logo

иҷтимоиёт

ФАРҲАНГИ КОРБУРДИ ИНТЕРНЕТ

Бархӯрди нодурусти насли наврас бо шабакаи ҷаҳонии интернет, бавижа шабакаҳои иҷтимоии он, яке аз мушкилоти доғ ва чолишбарангези рӯз ба шумор рафта, аз ҷониби муҳаққиқону коршиносон баррасиву омӯзиши вижаро тақозо мекунад.

ИНТЕРНЕТ ВА НАСЛИ НАВРАС
Дар интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоии он, машғулиятҳои шавқовару саргармкунанда, монанди муносибат бо дӯстон ва пайдо кардани “дӯстон”-и нави интернетӣ, навору аксҳои хушҳолкунандаву хандаовар, хабару гузоришҳои нав ба нав аз тамоми гӯшаву канори дунё, бозиҳои гуногунжанр, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ғайраро метавон дастрас кард. Аммо ҳамаи ин дастовардҳо, ки насли наврасро бидуни ихтиёраш ба худ ҷалб месозад, ҷанбаҳои манфӣ низ дорад. Яъне, кӯдакон ва ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ “дӯстон”-и бад пайдо намоянд, акси ифротиву ирҳобӣ (экстремистиву террористӣ)-ро тамошо кунанд, хабарҳои бардурӯғро дарёфт намоянд, ки ин метавонад онҳоро аз масири дурусти инсонгароӣ хориҷ гардонад. Ҳатто кӯдакону ҷавонон метавонанд қурбонии одамҷаллобону амрадбозон ва террористону ифротгароён бошанд; дучори ҳамлаҳои кибербуллерҳо (таҳқир ва озордиҳандагони интернетӣ) ва ғайраҳо, гарданд; садамаи рӯҳӣ бинанд; худкушӣ кунанд; даст ба дуздиву қатлу куштор зананд; нашъаманду нашъаҷаллоб шаванд...
Будани наврас дар интернет амри воқеиест, ки ҳар як падару модар хоҳу нохоҳ ба он мувоҷеҳ мегардад. Аммо, дар аксар мавридҳо волидон ба ин зуҳурот  ё бо асабоният бархӯрд мекунанд, ё бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, ё, умуман, худи онҳо чизе дар ин мавзӯъ намедонанд. Ҳар яке аз ҳолатҳои мазкур агар дар фарзанд таҷриба шавад, фалокат ба бор меорад. Аз назари инҷониб, беҳтарин роҳ ин омӯзондани фарҳанги корбурди интернет ба кӯдакону ҷавонон мебошад, ки аз роҳгумӣ дар дунёи маҷозии интернет наҷот хоҳад дод.
Бештари мутахассисони соҳа ва равоншиносон бар он назаранд, ки агар кӯдакони то синни мактабӣ дархости боз кардани сафҳа дар шабакаҳои иҷтимоии интернет шаванд, волидонашон бояд нарм, аммо бо қатъият ин хоҳиши онҳоро рад намуда, оромона ба онҳо бо мисолҳои воқеӣ фаҳмонанд, ки на танҳо ҳанӯз синнашон барои фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ нарасидааст, балки будани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарурат надорад. Волидон бояд васвасаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ буданро аз зеҳни фарзандони хурдсолашон дур намоянд. Яъне, фарзандонашонро ба дигар машғулиятҳои зеҳнӣ ва ҷисмонӣ – китобхонӣ, тамошои филмҳои бадеиву тасвирии кӯдакона, варзиш, саёҳат ва ғайра саргарм намуда, фазои холии зеҳнии онҳоро пур намоянд.     
Хонандагони синни мактабӣ бошанд (бештар синни болоии мактаб), аксарияташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият дошта, байни ҳам иртибот менамоянд, ки манъ намудани онҳо аз ин амал мантиқӣ нест. Аз ин рӯ, набояд дағалона онҳоро аз корбурди интернет, махсусан боз кардани сафҳа дар шабакаҳои иҷтимоии он, манъ кард, балки фарҳанги корбурди онро фаҳмонд ва шароити мусоид барояшон фароҳам овард. Яъне, бояд бехатарии саҳифаи иҷтимоии фарзандро танзим намуда, назорати онро ба роҳ монд, то ҳадафи кибербуллинг (таҳқиру озори интернетӣ) ва фейк (саҳифаҳои дурӯғин)-ҳо нагарданд... 
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи кунунии мо на танҳо волидон дар фаҳмондани фарҳанги корбурди интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоии он ба фарзандонашон беаҳамиятӣ зоҳир намуда, масъулият ҳис намекунанд, балки худи онҳо фарҳанги корбурди интернетро намедонанд ё дидаю дониста риоя намекунанд. Баъзан, рафтору кирдори насли калонсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ касро ба ҳайрат меорад. Ҳатто зиёд ба назар мерасад, ки “бузургон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ саргарми ҷанҷоли хеш шуда, оламу одамро фаромӯш менамоянд ва тамоми муқаддасот, одобу ахлоқ, инсонгариву шарму ҳаёро зери по карда, чи бадиҳову дашномҳоеро дар ҳаққи ҳамдигарӣ наменависанд ва чи иттиҳомҳову таҳқиротро ба як дигар раво намебинанд. Албатта, ҳамаи ин ба рӯҳияи насли ҷавон, махсусан фарзандону пайвандони ҷавони онҳо бетаъсир намемонад...

НАҚШИ НИҲОДҲОИ ДАХЛДОР
Мактабу маориф. Вақте фарҳанги корбурди интернет ҳамчун фан ё барномаи алоҳидаи дарсӣ ва дастурамал дар низоми маориф, махсусан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дохил карда нашудааст, ҳадди ақал мавзӯи мазкур дар дарсҳои тарбиявӣ ё маҳфилу кружокҳои мактабӣ ва маҷлиси падару модарон пурзӯр карда шавад. Албатта, дар ин самт низ мушкилот ҷой дорад. Чунки ҳангоми муроҷиат ба баъзе мудирон ё муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаҳмида мешавад, ки маълумот дар бораи “олами пурасрору бекарони интернет” бо ҳамон фанни информатика иктифо мешавад. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки фанни мазкур аз мавзӯи мавриди баҳси мо фарсахҳо дур аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи муассисаҳои таълимии баъзе шаҳру навоҳӣ гурӯҳҳо фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби баъзе ҳаваскорон таъсис дода шуда, ба ҷойи дар тарбияи насли наврас нақш гузоштан, баръакс ба хулқу атвор ва рафтори хонандагон ва насли ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд.  Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (моддаи 8, бандҳои 10 ва 14) дар мавриди истифодаи интернет аз ҷониби фарзандон муқарраротеро пешбинӣ намуда бошад ҳам, аммо дастурамал ё роҳнамое дар бораи корбурди фарҳанги дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он таҳия нагаштааст.
Боиси тазаккур аст, ки бархе аз ин иқдомот аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, аз қабили ИМА ва Россия, аллакай, роҳандозӣ шудаанд.
Дар интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ адабиёти динӣ ва дигар маводҳои мазмуну муҳтавои динидошта (аксу сурат ва аудио-видеороликҳо) низ зиёд паҳн карда мешаванд, ки муштарии зиёд пайдо мекунанд. Ногуфта намонад, ки бештари муштариёнро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки аксарияти чунин адабиёт ва маводи мазмуну муҳтавои динидошта дар бештари ҳолатҳо аз ҷониби равияву фирқаҳои ифротиву ирҳобии “исломӣ” таҳия ва паҳн карда мешаванд.
Дар ин радиф, метавон даҳҳо мушкилоти дигарро, монанди кофир хондан (такфиризм), ифодаи тавҳид бо ангушти шаҳодат, таҳқиру дашноми ҳамдигарӣ, издивоҷу талоқ тавассути интернет, тамошои наворҳои фаҳшу ғайриахлоқӣ, муносибат бо намояндагони дигар дину мазҳабҳо, фаъолияти динӣ дар интернет, ҷойгоҳи зан дар интернет, суиистифода аз бовару эътиқоди диниву мазҳабии мардум ва ғайра ёд кард, ки мутаассифона, меъёрҳои шаръии онҳо мушаххас карда нашудаанд ва дастурамале дар ин росто таҳия нагаштааст...  

РОҲКОРҲО
Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки барои омӯзишу баррасии фарҳанги корбурди дурусти интернет роҳандозӣ намудани корҳои зерин зарур аст:
1. Ҷорӣ намудани фарҳанги корбурди интернет дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ҳамчун фанни таълимӣ.
2. Таҳия ва нашр кардани фарҳанги корбурди интернет ҳамчун дастурамал барои волидон.
3. Ба роҳ мондани фаъолияти расмии муассисаҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет.
4. Ташкили курсҳои омӯзиши фарҳанги корбурди интернет ба имомон, имомхатибону сархатибони масоҷиди панҷвақта, ҷомеъ ва ҷомеи марказӣ; мудирони шуъба ва бахшҳои дини вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сармутахассисони ҷамоатҳо.
5. Ба роҳ мондани фаъолияти расмии ҷамоат, кумитаи маҳал ва масҷидҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернет.
6. Таҳия ва нашри дастурамали фарҳанги корбурди интернет (бо фарогири муқаррароти ахлоқӣ, шаръӣ ва қонунӣ) аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъудҷон ХАЛИКОВ, коршиноси масоили динӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 237
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед