logo

фарҳанг

МУСИҚӢ. НОҶӮРИҲО ТО БА КАЙ ИДОМА МЕЁБАНД?

Ноҷӯр навохтан, ноҷӯр хондан ва ноҷӯр шунидан дар мо ба ҳукми анъана даромадааст. Албатта, ҷойи таассуф мебошад ва ҳаргиз ин тақозои давру замон нест. Ин масъалаи ҳалталаб на танҳо имрӯз ба миён омада, балки даҳсолаҳои қаблӣ низ вуҷуд дошт. Мавриди ташвишу нигаронӣ намебуд, агар барои рафъи ин камбудиҳои ҷиддӣ ва аёну рӯшан масъулони соҳаи фарҳанг, хосса аҳли мусиқиву донандагони он, ҳиммат мегумориданду гоме бармедоштанд. Дар як ҷой орому бепарво нишастан ва ё қадам задан касро ҳаргиз ба манзили мақсуд намерасонад. Намедонам, ба умеди кӣ ва кадом замонеро интизор мешавем. Ҳеҷ кас ҷуз худи мо ин камбудиҳоро рафъ намуда наметавонад. Намедонам, аҳли мусиқӣ чӣ гуна ба дидану шунидани ин ноҷӯриҳо тоб меоранду забон дар даҳон мегиранду хомӯширо авлотар мешуморанд.
Охир, сухан дар бораи як ё ду нафар, як ё ду гурӯҳ намеравад. Наваду ҳафт дар садро ин ноҷӯрӣ фаро гирифта, аммо ин ҳақиқат барояшон маълум нест ва мепиндоранд дар роҳи ростанду бояд чунин бошад. Агар як нафаре ба об роҳ биёбад, дар он изтироб мекунад, садо баланд менамояд, то дигар лабташнагонро ба сӯи об бикашад. Вазифаву рисолати мо, аҳли мусиқӣ, бояд ҳатман чунин бошад ва онро бишносему эҳсоси масъулият бикунем.
Даҳсолаҳо паси ҳам гузаштанд, аммо ҳол ҳамон аст, ки буд.
Чун мутахассис барои озмуни «Бӯстон»- ҳо нафаронеро меҷустам, ки шунавоии мусиқӣ дошта бошанд. Аз миёни ду ҳазор хонанда бо як азобе панҷ нафарро пайдо мекардам. Буданд нафароне ҳам, ки овози хуб доштанд, аммо шунавоии мусиқӣ надоштанд ва баръакс.
 Дигар масъулони соҳа ин ҳақиқатро медонистанд, аммо хомӯш мемонданд ва ҳеҷ дилсӯзие зоҳир наменамуданд.
Ҷойи афсӯси бештар он аст, ки масъулони соҳа дар ин хусус ҳатто суханеро шунидан намехоҳанд ва навиштаеро низ таҳаммул кардан.
На ҳама бояд суруд бихонад, хосса якҷоя. Ноҷӯрӣ дар ин маврид барои мутахассис зуд ошкор мегардад. Бар шунавандагон ҳам таъсири мусбат намегузорад. Бо ҳамон ноҷӯрӣ одат мекунанд ва баъдҳо раҳоӣ ёфтан аз он бамаротиб мушкил мегардад.
Танҳо дар Аврупо ва баъзе аз шаҳрҳои Ҳиндустон сурудҳои миллияшонро бо теъдоди зиёди шаҳрвандон дар якҷоягӣ мехонанд. Махсусан, дар варзишгоҳҳои бузург чандин ҳазор дар сатҳи баланд онро якҷоя иҷро мекунанд. Ягон нафар ҷӯрро вайрон намесозад ва дар хондани матн низ ғалат намекунад. Ноҷӯр хондан барои онҳо таън асту боиси беобрӯ намудани миллатҳову кишварҳояшон. Ба хубӣ эҳсос мешавад, ки ҳамаи онҳо шунавоии баланди мусиқӣ доранд.
Мо мегӯем, ки тамаддуни қадимаву пешрафта дорем. Дар ин ҳол фаромӯш мекунем, ки мусиқӣ низ ба ин тамаддун дохил мешавад. Бешак, дар дигар соҳаҳо дастовардҳоямон зиёданд. Махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ин ҳақиқатро бори дигар собит сохт. Шаҳрвандони кишвари мо ба адабиёт, сухани манзум ва мансури бадеӣ дилбастагии зиёд доранд. Наслҳои пешин низ ба ин минвол буданд. Ман дар ҳайрат афтодам ва дигарон низ, вақте дидему шунидем, кӯдакон ҳам 300 - 400 асари бадеиро мутолиа намудаанду дар бораи муҳтавояшон озодона, дилпурона суҳбат менамоянд. Ба ғайр аз ин, 300 - 400 шеър аз ёд медонанд. Инчунин, ба ҳамаи пурсишҳои ҳакамон посухҳои мусбат  медиҳанд. Дигар  миллатҳо ин гуна истеъдодҳои зиёдро молик нестанд. Ман ҳамчун шаҳрванди кишвар, ба ростӣ, бо ин дастовардҳои бузург ифтихор намудам.
Озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ…» дар сатҳи баланди касбӣ доир гардид. Таманнову орзуи ман ва мурод аз  навиштаҳоям он аст, ки дар соҳаи мусиқӣ низ озмунҳо дар ин поя гузаронда шаванд.
Ҳамин тавр, ба адабиёт, хонишҳои ифоданок эътибори  махсус дода мешавад, аммо барои боло рафтани сатҳи мусиқӣ ва мусиқифаҳмӣ фориғболӣ мекунем. Пас чӣ бояд кард? Роҳҳои ҳалли дурусти масъала вуҷуд дорад? Оре. Таълиму тарбияи мусиқӣ асосан бояд аз боғчаи бачагона шурӯъ бишавад. Сурудҳоро дар якҷоягӣ бо созҳои мусиқӣ иҷро бикунанд. Дар ин ҳол, аз ҳамин вақт дар ниҳоди кӯдакон фаҳмишу дарки мусиқӣ ба вуҷуд меояд. Агар аз ин давр созҳо ҷӯр навохта шаванд, сурудҳоро дар таҳти мусиқиҳо дурусту ҷӯр хонда метавонанд. Ин кӯдакон чун бузург бишаванд, ҷӯр ё худ дуруст месароянд. Мушкилоти мавҷуда аз миён меравад. Мутаассифона, то ба ҳол барномаи махсусеро барои инкишофи мусиқифаҳмии кӯдакон надорем. Чандин олимон, докторон, мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд, вале хомӯширо аз рафъи камбудиҳои ҷиддии мавҷуда авлотар медонанд. Гӯиё метарсанд, ки обрӯву мавқеъҳояшонро аз даст медиҳанд. Аҷаб пиндору гуфтору кирдоре ғалат.
Рӯ ба як ташаббуси нодурусту ғалат оварда шудааст, ки ҳамаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пеш аз оғози дарс Суруди миллиро дар якҷоягӣ бихонанд. Ин ҳеҷ мумкин нест, хосса бе созҳои зарурии мусиқӣ ва   надоштани фаҳмишу шунавоии мусиқӣ. Муносибати мавҷуда ба Суруди миллӣ ҳаргиз хуб нест. Таъсири бади он ба наслҳои оянда ҳатман мерасад. Яъне, онҳо дар рӯҳияи ноҷӯр хондану ноҷӯр шунидан ба воя мерасанд, ки ислоҳашон дар ин маврид ба осонӣ даст намедиҳад. Ташаббуси мазкурро дар ҳоли нодурустияш  пайравӣ месозанду аз оқибати ногувораш ҳеҷ  намеандешанд.  Эҳтиром ба он набояд чунин сурат бигирад. Агар иҷрои амали мазкур бисёр зарур бошад, ҳеҷ кас зид намебарояд, аммо бояд фонограммаи оркестри симфонӣ, созҳои миллӣ ё электрониро барои мактаббачагон танҳо дар лаҳни ля - минор, ки барои садопардаи наврасону ҷавонон хеле ҳам мувофиқ аст, истифода бибаранд ва дар ҳавову пайравии он суруд бихонанд, балки бо он ҳамовоз шаванд. Дар ин ҳол сӣ - чил дарсад дар як лаҳн шояд дуруст ҳамовозӣ карда битавонанд. Ҳарчанд хоҳ- нохоҳ таъсири манфии худро мегузорад. Ба ҳар ҳол зарари он нисбат ба шакли аввалаи хониш камтар мешавад.
Бояд донист, ки ҳар як суруд лаҳни худро дорад. Масалан, чаҳордаҳто мажор ҳаст ва ҳамин қадари дигар минор. Яъне, бисту ҳашт лаҳни мусиқӣ ҳаст. Лаҳни сурудҳои миллӣ дар ҳар ҷо ҳар гуна мебошад, якхела нестанд. Масалан, хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар ҳамаи чорабиниҳо аз до - минор оғоз мекунад. Боз ҳаст аз сол - минор.
Ҳамин тавр, агар муаллими соҳаи мусиқӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд дошта бошад, имконияти хонандагонро дар иҷроиши сурудҳо ба инобат мегирад. Дар интихоби лаҳн ӯ хато намекунад. Агар ҳам ин имкониятро ба вуҷуд оварда натавонанд, бигузор сурудро ба тариқи декломатсия ё худ ифоданок бихонанд. Чунин хониш зарар намеорад. Одамон онро гӯш мекунанд, матн фаҳмида мешавад.
Чун суруд бо мусиқӣ хонда шавад, ҳазор хонанда бо бисту ҳашт лаҳни мавҷудаву муқарраргардида ё худ берабт мехонанд, ки ин ҳеҷ мумкин нест. Чунин берабтӣ, яъне дар бисту ҳашт лаҳн хондан ба як дам, хосса Суруди миллиро дар ягон гӯшаи дунё мушоҳида нашудааст ва ҳам нахоҳад шуд.
Иҷрои дигари ҳалли масъала вуҷуд дорад. Чӣ гуна? Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои мусиқӣ вуҷуд доранд. Мутахассисон дар ин ҳол бояд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бираванд ва онҳоеро, ки фаҳмишу дарки мусиқиву овози хуб доранд, интихоб бикунанд. Чанд рӯз бо онҳо иҷрои сурудро тамрин намоянд. Баъди омода шудан ин гурӯҳ сурудро иҷро ва дигарон гӯш мекунанд.
Шабакаҳои радиоиву телевизионӣ ҳам бояд дар боло рафтани сатҳи мусиқифаҳмӣ, дарку фаҳмиши мусиқии шаҳрвандон саҳми дуруст бигиранд. Аммо агар бигӯем, ки наваду нуҳ дарсади мутахассисони соҳа дар ин ниҳод аҳли мусиқӣ нестанду онро намефаҳманд, хато намекунем. Ягона мутахассисе, ки дар ин соҳа вуҷуд дорад, Исматулло Саидов мебошад, ки дар шабакаи радиоӣ фаъолият менамояд. Он кас дар лаҳни ля-минор метавонад фонограммаҳои (минусовка) мусиқиро омода созад ва бо дархости масъулон тариқи почтаҳои электронӣ бифиристад. Хулоса, ин масъалаи ташвишовар ногузир ҳарчи зудтар бояд ҳалли худро биёбад. Вақт моро интизор намешавад ва ҳам бемасъулиятиамонро дар ҳеҷ ҳолу узре намебахшаду намепазирад.

Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 522

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед