logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Раҳматулло Сироҷиддинов  аз зумраи мардонест, ки воқеан ҳам, шаҳди ваҳдату ягонагиро чашидааст. Номбурда ҳарчанд дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дида ба олам кушод, аммо соли 1961 ҳамроҳи падару модар ба ноҳияи Зафаробод, ба Мирзочӯл кӯчида омаданд. Қариб панҷ сол волидонаш барои ободии Мирзочӯл заҳмат кашиданд.

Аз соли 1971 ин сӯ дар ноҳияи Деваштич ба сар мебарад. Бо пешниҳоди маъмурияти собиқ совхози «40 - солагии Тоҷикистон» дар ноҳияи Зафаробод ба Донишгоҳи аграррии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, маълумоти олӣ гирифт. Минбаъд ҳамчун муҳандис дар шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич софдилона меҳнат карда, дар байни мардум обрӯву эътибор ёфт. Дар шаҳрҳои Москва ва Ленинград таҷрибаи корӣ андӯхта, дар вазифаҳои гуногун мушкилоти хоҷагии деҳотро осон кард.
 Ду сол роҳбарии филиали омӯзишгоҳи касби техникии № 64 дар ноҳияи Деваштичро ба зимма дошт. То соли 2019 фаъолияти кориашро дар системаи шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони (собиқ Чкаловск) вилояти Суғд идома дод.
Мавсуф дар робита ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба покизагии об ва расидан ба қадри он кори худро ба роҳ монда, дар ҳалли мушкилоти обтаъминкунӣ фаъол мебошад.
Номбурда дар муддати фаъолияти кориаш ҳамаи нозукиҳои шабакаҳои обу корезро омӯхта, шогирдони зиёдеро ҳам тарбия намудааст. Аз ҷумла, Абдураззоқ Каримов, ҳоло мутахассиси шуъбаи савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, Ёқубҷон Мамадалиев, сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Гулистон, Аҳмадҷон Раззоқов, сардори шуъбаи таъмиру барқароркунии коргоҳи Бӯстон, Юсуф Аҳмадов, устои қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бӯстон ва боз даҳҳо дигар челонгарони роҳҳои обгузар аз мактаби касбии Раҳматулло гузаштаанд.
Мардуми шаҳри Бӯстон аз кори ӯ ва ҳамкасбонаш розиянд. Муътадил нигоҳ доштани фишори об, пайваста расондани он, таъмиру тадвини қисмҳои осебдида ва дигар корҳои хурду бузург дар ин росто мушкилиҳои хоси худашро дорад. Ӯ ба ҳамаи шикасту рехтҳо муваззаф ва масъул будани худро ҳис карда,  содиқона меҳнат мекунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Раҳматулло Сироҷиддиновро соли 2017 ҳамчун «Шаҳрванди фахрӣ» баргузиданд, ки боиси ифтихор аст. Ӯ, ки имрӯз даври пирӣ меронад, мегӯяд: «Сарнавишт одамро ба ҳар кӯ мебарад. Аз Вахши Хатлонзамин омада, маскуни ин ҷо шуда, дар ҳамин ҷо ному нон ёфтанам, соҳиби оила шуданам, ҳама ҳикмате доранд. Ҳикматаш он аст, ки ҳама гӯшаи Тоҷикистон, ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин Ватан аст. Барои ободониву сарсабзии он, агар аз сидқи дил кӯшиш кунед, ҳама ҷо азиз мешавед».
Ҳикматулло ШАРИФОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 204
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед