logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ БАРОИ ВАҲДАТ ВА ПЕШРАФТ АСТ

Фарҳанги меҳварии исломӣ ин, қабл аз ҳама, ваҳдату ҳамгироии аҳли башар, бахусус кишварҳои исломӣ ба шумор меравад, ки намунаи олии онро имрӯз дар ҳамкориҳои байни кишварҳои исломӣ мебинем. Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои фарҳангии кишварҳои исломӣ дар ҷаҳон рисолати бузургеро ба анҷом расонда, халқи фарҳангдӯсту маорифпарвари тоҷик дар рушду пешрафти фарҳанги исломӣ нақши калон дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва дар маҷмӯъ, ба ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории зич дошта, пайваста мекӯшад, то ин ки муносибатҳоро дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким ва густариш бахшад.
Қобил ба ёдоварист, ки маҳз ҳамкории густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин созмони бонуфуз боис гардид, ки пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе “Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2010” эълон гардида, ба шарафи он меҳмонони арҷманд аз кишвари зебои Тоҷикистон дидан намуданд ва дар ин раванд чандин китоб низ ба табъ расид. Албатта, барои ҳар як намояндаи миллати бофарҳанг ва давлати соҳибистиқлоли мо ба чунин дастовард ноил гардидан шарафи бузург мебошад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва демократӣ буда, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар он пурра ба роҳ монда шудааст ва ба арзишҳои исломӣ ҳамеша баҳои баланд дода, ба рушду тавсеаи онҳо пайваста талош меварзад. Мутобиқ ба Конститутсияи кишвар дар Тоҷикистон озодии виҷдон волоият дошта, ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян созад, алоҳида ва ё дар якҷоягӣ бо дигарон динеро пайрав бошад ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ ширкат варзад.
Илова бар ин, мардуми тоҷик баъд аз зуҳури дини мубини ислом ба ин дини ҷаҳонӣ муътақид гардида, зиёда аз 97 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонанд. Арзишҳои миллии мардуми тоҷик бо арзишҳои исломӣ созгор буда, пайваста дар як масир қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3500 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, ки бештар аз 120 адади онҳо ба ёдгориҳои таърих ва фарҳанги исломӣ мансубият доранд. Яъне, ин миқдор ёдгориҳои исломиро мақбараву мадраса ва масоҷид ташкил медиҳанд, ки онҳо бо таърихи хеле куҳандоштаи худ таваҷҷуҳи пажӯҳишгарону сайёҳони хориҷи кишварро низ ба худ ҷалб намудаанд. Масалан, мақбараи Хоҷа Машҳад 1200 сол, мақбараи Муҳаммад Башоро 900 сол, мақбараи Хоҷа Нақшрон 800 сол, масҷиди Шоҳи Хомӯш  800 сол, масҷиди Дур – Дур 300 сол, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 700 сол ва бозёфти китоби “Қуръон” аз Қалъаи Ҳулбук мансуб ба қарни 9 – уми мелодӣ ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.
Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то ин ёдгориҳои таърихии исломиро ба таври мукаммал тармим ва навсозӣ намояд.
Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки ислом душмани терроризм аст ва дар худ ғояҳои ваҳдату башардӯстиро матраҳ сохтааст. Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ дини исломро дини мусолиҳатомез, таҳаммулгаро ва муттаҳидкунандаи башарият дониста, онро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб орӣ эълон доштанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ таъкид намуданд: «Зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ҳеҷ умумият ба дини мубини ислом надорад. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини ислом ғаразҳои ҷангҷӯёнаи худро амалӣ карда, номи мубораки дини исломро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад».
Хизматҳои шоёни абармардони миллати тоҷик дар ин росто аллакай ба ҷаҳониён собит гашта, ҳамасола ёдбуди яке аз онҳо бо ифтихору ботантана ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегарданд. Аз ҷумла, таҷлили Ҷашни бузургдошти 1000 – солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 1025 - солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, 1100 - солагии аввалин давлати бузурги тоҷикон – Давлати Сомониён, ки дар даврони давлатдории он дини ислом хеле ривоҷ ёфта буд, 800 - солагии Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ, 1150 – солагии Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 - солагии Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, 950 – солагии мутакаллими исломӣ Муҳаммади Ғазолӣ, 700 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600 – солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда буданд, аз қабили ин иқдому арҷгузориҳост.
Даҳ сол қабл, соли 2009, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа доир гардида, дар кори он зиёда аз 500 нафар мутафаккирон ва фуқаҳои исломӣ аз кишварҳои гуногун ҷамъ омада, дар бораи шахсияти ӯ маърӯзаҳои пурмазмун ироа намуданд.
Ҳамзамон, бо ибтикори Президенти муҳтарами Тоҷикистон теъдоди зиёди китоби “Қуръон” дар тарҷумаи тоҷикӣ ба таври ройгон дастраси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Ҳамин тавр, ҳама гуна фарҳанги асил барои пешрафту ободиҳо бояд хидмат бикунад.

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 657
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед