logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗОБОД. НУФУЗИ ВАРЗИШ БОЛО МЕРАВАД

Дар қатори дигар мавзеъҳои Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Файзобод низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ашхоси саховатпеша як силсила иншооти варзишӣ бунёд гаштанд. Алҳол дар Файзобод 32 толор ва беш аз 60 майдончаи варзиш мавҷуд буда, як муассисаи давлатии мактаби варзиш фаъолият менамояд. Маҳз ҳамин дастгириву ғамхориҳо мебошанд, ки тайи солҳои ахир варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун ба муваффақияту комёбиҳо ноил мегарданд.
Боиси зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон варзишгарони Файзобод дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 32 медали тилло, 26 нуқра ва 33 биринҷӣ ба даст оварданд.    
Тавре директори муассисаи давлатии мактаби варзиши ноҳия Фирӯз Хайруллозода иброз дошт, миёни ҷоизадорон дастпарварони муассиса низ ҳастанд. Аз ҷумла,  гӯштигири бомаҳорат ва умедбахш   Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо  миёни ҷавонон, ки  моҳи октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар баробари ин, шогирдони дигари мактаб Баракатулло Икромзода, Ҳасан Мирзоев ва Муҳаммад Холиқов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ, самбо ва дзюдо медалҳои тилло ба даст оварданд.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар мактаб 530 нафар, аз ҷумла 40 духтар, дар намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунад, ки барояшон тамоми шароитҳои муосир муҳайё гаштааст. Ва ӯ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ба дастовардҳои назаррас мушарраф мегарданд ва, ба ин васила, барои боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегузоранд.
     
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2019    №: 243    Мутолиа карданд: 336
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед