш ба марҳилаи нави рушд бо мақсади таъмини хизматрасонии босифати нақлиётӣ ба сокинони пойтахт амалӣ гардидаанд.
- Алҳол омилҳои асосии ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар хатсайрҳо ин дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом нарасидани таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард дар кӯчаю хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Маяковский аз тарафи ҶДММ “Роҳи тоҷик”, ба анҷом нарасидани сохтмони иншооти эстакада дар маҳаллаи Қарияи Боло ва роҳи автомобилгарди кӯчаи Н. Махсум дар маҳаллаи 102 – юми пойтахт, идома ёфтани азнавсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи А. Ҷомӣ ва хиёбони Ҳ. Шерозӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, раёсат ва дигар сохтору идораҳои дахлдор кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ин раванд рафтуомади бемамониатро таъмин намоянд, - гуфт Ф. Расулов.    
Барҳам додани хатсайри троллейбуси №12 низ ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон буда, дар ин масир ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуд. Ғайр аз ин, бо ташаббуси ҶСК “Корпоратсияи мусофирбар” хатсайри нави наздишаҳрии №276А (терминали “Обшорон – деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ) ба фаъолият оғоз кард.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2019    №: 243    Мутолиа карданд: 204
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед